Владимир Путин, президенти Русия рӯзи 30-уми июн бо мардум гуфтугӯи мустақими телефонӣ кард ва аз онҳо хост, ки ба зидди коронавируси нав ваксина бигиранд.
Ин гуфтугӯ ҳар сол сурат мегирад ва имсол гӯиё ба номи Путин 2 миллион суол фиристодаанд. Зимни ин гуфтугӯ ва дигар нишастҳо раиси ҷумҳури Русия ваъдаҳо медиҳад, аммо бисёре аз онҳо иҷро намешаванд.
Видеоро инҷо тамшо кунед:
Радиои Озодӣ суҳбатҳои ӯро дар солҳои гуногун гирдоварӣ кард, ки гоҳо хилофи ҳам садо додаанд.
Ӯ ҳар сол ваъдаҳои гуногун медиҳад. Моҳи апрел вакилонро насиҳат кард, ки ваъдаҳои холӣ надиҳанд.
Ҳар сол вақти гуфтугӯи мустақим бо мардум, Путин ба суолҳои интихобшуда ҷавоб мегӯяд. Ӯ шаҳрвандони нигаронро ором мекунад, аз ояндаи хуби Русия мегӯяд ва худро марди накӯхоҳе ҷилва медиҳад. Вале Путин қавлҳое ҳам медиҳад, ки аксаран иҷро намешаванд. Соли 2005 гуфта буд, ки "ман зидди боло бурдани синни бознишастагӣ ҳастам. То замоне ки раиси ҷумҳур ҳастам, чунин қарор қабул намешавад."
Соли 2018 қонун дар бораи боло бурдани синни бознишастагиро имзо кард.
Ҳанӯз соли 2008 дар як суҳбаташ гуфта буд, ки “сахттарин дилбастагӣ, ин дилбастагӣ ба қудрат аст. Ман ҳеҷ гоҳ ин эҳсосро надоштам. Ба назари ман ғайриқобили қабул аст, ки агар шумо ба курсие расидед, фикр кунед, ки ҳақ доред, ин курсиро доимо ва то замони марг нигаҳ доред."
Путин на танҳо аз қудрат рафт, балки бо роҳи тағйири қонун умри ҳукумати худро дароз кард.
Дар соли 2011 Путин гуфта буд, ки "то панҷ соли оянда Русия яке аз панҷ иқтисодии қавии ҷаҳон мешавад. Ин кор шуданӣ аст."
Бино ба омори расмӣ соли 2020-ум 20 миллион нафар аз мардуми Русия фақир будаанд.
Ҳарфҳои ӯ дар мавриди Қрим низ баръакс шуданд. Соли 2006 гуфта буд, ки "Қрим як порчаи Украина аст. Мо ҳаққи дахолат ба умури кишвари дигарро надорем."
Соли 2014 Русия Қримро ишғол кард.
Путин бештар аз ду даҳсола аст, ки ҳамчун раиси ҷумҳур ва нахуствазир Русияро раҳбарӣ кардааст. Тағйири қонуни асосӣ дар соли 2020 ба ӯ иҷоза дод, то соли 2036 дар қудрат бимонад.