Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикояти дувум аз болои Тоҷикистон ба Додгоҳи Гаага. Тоҷикистон чӣ кор карда метавонад?


Ҷанҷоли ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз инҷо оғоз шуда буд.
Ҷанҷоли ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз инҷо оғоз шуда буд.

Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ (ДБҶ) мукотиботи фаъолони қирғизро, ки мехоҳанд хидматчиён ва фармондеҳони низомии Тоҷикистонро барои рӯйдодҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба ҷавобгарӣ бикашанд, сабти ном кард. Дар ин бора, рӯзи 14-уми июн, дар саҳифаи худ Сония Токтоғозиева, ҳуқуқшинос ва ҳомии ҳуқуқи Қирғизистон паёме нашр кардааст. Ин дуввумин шикоят пас аз қазияи ихроҷи уйғурҳо ба Чин аст, ки пойи Тоҷикистон ҳам дар ин қазия кашида шудааст. Тоҷикистон чӣ кор карда метавонад ва оё ин ба эътибори кишвар зарбаи худро мезанад?

Санадро додситон Марк Диллон, мудири шуъбаи иттилоот ва далелҳои Дафтардории ДБҶ таъйид кардааст.

Дар он гуфта мешавад, ки сабтиноми шикоят маънои онро надорад, ки тафтишоти ин парванда аллакай роҳандозӣ шудааст ё мешавад. Тибқи посухи худи ДБҶ дар мавриди тасмими худ ва далелиҳои содир шудани он, дертар хабар дода мешавад.

Марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон. 30 апрел, 2021.
Марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон. 30 апрел, 2021.

Ҳомиёни ҳуқуқи қирғиз рӯзи 6-уми июн ба додситони Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ шикоят бурда буданд. Дар ин санад, онҳо хоҳиш карда буданд, ки нисбат ба амалкарди хизматчиёни ҳарбӣ ва фармондеҳони Тоҷикистон" ба далелҳои содир кардани ҷиноятҳои ҳарбӣ алайҳи аҳолии осоишта"-и Қирғизистон, тафтиш оғоз карда шавад.

Баъдтар, дар мусоҳиба бо “Azattyk”, Сония Токтоғозиева гуфт, ки "дар Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ нафароне кор мекунанд, ки тавонмандии ба ҷавобгарӣ кашидани хидматчиёни ҳарбӣ ва фармондеҳони воломақомашонро барои ҷиноятҳои низомӣ бар асоси меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, доранд.

Маъмурияти президенти Қирғизистон шикояти ҳомиёни ҳуқуқи қирғизро ба ДБҶ хуш напазируфт. "Дар ҳоли ҳозир, ки масоили марзӣ дар руҳияи сулҳу равандҳои гуфтушунид ҳал шудан доранд, эҳтимолан бархе неруҳо мехоҳанд дар равобити дуҷониба танишҳои навро эҷод кунанд",-омадааст дар хабарномаи нашркардаи маъмурияти раёсатҷумҳурӣ.

Аммо, зоҳиран, ҳомиёни ҳуқуқ ин мавқеи ҳукуматро ҷонибдорӣ намекунанд.

Тоҷикистон ва ДБҶ

Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ (ICC) нахустин додгоҳи мустақили доиамалкунандаи байналмилалие мебошад, ки бо ҷиноятҳои вазнине чун наслкушӣ, ҷиноятҳои низомӣ, ҷиноятҳо алайҳи сулҳу инсоният мубориза мебарад. Қароргоҳи он дар Лоҳа (Гаага) аст ва асоси ҳуқуқии онро - Девони Рим, ки аз сӯйи 120 кишвари узви СММ, аз ҷумла Тоҷикистону Қирғизистон имзо шудааст, ташкил медиҳад.

Додгоҳи Байналмилалии Ҷурму Ҷиноят дар шаҳри Гаагаи Ҳолланд.
Додгоҳи Байналмилалии Ҷурму Ҷиноят дар шаҳри Гаагаи Ҳолланд.

