Ҳавои гарми тобистон барои кишоварзони Хатлон авҷи кор аст ва онҳо бошитоб ҳосили тарбузро ҷамъ мекунанд.
Туйчӣ Маҳмадов, сокини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ панҷ гектар тарбуз дорад. Ҳосили кораш зиёд аст ва бояд зудтар ҷамъоварӣ карда, ба фурӯш барорад.
“Худоро шукр, намуди нави “Арашан” кишт кардем, ки хӯрдаш 6 кило мебошад ва хуб нигоҳаш кунед, то 36 кило вазн пайдо мекунад. Ҳосил хуб аст ва мо ҳосили якумро мечинем.”,--гуфт ӯ.
Деҳқонон мегӯянд, имсол ҳосили тарбуз беҳтар аз соли гузашта буда, харидор низ зиёд аст. Ба гуфтаи деҳқонон, соли гузашта ҳаво хуб набуд ва зиён дида буданд.
Анвар Юлдошев, сокини дигари ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, 12 гектар замин дорад, ки 50 сотихи он ҳандалаки навъи “Саката” будааст.
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Кишоварзон дар ноҳияи Балхӣ мегӯянд, ҳарчанд нархи маҳсулоти полезии онҳо назар ба соли гузашта поинтар аст, ноумед нестанд, чунки харидор доранд.
Тарбуз вобаста ба вазнаш аз сари палак аз 5 то 10 сомонӣ фурӯхта мешавад, вале фурӯшандагони дасти дуюм онро аз 7 то 15 сомонӣ мефурӯшанд.
Аксар Назарзода, як масъули Раёсати кишоварзии ноҳияи Балхӣ гуфт, имсол дар ноҳия рӯёнидани шаш ҳазору ҳаштсад тонна тарбуз ба нақша гирифтаанд, ки 76 дарсад иҷро шудааст.
Ӯ гуфт, “деҳқонон тарбузро ба ҷуз бозори маҳаллӣ, ба Русия ва Қазоқистон низ содир мекунанд ва фоидаи хуб ба даст меоранд.”
Имсол, натанҳо ҳосили тарбуз, балки дигар меваю сабзавот низ зиёд ва арзонтар будааст.
Ҳосили шафтолу низ дар Хатлон хуб шудааст. Нӯъмон Холиқбердиев, тоҷирест, ки панҷ сол боз меваю сабзавоти Хатлонро ба Қазоқистон мебарад. Вақте мо наздаш рафтем, ӯ шафтолу харида буд.
“Ба Алма-Атои Қазоқистон зардолу, шафтолу ва олу мебарам, боз дигар мева низ мебарем, шартномаҳо ҳаст. Ҳоло бояд 40 тонна шафтолу барем. Харидори меваи Хатлон зиёд аст.”,--гуфт ӯ
Хатлон, аз вилоятҳои кишоварзии Тоҷикистон мебошад, ки дар баробари таъмини бозори дохилӣ ба меваю сабзавот содирот низ мекунад.
Имсол 80 ҳазору 36 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷа бароварда шудааст, ки 26 ҳазор тоннааш тарбуз ва зиёда аз ду ҳазор тоннааш мева будаанд.
Аммо маҳсулоти дигари кишоварзӣ гоҳо на дар бозори дохили ва хориҷӣ бехаридор аст ва кишоварзон даҳҳо ҳазор сомонӣ зарар мебинанд.