Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музаффар Раҳмонов. Гумшудае дар роҳи сулҳи Тоҷикистон


Аз чап аввал: Музаффар Раҳмонов (Акс аз бойгонии хонаводагӣ)
Аз чап аввал: Музаффар Раҳмонов (Акс аз бойгонии хонаводагӣ)

Ӯ аввалин намояндаи расмии тарафи дигари ҷанги Тоҷикистон буд, ки пеш аз раҳбарони дигари он, тирамоҳи соли 1994 вориди Душанбе шуд, то аз ҷониби Иттиҳоди неруҳои оппозисюни тоҷик ё ИНОТ кори кумисюни муштараки оташбасро ба роҳ монад. Музаффар Раҳмонов баробари расидан, дар фурудгоҳи Душанбе аз тарафи афроди мусаллаҳ боздошт шуд. Агар таҳдидҳои Намояндаи вижаи Дабири кулли Созмони Милал Ливиу Бота намебуд, шояд риштаи умраш ҳамон ҷо канда мешуд.

“Ба Душанбе парвоз карда омадани аъзои ҳайати мухолифонро ҳаргиз фаромӯш намекунам. Хуб, ҳавопаймо фуруд омад, мусофирон баромаданд. Фиристодаҳои оппозисюн охирин шуда баромаданд. Дар як лаҳзаи муайян чашмам ба он афтод, ки он ҷо ҳамчунин одамоне бо нимтанаҳои чармӣ пайдо шуда, ногаҳон яке аз аъзои ҳайати мухолифонро дастгир карданд ва хостанд, бо худ баранд. Ман ба ин роҳ дода наметавонистам. Талош кардам, ба онҳо фаҳмонам, натиҷае надод. Он гоҳ ман эълон кардам, ки аз фурудгоҳ намебароям. Як ғалоғулае сар зад, вале дар ниҳояти кор, вакил озод гашт ва ба мо ҳамроҳ шуд. Дареғ, пас аз чанд моҳи рафтанам аз Тоҷикистон шунидам, ки ӯро куштаанд,” – қисса кард Бота ба Радиои Озодӣ.

Ин ҳодиса моҳи ноябри соли 1994 рӯй дод. Бар пояи созишномаи оташбаси муваққат, ки 17-уми сентябри он сол дар Теҳрон байни ҳукумати Тоҷикистон ва ИНОТ имзо шуда буд, кумисюни якҷояе бо ширкати 8 нафар, 4 нафар аз тарафи ИНОТ ва 4 нафар аз тарафи ҳукумат таъсис ёфт, то оташбасро дар амал ҷорӣ намояд. Музаффар Раҳмонов ҳамраиси ин ниҳод аз ҷониби ИНОТ ва сардори раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе Зафар Икромов ҳамраис аз тарафи ҳукумат таъйин шуданд. Ҷолиб буд, ки ҳарду ҳамдигарро ҳанӯз аз замони шӯравӣ мешинохтанд ва ҳазл мекарданд, “ҳар ҷо ки ду Зафар бошанд, ҳатман зафар ба даст хоҳад омад.”

“Хишти аввал” дар бинои муҳташами сулҳ

Кори кумисюни муштараки оташбасро бисёриҳо ҳамин гуна ном мебаранд. Зафар Икромов ба ёд меорад, ки даҳ узви он корро аввал аз сулҳ байни ҳамдигар сар карданд.

Зафар Икромов
Зафар Икромов

“Аввалин коре ки кардам, ман ҳайати ҳукуматро, ки аз вазорати умури дохилӣ ҳам буду аз амният ҳам, гирифта, ба хонаи Зафар Раҳмон рафтем, ки модараш бисёр як кадбонуи зӯр буд. Ҳатто падараш ҳам барои мо ҳофизӣ кард. Як қурутоби бисёр олӣ ҳам тайёр карданд барои мо. Баъдан чунин зиёфатро ман дар хонаи худам такрор кардам. Мо аз рӯзи аввал ҳамин хел ба хонаи якдигар рафтуомад доштем. Мо байни худ аҳд карда будем, ки байни мо бояд ягон фарқ набошад, ки ман аз оппозисиюнам гуфта ё ман аз ҳукуматам гуфта,”—мегӯяд Икромов.

