Ширкати “Сибир” (S7 Airlines) хабар дод, ки парвози ҳавопаймоҳои худро аз Душанбе ба Владивосток бас мекунад. Намояндагонаш сабаби ин тасмимро ба “напӯшондани хароҷот” рабт доданд.
Ду моҳи охир ҳавопаймоҳои ширкати “Сибир” дар масири Душанбе - Владивосток парвозҳои чартерӣ анҷом медоданд. Масъулини ширкат дар суҳбат бо хабаргузориҳои русӣ гуфтаанд, ки нархи таъинкардаи Оҷонси авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон харҷи парвозҳоро намепӯшонад.
“Муҳлати парвоз аз Душанбе то Владивосток 7,5 соат ва вақти парвоз аз Душанбе то Екатеринбург 2,5 соат аст. Номумкин аст, ки барои ҳарду хатсайр нархи якхела ҷорӣ шавад”, -- гуфтааст намояндаи ширкати “Сибир”.
Оҷонси авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон моҳи майи имсол ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ дастур дод, ки нархи билети парвоз аз Тоҷикистон ба Русияро аз 500 доллар зиёд нафурӯшанд. Тасмими Оҷонсӣ дар пайи норозигии мусофирон гирифта шуд, ки гуфтанд, нархи билетҳо то 15 ҳазор сомонӣ аст.
Миёни Тоҷикистону Русия аз моҳи марти соли 2020 то апрели имсол парвозҳо қатъ шудаанд. Феълан миёни Тоҷикистону Русия ҳафтае 4 парвози доимӣ ва даҳҳо парвози чартерӣ сурат мегирад, вале ҳамоно талабот ба билети сафар зиёд аст.
Ҳар сол садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷустуҷӯйи кору даромад ба Русия мераванд, аммо соли гузашта ба далели баста будани марзҳо бахши зиёдашон дар кишвар дармонданд. Онҳо аз бекорӣ ва ё маоши кам дар Тоҷикистон шикоят доранд.