Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳаммадшариф Ҳимматзода. Ҳаводори пайвастани дин ва сиёсат 


Муҳаммадшариф Ҳимматзода
Муҳаммадшариф Ҳимматзода

Вакили пешини Маҷлиси Намояндагон, яке аз бунёдгузорон ва раҳбарони маънавии нахустин ҳизби динасоси Тоҷикистон, паноҳандаи ҷанги дохилӣ, муовини раиси ҳайати мухолифон дар гуфтушуниди сулҳ, ҳамраиси зеркумисюни сиёсии Кумисюни Оштии Миллӣ, Муҳаммадшариф Ҳимматзода, агар зинда мебуд, 70-сола мешуд. Вале ӯ дар соли 2010 аз бемории мармузе дар 59-солагӣ аз ҷаҳон гузашт.

Тарки Маҷлис

"Магар ман ҳамчун намояндаи порлумон ва рӯҳонӣ дар бораи қонуне, ки озодии эътиқоди ман ва интихобкунандагонамро маҳдуд мекунад, ҳаққи ибрози назар карданро надорам?" -- бо ин суол Муҳаммадшариф Ҳимматзода дар моҳи апрели соли 2009 тарҳи қонуни “Озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ"-ро танқид кард ва аз Маҷлиси Намояндагон истеъфо дод.

Дар номаи истеъфои ӯ зикр шудааст, ки пас аз чунин мавзеъгирияш бо вуҷуди беморӣ зери фишори шадид қарор гирифт ва бо дастури раиси Маҷлиси Намояндагон аз мошини хидматӣ маҳрум гашт. Қонунеро, ки ӯ танқид карда буд, акнун на танҳо пайравонаш, балки созмону кишварҳои ғарбӣ низ танқид мекунанд.

Ҳимматзода, нахустин раиси ҳизби акнун мамнӯи наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон дар интихоботи порлумонии солҳои 2000 ва 2005 зимни феҳристи ҳизбӣ вориди Маҷлиси Намояндагон шуд.

"Шахси дилнохоҳ"

Аммо пеш аз он, дар давраи ҷанги дохилии солҳои 1992-97, ҳамроҳ бо даҳҳо ҳазор сокини Тоҷикистон тарки кишвар кард. Дар оғози соли 1993 ҳамроҳ бо роҳбарони дигари Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин дар Афғонистон Ҳаракати наҳзати исломиро таъсис дод ва дар мансаби муовини раиси он дар Покистон фаъолият кард. Чанде нагузашта бо ҳукумати Покистон мушкиле пайдо намуд ва як муддат маҷбур ба тарки ин кишвар шуд.

Ҳимматзода дар Афғонистон монд ва ҳамчун муовини раиси ҳайати музокиракунанда аз ҷониби Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиюни тоҷик дар гуфтушуниди сулҳ ширкат карда, ҳамчун ҳамраиси зеркумисюни сиёсии Кумисюни Оштии Миллии Тоҷикистон соли 1997 ба Тоҷикистон баргашт.

Дар ин муддат ӯ бо худомӯзӣ забони англисиро фаро гирифт ва бо силсилаи мақолаҳои назариявияш ҳамчун идеологи исломи сиёсии Тоҷикистон ном баровард. Дар кори Кумисюни Оштии Миллӣ таъкид бар он мекард, ки вожаи "дунявият" аз Қонуни асосии нави кишвар берун андохта шавад, чун ба фаъолияти ҳизбҳое, ки бар дин асос ёфтаанд, монеъ мегардад.

Дар аввал чӣ мехост, баъд чӣ гуфт?

Узви ҳайати музокиракунандаи сулҳ аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон, профессор Иброҳим Усмонов, мегӯяд: "Дар ҳайати оппозисиюни пешин аз рӯйи назарияи дин танҳо баъд аз Тӯраҷонзода қарор дошт ва дар бисёр масъалаҳои динӣ аз Нурӣ пеш буд. Дар солҳои 90-ум то чанд соле баъд мехост, Тоҷикистон як кишвари бо низоми исломӣ бошад, аммо баъдтар дар як суҳбатамон гуфт, ки тамоми кишварҳои исломӣ ва демократии Аврупоро гашт, аммо кишваре бо низоми иҷтимоии муваффақ мисли Тоҷикистони замони Шӯравиро надидааст."

Интихоботи порлумонии соли 2000 бар асоси ислоҳоти Қонуни асосӣ, ки онро Кумисюни Оштии Миллӣ таҳия карда буд, сурат гирифт. Номи Муҳаммадшариф Ҳимматзода дар феҳрасти ҲНИТ барои интихоботи Маҷлиси Намояндагон дар мақоми аввал қарор дошт ва ӯ аввалин намояндаи ҲНИТ дар таърихи ин ҳизб буд, ки вакил ва вориди порлумон шуд. Дар ҳамон сол Ҳизби наҳзати исломӣ барои як курсии дигари худ, яъне курсии дувуми худ дар порлумон, аз афроди берун аз ҳизб вакил интихоб кард.