Ба ақидаи Ливиу Бота, фиристодаи махсуси СММ, ҳамин кумисиюн тавонист бовари тарафҳоро ба ҳамдигар ба вуҷуд орад. Он аз чандин буҳрон пешгирӣ кард, ҷони даҳҳо нафарро ҳифз кард ва роҳро барои расидан ба сулҳ бозу ҳамвор намуд.

“Музаффар Раҳмонро устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ ба хотири он масъули Комиссияи назорати оташбас интихоб намуд, ки вай фармондеҳ набуд ва дар ҷангҳо ширкат накарда буд, вале дар миёни ҷавонони бонуфузи шаҳр эътибор дошт. Вай як ҷавони боҷасорат ва боандеша ва ватандӯст буд ва сарфи назар аз ин ки дар минтақаҳои шарқи кишвар ҷангҳо идома дошт, ҳамроҳи аъзои дигари комиссия ба он ҷойҳо мерафт ва бо фармондеҳон суҳбат мекард ва кӯшиш менамуд, ки фармондеҳонро бо командирони тарафи ҳукумат оштӣ диҳад. Пешниҳодҳои онҳоро ба аъзои ҳукуматии комиссияи оташбас гузориш медод,” -- мегӯяд Шамсиддини Саид, яке аз фаъолони вақти ИНОТ.

Музаффар Раҳмонов кӣ буд?

Аҳмадшоҳи Комил, сухангӯи вақти Комиссияи Оштии Миллӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, Музаффар Раҳмоновро пеш аз ҷангу нооромиҳои кишвар мешинохт: “Бачаи шаҳр буд ва аз хонаводаи таҳсилдидаву ботарбият. Дар рӯзҳои кори Комиссияи назорати оташбас ман дар Афғонистон будам. Вале гузоришҳои кори комиссия ва талошҳои Музаффар барои оштӣ додану наздик кардани фармондеҳон бо командирони ҳукуматӣ дар мавзеъҳои низоъ ба мо мерасид.“

Яке аз ҳамсинфони Музаффар Раҳмонов дар шаҳри Душанбе Мирзораҳим Кузов (Шоҳнаими Карим) бо ёдоварӣ аз солҳои мактабиаш мегӯяд, Музаффар ба фанҳои адабиёту забон ва таърих алоқаи зиёд дошт ва мехост шарқшинос шавад, вале ҳафт бор талош карда бошад ҳам, аз имтиҳони қабул ба факултаи ховаршиносии Донишгоҳи давлатӣ нагузашт.

Шоҳнаими Карим
Шоҳнаими Карим

“Як маротиба баъди хатми мактаб имтиҳон супорид, нашуд. Боз баъди аз хизмати аскарӣ баргаштанаш шаш бори дигар кӯшиш кард, нашуд ва баъдан факултаи иқтисодии донишгоҳро хатм кард. Шавқи зиёд ба адабиёту ҳунари кишварҳои Шарқ дошт. Ҳамеша бар лабаш таронаҳои хонандаҳои Эрон буд, замзама мекард. Инсони хушмуомила буд, ман падарашро ҳам мешинохтам. "Акаи Саид" ном дошт, рӯшанфикр буд, бо номи “Саиди демократ” маъруф буд,” -- мегӯяд Мирзораҳим Кузов.

Ҳамкори ӯ дар Комиссияи муштараки назорати оташбас Зафар Икромов аз Музаффар ҳамчун як инсони наҷибу ҷасур ёд мекунад: “Тамоми аҳли оилаи ӯро мешиносам. Ҳоҷӣ Музаффар инсоне буд, ки дар дилаш ягон доғи сиёҳ надошт ва ҳама чизе дар дил дошт, дар забон мегуфт. Ҳатто назарҳои мухолифе, ки нисбат ба раҳбарони оппозисиюн низ дошт, ошкоро мегуфт. Фикр мекунам, рабудани ӯ ба масъалаҳои шахсияш вобастагӣ надошт ва сирф сиёсӣ буд”.

Баъд аз бозгашташ ба Тоҷикистон аз ӯ Ҳоҷӣ Музаффар ном мебурданд, зеро дар давраи ҳиҷрат ин фарзро анҷом дода буд. То ҳиҷрат ӯ дар Пойгоҳи автомобилии рақами 3 дар Душанбе кор мекард.