Қаблан, ҳомиёни ҳуқуқи гурӯҳҳои уйғур дар шикояти худ ба ДБҶ мақомоти Тоҷикистонро барои ҳамкорӣ бо Пекин дар фиристодан ва ихроҷи уйғурҳо ба Чин айбдор карданд, ки ба онҳо боздошт ва аксаран амалҳои бадтар аз ин таҳдид мекунад. 17-уми июн ин ҳомиёни ҳуқуқ барои тақвияти андешаҳои худ далелҳои нав пешниҳод карданд.

Душанбеи расмӣ то кунун ба ин иттиҳомот посухе надодааст.

Коршиносони тоҷик дар бахши ҳуқуқи байналмилалӣ далелҳои ҷониби Қирғизистонро беасос мешуморанд ва шубҳа доранд, ки ДБҶ тафтишотро оғоз мекунад.

Шеваи баррасии парвандаҳо дар Додгоҳи байналмилалӣ

Фаридун Саидзода, ҳуқуқшиноси байналмилалии муқими Гаага, ки дар риштаи Додгоҳи байналмиалии ҷиноӣ тахассус дорад, дар як посухи катбӣ барои Радиои Озодӣ созукори баррасии шикоятҳоро тафсир кард ва гуфт, ки ба эҳтимоли зиёд “сенарияи қирғизӣ” аз сӯи додситони Дафтардории ДБҶ посухи радд дарёфт мекунад. Ба гуфтаи ӯ, аз 813 аризае, ки аз 1-уми ноябри соли 2019 то 31-уми октябри соли 2020 ба додситони Дафтардории ДБҶ расидаанд, пас аз омӯзишҳо, танҳо 26-тояш ба марҳилаи таҳлили минбаъда пазируфта шудаанд, ки дар навбати худ ниёз ба баррасиҳои дақиқи воқеӣ ва ҳуқуқӣ доранд.

- Барои намуна, додситони пешини ДБҶ Луис Морено Окампо ба хабарҳо дар бораи ҷиноятҳои эҳтимолии зидди башарӣ, ки дар Венесуэла содир шудаанд, посух дод ва ба хулосае расид, ки далелҳои кофии таъйидкунандаи “ҳамлаҳои густарда ва ё систематик ба мардуми мулкӣ” вуҷуд надоштанд, зеро инро мушахассоти ҷиноятҳо алайҳи башарияти Девони Рим талаб мекунад. Дар ин чаҳорчӯба ва бар ин асос, ман далелҳои кофиро дар "сенариёҳои муттаҳамкунандаи қирғизӣ" намебинам.

Дар марҳилаи дуввуми таҳлил, ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, вазнинии ҷиноятҳое омӯхта мешавад, ки дар салоҳияти Додгоҳ қарор мегиранд. Аммо имкон доранд, миёни марҳилаҳои якуму дуюми таҳлили додситонӣ тафовутҳое вуҷуд дошта бошанд ва вазъи ҷавобгӯи марҳилаи аввали таҳлил, метавонад ба талаботи “ҳадди ҷиддият”-е, ки Девони Рим дар марҳилаи дуюм талаб мекунад, посухгӯ набошад.

Муноқиша дар марз боиси харобии даҳҳо манзил аз ҳарду тараф гардид
Муноқиша дар марз боиси харобии даҳҳо манзил аз ҳарду тараф гардид

"Ин меъёр ба "сенариёи қирғизӣ", ки шумораи кушташудагон ва қурбониёни дигар вусъати калоне надорад, марбут намешавад. Ниҳоят, марҳилаи сеюм баррасии он ҳолатҳое мебошад, ки ба салоҳияти ДБҶ дохил мешаванд ва ба «ҳадди ҷиддият» мувофиқат мекунанд, яъне қобили қабуланд. Дар чунин ҳолатҳо, Дафтардории додситони ДБҶ мутобиқи моддаи 53 Девони Рим таҳлил ва барномарезии густардае анҷом медиҳад, ки қисман пешбинӣ мекунад, ки Додситон метавонад барои боз кардани парванди ҷиноӣ посухи рад бидиҳад, ҳатто агар вазнинии ҷиноят ва поймол кардани манофеи қурбониён ҳам вуҷуд дошта бошад. Чун агар бо ин вуҷуд, далелҳои ҷиддие бо ин бовар вуҷуд дорад, ки таҳқиқот наметавонад ба манфиати татбиқи адолат бошад”,-мегӯяд Саидзода.

