Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Anadolu: Орҳан Инандӣ дар таъсиси созмони террористӣ айбдор мешавад


Дар Қирғизистон баргардондани Орҳан Инандиро талаб доранд
Дар Қирғизистон баргардондани Орҳан Инандиро талаб доранд

Anadolu, хабаргузории давлатии Туркия, навишт, ки Орҳан Инандӣ бо иттиҳоми "таъсис ё роҳбарии созмони мусаллаҳи террористӣ" боздошт шудааст.

Ба иттилои хабаргузорӣ, Инандӣ аз соли 2001 ба ин сӯ дар созмони ФЕТО-и марбут ба Фатҳуллоҳ Гюлен, рӯҳонии турк, фаъолият кардааст.

"Орҳан Инандӣ - масъули созмони ФЕТО буд, вай ба аъзои созмони мазкур, ки аз Туркия ба Қирғизистон фирор мекарданд, паноҳгоҳ медод. Муайян карда шуд, ки ғайриқонунӣ ба 25 узви ФЕТО шиносномаи қирғизӣ дастрас кардааст", - хабар медиҳад Anadolu.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, президенти Туркия, гуфт, Орҳан Инандӣ аз Қирғизистон ба Туркия бурда шудааст. Дар ин бора Эрдуғон рӯзи 5-уми июл хабар дод.

Ба гуфтаи вай, амалиёти ба Туркия овардани Инандиро Созмони миллии иктишофӣ анҷом додааст. Эрдуғон аз Орҳан Инандӣ "мудири ФЕТО (созмони марбут ба Фатҳуллоҳ Гюлен, рӯҳони турки муқими Амрико) дар Осиёи Марказӣ" ном бурд.

"Мо ба ҳеч сохторе иҷоза намедиҳем, ки камин гирад, хун резад ва ё зарари моливу маънавӣ орад ва мавҷудияташро идома диҳад", - гуфт Эрдуғон. Вай илова кард, ки то кунун бештар аз 100 кас аз кишварҳои дигар ба Туркия истирдод шудааст.

Орҳан Инандӣ, президенти мактаби байналмилалии "Сапат", шаби 1-уми июн дар Қирғизистон нопадид шуд. Мошини ӯро дар роҳ пайдо карданд. Писари Инандӣ гуфт, он шаб падараш занг зада гуфтааст, дар роҳ ба сӯи хонаашон мебошад.

Ӯ зодаи Туркия ва яке аз бунёдгузорони шабакаи мактабҳои "Сапат" ва Донишгоҳи "Отатурк Ала-Тоо" мебошад. Шаҳрвандии Қирғизистонро дорад.

XS
SM
MD
LG