Рабуда шудан дар назди “Олами китоб”

24 уми феврали соли 1996 Музаффар Раҳмоновро дар пеши чашми мардум, дар назди фурӯшгоҳи “Олами китоб” афроди ношинос ба сараш халтаи сиёҳ кашида, ба мошини сиёҳшиша шинонданд ва ба самти номаълум бурдаанд. Дар ҳоли ҳозир ин охирин иттилои дақиқ дар бораи ӯст.

ИНОТ он вақт дар як изҳорот ин воқеаро маҳкум кард. Нозирони СММ хостори дарёфти ӯ шуданд. Вақте ки Комиссияи Оштии Миллӣ ба кор сар кард, борҳо аз мақомоти интизомӣ сарнавишти Музаффар Раҳмоновро ҷӯё шуд. “То ҳол маълум нест, ӯ зиндааст ё кушта шуд,” мегӯяд суханӯи вақти КОМ Аҳмадшоҳи Комил.

Зафар Икромов мегӯяд: “Сабаби асосии рабудани ӯ, ба ақидаи банда, амалиёти Мулло Абдулло дар Сичароғ буд, ки дар натиҷа Ҷангихон Давлатов, яке аз паҳлавонони машҳури кишвар, ки он замон дар қувваҳои сарҳадии ноҳияи Дарвоз фармондеҳӣ мекард, бо чанде аз низомиён кушта шуданд. Дар рӯзи дигари ин амалиёт Музаффар рабуда шуд.”

Тафтиши Додситонии кулли Тоҷикистон дар робита натиҷа надодааст, вале ба андешаи бисёриҳо воқеаи Сичароғ сабаби он гашта буд, намояндагони мухолифон дар Душанбе таҳти фишори сахт қарор гиранд. “Ман бо вазирони корҳои дохилӣ ва амният ва дигар сохторҳое, ки амнияти ин гуруҳро ба ӯҳда доштанд, дар мавзӯи рабудани мавсуф ва таъмин накардани амнияти боқимонда узви Комиссиюни оташбас аз ҷониби мухолифин, суҳбати шадиде доштам. Агар талошҳои мо намешуд ва ин гурӯҳро дар қароргоҳи СММ ҷой намекардем, шояд танҳо Раҳмонов не, балки чандин каси дигар низ рабуда мешуд”, -- ба ёд меорад Зафар Икромов.

Вай меафзояд “вақте ӯро рабуданд 33-сола буд. Ӯро ба Варзоб бурданд ва як посбони қисми ҳарбӣ дар Варзоб пас аз чанд соли ин ҳодиса нақл кардааст, ки дар ҳамонҷо ҳам руҳияаш қавӣ буд ва бештар таронаҳои Муин, аз ҷумла “Дилам меход ба Исфаҳон баргардам” -ро месароид ва мегуфт, ки “Дилам меход ба Душанбе баргардам”.

25 соли чашминтизорӣ

Аҳли хонадони Музаффар Раҳмонов мегӯянд, 25 сол боз чашм ба дар ҳастанд, ки як рӯз бо шӯру шавқ онро мекушояду медарояд.

Онҳо дар бораи ӯ ҳамчун падар, ҳамсар ва бародар ҳарфҳои нек мезананд ва қиссаҳои ҷолиб нақл мекунанд, вале аз расонаӣ кардани андешаҳои худ меҳаросанд, чун мегӯянд, мумкин аст, ҳарфи онҳо нодуруст тафсир шавад.
Додситонии кулли Тоҷикистон ба номаи Радиои Озодӣ дар мавриди тафтиши сарнавишти Музаффар Раҳмонов ҳануз посух надодааст. Вале як намояндаи ин ниҳод ба шарти зикр нашудани номаш гуфт, бинобар тул кашидани тафтишот ва бенатиҷагии он парванда боздошта шудааст, вале қатъ нагаштааст.

Музаффар Раҳмон то оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Идораи "Анбори маводи сухт ва равғанҳои молиданӣ" ( Нефтебаза), воқеъ дар назди "Сеюм База" дар гардиши Фурудгоҳи Душанбе кор мекардааст.

XS
SM
MD
LG