Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон ба қатли як духтари 8-сола вокуниш кард


Ҳамсояи Руфайдо бо гумони таҷовуз ва қатли ӯ боздошт шудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:27 0:00

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон, ба қатли як духтари 8-сола дар ноҳияи Рӯдакӣ вокуниш кардааст. Пештар ҷомеаи шаҳрвандӣ бо фиристодани нома аз ӯ талаб карданд, ки ҳодисаро зери назорат гирад.

Руфайда Иноятова, сокини шаҳраки Навободи ноҳияи Рӯдакӣ, рӯзи 4-уми июл нопадид шуд ва як рӯз баъд ҷасадашро аз ҳоҷатхонаи ҳамсоя пайдо кардаанд. Бо гумони қатли ин наврас ҳамсояи онҳо боздошт шудааст.

Дафтари матбуоти Маҷлиси миллӣ рӯзи 7-уми июл бо нашри иттилоияе гуфт, куштори Руфайда Иноятова “боис ба нигаронии амиқи раиси Маҷлиси миллӣ гардида, раванди тафтиши ин ҷинояти мудҳиш зери назорати қатъӣ қарор дорад.”

Ба гуфтаи манбаъ, Рустами Эмомалӣ ба Додситонии кул дастур додааст, ки омилони ҳодисаро ба ҷавобгарӣ кашад.

Вокуниши Рустами Эмомалӣ ба қатли наврас дар пайи талаби ҷомеаи шаҳрвандӣ сурат гирифт. Як талаби дигари фаъолон аз раиси Маҷлиси миллӣ ин буд, ки ҷазо барои таҷовуз ва куштори ноболиғон дар кишвар пурзӯр карда шавад.

Дафтари матбуоти Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии порлумон дар ин бора гуфтаст, дар лоиҳаи нави Кодекси ҷиноӣ ҷазо барои таҷовузи ноболиғон сахттар карда шудааст.

Пештар низ Рустами Эмомалӣ ба қазияи таҷовуз ба номуси як ноболиғ дар шаҳри Турсунзода вокуниш карда буд. Вале баъдан наздикони ин духтари хурдсол гуфтанд, мақомот онҳоро бурда шиканҷа карданд, то гуноҳи нокардаро ба гардан гиранд.

Гузориши муфассал дар бораи қатли Руфайда Иноятова дар сомонаи Радиои Озодӣ нашр мешавад.

XS
SM
MD
LG