Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талаби нави Русия аз муҳоҷирон. Тоҷикистон мегӯяд, барои иҷрояш пурра омода нест. ВИДЕО


Дар ҳоле ки мақомоти Русия талаб кардаанд, муҳоҷирон аз 10-уми июл ҳангоми сафар ба ин кишвар санҷиши коронавирусро тавассути барномаи мобилии "Сафар бидуни COVID-19" супоранд, ҷониби Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло ба иҷрои он пурра омода нест.

Ин барнома, ки талаби истифодаи онро “Роспотребнадзор" нашр кардааст, дар Play Market маҳфуз аст. Сокинон пас аз насбаш дар телефонҳои ҳамроҳ метавонанд, аз он истифода баранд. Масъулони соҳаи беҳдоштӣ яке аз ҳадафҳои роҳандозии барномаро пешгирӣ аз тақаллуб дар гирифтани варақаи ташхис ва роҳ ёфтани шахсони бемор ба кишвари дигар номидаанд.

Танҳо як озмоишгоҳ омода аст?

Боздиди хабарнигорони Радиои Озодӣ аз чанд ташхисгоҳ дар Душанбе нишон дод, ки онҳо омодаи анҷоми чунин санҷиш нестанд. Танҳо дар ташхисгоҳи "Гемотест" омодагии худро изҳор доштанд.

Махфиратнисо Фаязова, мудири озмоишгоҳ, рӯзи 9-уми июл дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аллакай баъзе аз муштариёнро тавассути барномаи “Сафар бидуни COVID-19" аз ташхис гузаронидаанд.

"Бартарияш он аст, ки тақаллуб карда намешавад ва кори сокинонро низ осон мегардонад. Агар сертификатро гум кунанд, маълумот дар система мемонад. Рамзи QR-код вуҷуд дорад ва аз ин рӯ мушкил пеш намеояд", -- шарҳ дод ӯ.

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:

Тоҷикистон мегӯяд, ба иҷрои тақозои нави вуруд ба Русия омода нест
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:47 0:00

Сокинон мегӯянд, маълумоти кофӣ надоранд

Баъзе аз сокинон, ки нияти сафар ба Русияро доранд, аз вуҷуди чунин барнома аз расонаҳо огоҳӣ ёфтаанд, вале мегӯянд, дар ин маълумоти кофӣ надоранд. Фаррух Ниёзов, сокини шаҳри Бохтар, ба муҳоҷирати корӣ ба Русия рафтанист дорад. Ӯ бо шунидани ин талаби нав мехоҳад, бидонад, ки ташхисро бо чунин шева дар куҷо ва чӣ гуна супорад.

Чунин талаби нави Русия дар ҳолест, ки дар Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфтанд, ҳоло ташхисгоҳҳо пурра омодаи анҷоми санҷиши коронавирус тавассути барномаи “Сафар бидуни COVID-19" нестанд.

"Бо мо маслиҳат накарданд"

Наврӯз Ҷаъфаров
Наврӯз Ҷаъфаров

Наврӯз Ҷаъфаров, як масъули Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мегӯяд, "мутаассифона, шахсони ваколатдори Хадамоти федеролии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони Русия нисбат ба ин масъала бо мо ягон суҳбати пешакӣ надоштанд. Барои якбора пайваст кардани ҳама озмоишгоҳҳо ба системаи ягонаи электронӣ ё додани QR-код фурсат нашуд. Ба озмоишгоҳҳо дастур додем ва ҳар кадоме сомонаи худро дошта бошад, метавонад, махзани маълумотро ҷамъ оварад ва QR-код монда, пешниҳоди ҷавобро бо ин усул роҳандозӣ кунад".

Ӯ афзуд, баъд аз огоҳ шудан аз қарори мақомоти Русия масъаларо бо намояндагони сафорати Русия дар Душанбе дар миён гузоштанд ва умедворанд, рӯзҳои наздик ҳалли худро меёбад. "Дар ҳамон қарори мақомоти Русия гуфта шудааст, ки якчанд давлати дигар аз моҳи сентябр ба чунин усул мегузаранд. Мо низ шояд вақташро ба таъхир гузорем ё бо як роҳи маслиҳатомез мувофиқа кунем", -- афзуд ӯ.

Коршинос: Иқдоми "хом"

Баъзе аз коршиносон ба ин назаранд, ки талаби нави Русия дар мавриди гузаронидани ташхиси COVID-19 метавонад, мушкилиҳои дигареро барои муҳоҷирони кории тоҷик ба миён орад. Шӯҳрат Латифов, коршиноси масоили иҷтимоӣ, гуфт, бо назардошти вазъ ва имкониятҳои муҳоҷирони кории тоҷик ин талабот хеле иқдоми "хом" аст.

Ӯ мегӯяд, "масалан, дирӯз барномаро ҷорӣ кардам. Дар он ҳамагӣ нишонии се ташхисгоҳ ва он ҳам танҳо дар Душанбе пайдо шуд. Дигар ин ки на ҳама муҳоҷирон телефони ҳушманд доранд. Агар дошта бошанд ҳам, бисёре аз онҳо дуруст истифода бурда наметавонанд".

Дар баъзе аз ташхисгоҳҳо гуфтанд, дар сурати пайвастан ба ин барнома афроде, ки телефони ҳушманд надорад, ба онҳо метавонанд нусхаи ташхисро, ки дорои QR-код аст, пешниҳод намоянд ва ҳангоми сафар аз он истифода баранд.

Русия қабулкунандаи асосии муҳоҷирони меҳнатии тоҷик буда, садҳо ҳазор хонавода аз ҳисоби кор дар ин кишвар рӯзгорашонро пеш мебаранд. Бо таваҷҷӯҳ ба чунин пойбандии сахт, корҷӯёни тоҷик талош мекунанд, ҳар чи зудтар худро ба ин кишвар расонанд.

Феълан дар Тоҷикистон беш аз 13 озмоишгоҳ ба ташхиси COVID-19 машғуланд. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, дар шабонарӯз ҳудуди 5 ҳазор ташхиси COVID-19 гузаронида мешавад.

Ба иттилои Вазорати тандурустӣ, дар Тоҷикистон то 8-уми июл дар умум 13 ҳазору 719 нафар ба бемории COVID-19 мубтало шуда, беш аз навад дарсади онҳо шифо ёфтаанд. Ин ниҳод мегӯяд, бар асари беморӣ 97 нафар ҷон бохтанд. Оморе, ки иддае ба дурустияш шубҳа доранд ва талаби нави Русияро низ ба ин пайванд медиҳанд.

XS
SM
MD
LG