Мирзонасриддин Саидов, адиби шинохтаи тоҷик, аз тарафи ҲНИТ шомили Маҷлиси намояндагон шуд ва ҳамроҳ бо Ҳимматзода дар тағйиру иловаҳои тарҳи қонунҳо ширкат доштанд.

“Мо бо Ҳимматзода дар баррасии тарҳи Қонуни асосӣ дар порлумон, ки аз тарафи КОМ пешниҳод шуда буд, ширкат доштем. Ҳимматзода олими ислом буданд, тарбияи шариат доштанд, шахси боинсоф буданд. Дар порлумон ду нафар будем ва овози мо дар вақти тағйиру иловаҳо ва пешниҳоди масъалаҳо намерасид. Мо бо коммунистҳо ва намояндагони дигар баҳс мекардем ва пешниҳодҳои мо намегузашт. Ҳимматзода хашмгин мешуд”, -- ба ёд овард ӯ.

Бемории тӯлонӣ

Аммо дидгоҳҳо ба кору ақидаҳои ӯ яксон нест. Иддае Ҳимматзодаро “сояи Нурӣ” меноманд, ки “бештар таҳти таъсири ӯ монда буд”.

Худи Ҳимматзода дувоздаҳ сол пеш дар суҳбаташ гуфта буд, “вақте солҳои навад ҳизби мо бахши ҳизби наҳзати Иттиҳоди Шӯравӣ буд ва мо конфронси минтақаиро баргузор кардем, банда ба ҳайси раиси шуъбаи ин ҳизб дар Тоҷикистон интихоб шудам. Баъд соли наваду якум, вақте кишвари мо соҳибистиқлол шуд, анҷумани нахустини Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон баргузор шуд ва дар он ҷо ҳам банда ба ҳайси раиси ҳизб интихоб гардидам. Агарчӣ раиси ҳизб будам, вале роҳбари асосии ин ҳизб устод Нурӣ буд. Ҳеч масъалаҳои муҳими ҳизби сиёсӣ бе машварату бе иштироки ӯ ҳал намешуд.”

Профессор Иброҳим Усмонов Ҳимматзодаро “инсони якрав ва принсипиалӣ” номид, ки “бо назардошти аҳамияти масъала интихоби дуруст мекард”.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби акнун дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, низ ба ин бовар аст, ки “Ҳимматзода дар вақти баррасии масъалаҳо бо ҷонибе ҳалли ниҳоии онро талаб мекард, вале устод Нурӣ бо назардошти оромӣ ва ба даст овардани субот гузаштҳо мекард.”

Бемории тӯлонии ӯ ва шабоҳати ин беморӣ бо маризии раҳбараш дар ҳизб ва Кумисюни Оштии Миллии Тоҷикистон Сайид Абдуллоҳи Нурӣ баъзе гумону шубҳаро ба миён оварда буд. Аммо дар ин бобат изҳороти расмие садо надода, далеле пешниҳод нашудааст.

Муҳиддин Кабирӣ, вакили собиқи порлумон ва ҳоло раиси ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ, мегӯяд, “пизишкҳо гуфтанд, ки табиати ин беморӣ саратон асту бо коҳиш ёфтани масунияти бадан (иммунитет) организм тавони мубориза бо саратонро гум мекунад. Ҳарду пойи Ҳимматзода беҳаракат шуда буд. Аҷиб ин буд, ки дар як вақт ҳам Ҳимматзода ва ва ҳам устод Нурӣ бо ҳамин навъи бемории саратон дучор шуданд ва яке аз паси дигар фавтиданд. Бояд ёдовар шавам, ки ташхиси бемории онҳоро пизишкони Олмон муайян карда буданд."

Муҳаммадшариф Ҳимматзода 6-уми июли соли 1951 дар деҳаи Ғундараи ноҳияи Тавилдара (Сангвори ҳозира) ба дунё омада, соли 1966 мактаби миёнаро хатм кардааст. Бино ба маълумоти Википедия, “муддате дар назди олимони сарфу наҳв, таъриху фалсафаи исломӣ машғули дарс шуда, ҳамзамон дар муассисаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳияи Кофарниҳон (Ваҳдати ҳозира) ба кор машғул будааст.”

Ӯ соли 2006 ба мақоми пешвои маънавии ҳизби наҳзат интихоб шуда буд. То ҷанги дохилии Тоҷикистон раёсати ин ҳизбро ба уҳда дошт. Дар интихоботи порлумонии соли 2000 ва 2005 аз феҳристи ҳизбӣ вориди Маҷлиси Намояндагон шуд, аммо ба сабаби беморӣ наметавонист дар ҷаласаҳо иштирок кунад. Соли 2009 аз ин вазифа истеъфо дод. Як муддат сафир дар мавриди супоришҳои махсуси Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон буд.

Муаллифи китобҳои “Дар ҷустуҷӯи ҳақиқат”, “Зиндагӣ ва осори Абуҳанифа”, “Ақидаи Имом Абуҳанифа”, “Дидгоҳ ва масоил”, “Таассуби мазҳабӣ-амали номақбул” аст.

XS
SM
MD
LG