Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот гуфтанд, ба осебдидаҳои заминларза кумак карданд. Зарардидагон чӣ мегӯянд?


Яке аз хонаҳои зарардида дар Тоҷикобод
Яке аз хонаҳои зарардида дар Тоҷикобод

Намояндагони идораи ҳолатҳои фавқулода дар ноҳияи Тоҷикобод гуфтанд, ки ба мардуми осебдида аз заминларза маводи зарурӣ дастрас карданд, аммо сокинон онро нокофӣ мехонанд. Баъзе аз зарардидаҳо шикоят доранд, ки феълан зери хаймаҳо ҳастанд ва ҳанӯз намедонанд, манзилҳои вайроншудаашонро чӣ гуна аз нав месозанд.

Бар асари заминларзаи 10-уми июл дар минтақаи Рашт даҳҳо хона вайрон шуда, 5 кас, аз ҷумла чаҳор нафар ҷон бохтанд ва 16 кас маҷруҳ шуданд. Мақомот мегӯянд, ҷасади чаҳор наврасро аз ҷойгаҳи хобашон ёфтаанд.

Қобил Исмоилов, масъули идораи ҳолатҳои фавқулода дар ноҳияи Тоҷикобод, рӯзи 12-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, аз тарафи Оҷонси захираҳои моддии давлатӣ ба ҳар хонаводаи зарарадида орду равған, шакар, биринҷ ва макарон расонданд. Ба иттилои ӯ, "аз тарафи созмони Оқохон низ 60 хайма дастрас ва ба мардум дода шудааст."

"Ҳоло кумисюни вижа зарарро ҳисоб дорад ва дар фурсати наздиктарин ин рақам ба ҳукумат пешниҳод карда мешавад. Масъалаи дувум ва хеле муҳим барқарор кардани манзилҳои зисти осебдидаҳо аст, ки пас аз пешниҳод ба ҳукумат тасмим гирифта мешавад", -- мегӯяд Қобил Исмоилов.

Аммо тавре сокинони ноҳия мегӯянд, ҳанӯз ба баъзе аз деҳаҳои зарардида кумак нарасидааст ва мардум бидуни хайма ба сар мебаранд.

Як сокини деҳаи Сумандараи Тоҷикобод гуфт, ду рӯз аз фоҷеа мегузарад, аммо ҳамин ҳозир огоҳ шуданд, ки намояндаҳои кумисюн ба суроғашон меоянд. Ин ҳамсуҳбати мо, ки зарур надонист номаш бурда шавад, гуфт, мардум тайи чанд рӯз бо ёрии сокинони деҳаҳои ҳамсоя шабашонро рӯз мекунанд.

Тибқи ҳисобҳои ибтидоии мақомот, заминларза танҳо дар ҷамоати Лангари ноҳияи Тоҷикобод ба 29 хона зарар расондааст. Аз ин 7 хона пурра ва боқӣ манзилҳо қисман хароб шудааст.

Заминларза, инчунин, 14 хонаро дар ноҳияи Рашт пурра хароб карда, ба манзили 131 нафар қисман осеб расондааст. Ба ҷуз аз ноҳияҳои Тоҷикобод ва Рашт манзили як сокини ноҳияи Сангвор ҳам дар заминларза хароб шуда, хонаи як бошандаи дигари ноҳия қисман зарар дидааст.

XS
SM
MD
LG