Ба гуфтаи коршинос, Додситонии кулли Тоҷикистон бояд дар ин самт фаъолмандона кор кунад ва бояд таҳқиқи худро то поён бирасонад ва дар сурати зарурат аз меъёрҳои ҳуқуқии ҷаҳонӣ истифода кунад.

Худи Сония Токтоғозиева эътироф мекунад, ки ин як раванди бисёр мушкил аст ва шояд барои ин солҳо зарур шавад. Бо ин вуҷуд, ба гуфтаи ӯ, инро як қарзи шаҳрвандии худ медонад ва ба ин васила манофеи кишвар ва шаҳрвандони худашро ҳимоя мекунад.

Қурбониён аз ду тараф

Раҷаббой Аҳмадзода ва Абдикарим Алимбоев, 31-уми майи 2021
Раҷаббой Аҳмадзода ва Абдикарим Алимбоев, 31-уми майи 2021

Даргирии мусаллаҳона дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон рӯзҳои 28-30 апрел рух доданд. Мақомоти Тоҷикистон аз 19 кушта ва 87 захмӣ хабар доданд. Тибқи иттилои ҷониби Қирғизистон, дар ин даргириҳо 154 нафар ҷароҳат бардоштаву 36 нафар кушта шудаанд. Бишкек аз хароб шудани 136 хона, мактаб ва посгоҳҳои марзӣ хабар дод, Душанбе 14 хонаи харобшуда, 2 бинои ва як иншоти нимавайронаро номбар кард.

Ҳар ду кишвар якдигарро муттаҳам карданд ва мақомоти назоратии Тоҷикистону Қирғизистон бар асоси ҷиноятҳои вазнин парванда боз карданд.

Азиз Хайруллоев, таҳлилгари масоили сиёсӣ аз Тоҷикистон мегӯяд, ки муноқишаи охирин натиҷаи даҳсолаҳо ҳал нашудани мушкилоти марзӣ буд, ки дар ҷараёни он як тараф каме фаъолтар шуд. "Аммо дар муноқиша ду ҷониб ширкат доштанд ва аз ҷониби Тоҷикистон низ даҳҳо кушта ҳаст, аз ин рӯ масъулиятро танҳо ба як тараф вогузор кардан тасмими мантиқиву оқилона нест",-мегӯяд коршинос.

Ба назари ӯ кашондани баҳс ба ДБҶ ва дар он ҷо рухнамоӣ кардани Тоҷикистон метавонад ба обрӯи байналмилалии Тоҷикистон зарба бизанад.

Доктори улуми ҳуқуқ, Шокирҷон Ҳакимов бо ин фикр, ки баррасии парванда метавонад ба обрӯйи кишвар зарба бизанад, розӣ нест.

"Субъектҳое, ки аз сӯйи сохторҳои ғайриҳукуматӣ ё расмӣ намояндагӣ мекунанд, ҳуқуқ доранд ба чунин зинаҳо муроҷиат кунанд, ки онҳо бояд ин муроҷиатҳоро моҳиятан ва бо риояи тамоми расмиёт баррасӣ кунанд. Гуфтан душвор аст, ки баррасии масъала бидуни эълони натиҷа метавонад ба эътибори кишвар таъсир расонад. Вақт нишон хоҳад дод, кӣ ҳақ аст, далелҳои пешниҳодшуда то чӣ андоза асосноканд ва раванди баррасӣ то кадом ҳад объективист", - мегӯяд Ҳакимов.

Ҷонибе, ки даъворо мебозад, ба гуфтаи коршинос, бояд на танҳо зарари моддӣ ва маънавиро ҷуброн кунад, балки боиси обрӯрезии бузурге низ мешавад.

XS
SM
MD
LG