Пас аз насби 5 дастгоҳи ташхиси сатҳи олудагии ҳавои Душанбе, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон вазъи воқеии масъаларо ошкор намуд. Санҷишҳои ин ниҳод нишон додааст, ки бояд корхонаи семент аз марзи пойтахт кӯчонда шавад.
Дастгоҳҳои нав, тавре ки Баҳодур Шерализода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист, чанд рӯз қабл дар нишасти хабарӣ гуфт, ҳарчанд аз давраи санҷиш мегузаранд, ҷойгир шудани онҳо дар панҷ гӯшаи шаҳр манзараи рӯшани олудагии ҳавои пойтахтро фароҳам меорад. То насби онҳо ташхисгоҳҳои мавҷуда чунин манзарро дода наметавонистанд. Дастгоҳҳо бо маблағҳои хориҷии грантӣ устувор шудаанд ва оянда шумори онҳо ба 16 адад расида, саросари кишварро фаро хоҳанд гирифт.
Чӣ чиз дида мешавад?
Пештари манбаи асосии партобҳо ба муҳити зист корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла он корхонаҳое, ки бо технологияи кӯҳнаи Чин кор мекарданд, гуфта мешуд. Рӯзи 13-уми июл раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон ҳаракати воситаҳои нақлиётро дар Душанбе аз манбаъҳои асосии партобҳо унвон кард.
Ба иттилои ин ниҳод, 60 дарсади партобҳоро ба ҳавои шаҳри Душанбе “партобҳои сӯхти нақлиёт ташкил медиҳанд”.
Ҳамарӯза дар Душанбе аз ҳисоби ҳаракати нақлиёт аз 80 то 100 тонна партоб ба ҳаво хориҷ мешавад. Тибқи иттилои Раёсати ҳифзи муҳии зисти пойтахт, саҳми корхонаҳои саноатӣ ва дигар воситаҳо дар олудасозии ҳавои Душанбе нисбатан кам шуда, ҳудуди 50- 60 тонна дар шабонарӯз будааст.
Мақомот дар ҳоле афзоиши ҳаракати мошинҳоро аз сабабҳои ташвишовар барои олудагии ҳаво медонанд, ки баъзе аз сокинону экологҳои мустақил бештар аз чангу ғубори корхонаҳои назди маҳалли зист нигаронӣ мекунанд.
"Семзавод" мекӯчад?
Як корхонае, ки дар пойтахт барои олудасозии ҳаво пайваста мавриди интиқод қарор мегирад, корхонаи "Сементи тоҷик" мебошад. Имсол ин корхона мавриди санҷиши Кумитаи ҳифзи муҳити зист қарор гирифтааст, ки дар натиҷа баъзе камбудиҳоро ошкор намудаанд.
Саидисмон Судуров, як масъули Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар мавриди камбудҳои корхонаи "Сементи тоҷик" гуфт, "ҳудуди корхона бояд мунтазам намнок карда шавад. Барои муваққатан ҷамъ кардани партобҳо ва сари вақт ба партобгоҳҳои расмӣ бурдани онҳо дар ҳудуди корхона нуқтаи муайяни партобҷамкунӣ бояд бошад. Бояд ҳолати агротехникии дарахтони ҳудуди корхона, ки ҳамчун хатти муҳофизатӣ хидмат мекунанд, мунтазам назорат карда шавад. Ҳудуди корхона бояд ҳамеша тозаву озода бошад". Судуров таъкид намуд, ки ба масъулони корхона муҳлат додаанд, то камбудҳоро бартараф намоянд.
Ду сол қабл масъалаи кӯчонидани корхонаи "Сементи тоҷик" ба миён гузошта шуда буд. Намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зист тасдиқ карданд, ки чунин супориш аз сӯи ҳукумат шудааст, вале бо далели тавлидоташ барои иншоотҳои муҳими давлатӣ, аз ҷумла нерӯгоҳи "Роғун" наметавонанд, якбора фаъолияти онро қатъ кунанд. Ин корхона дар қисмати шимолии пойтахт ҷойгир буда, бунёди манзилҳои зист дар атрофи он марҳила ба марҳила сурат мегирад ва ҳоло макони зисти ҳазорҳо сокин мебошад.
"ТЕТС" чӣ таъсир дорад?
Дар баробари "Сементи тоҷик", кори Марказу барқу гармидиҳии Душанбе (ТЭЦ), ки аз ҷониби ширкати TBEA-и Чин сохта шудааст, борҳо мавриди интиқоди баъзе аз сокинону мутахассисони ҳифзи муҳити зист гардидааст. Аммо масъулони ҳифзи муҳити зист пайваста таъкид мекунанд, ки чангу ғубори корхонаҳо аз меъёри муқарраршуда бештар нест.
"Имрӯзҳо баъзан ҳолатҳое мешавад, ки дар қисмати шимолии шаҳри Душанбе чанг аз меъёр каме зиёд мешавад. Вале моддаҳои заҳрноке, ки дар ҳаво ҳастанд, дар доираи меъёрҳои муқаррашуда ҳастанд ва имрӯз боис ба ташвиш нест", - гуфт Саидисмон Судуров, масъули Кумитаи ҳифзи муҳити зист.
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон дар 6 моҳи аввали имсол нисбат ба 240 субъекти хоҷагидорӣ санҷиш гузаронидааст. Ин ниҳод санҷишҳояшро "нақшавӣ" унвон карда, дар бораи камбудҳои ошкоркардааш маълумоти бештар намедиҳад.