Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пурсиш аз раҳгузарон: Имкон бошад, ваксина мегиред? ВИДЕО


Сокини шаҳри Душанбе, ки ба пурсиши хабарнигори Радиои Озодӣ посух дод
Сокини шаҳри Душанбе, ки ба пурсиши хабарнигори Радиои Озодӣ посух дод

Бо афзоиши ҳолатҳои нави гирифторӣ ба коронавирус дар Тоҷикистон, бисёриҳо роҳи аслии ҷилавгирӣ аз паҳншавии вирусро дар гирифтани ваксина мебинанд, бархеи дигар чандон ба ваксинаҳо бовар надоранд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар се рӯзи охир гирифтории беш аз 50 сокини кишвар ба КОВИД-19-ро тасдиқ кардааст. То чанд рӯзи пеш, бо вуҷуди исрори сокинону коршинсоон ба паҳншавии коронавирус, мақомоти тоҷик мегуфтанд, ки дар кишвар сироятёбӣ ба коронавирус сабт нашудааст.

Хабарнигори Радиои Озодӣ дар хиёбонҳои Душанбе пурсид, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз коронавирус омодаи гирифтани ваксина ҳастед? Посухҳо чунин буданд:

  • Тоҳир Оқилов, сокини Душанбе: “Гуфтанд, ки ваксина кардан ройгон аст. Ман албатта мегузарам, ваксина кардан барои мо шарт аст, чунки бубинед, ки як барҳам хурд ва боз авҷ гирифт.”
  • Фархунда Сафарова, сокини Душанбе: “Падару модари ман духтур ҳастанд, онҳо ваксина мегузаронанд. Бисёре аз беморон розӣ намешаванд. Мегӯянд, мо аз куҷо медонем, чӣ мешавад. Бисёре аз беморон дар Русия ваксина мекунанд ва соз нашуда истодаанд. Лекин духтур як чизро медонад. Ваксина кардан муҳим аст, барои саломатии худашон.”
  • Рустам Набиев, сокини ноҳияи Рудакӣ: “Эмгузаронӣ ба ҳар як шаҳрванд зарур аст, чунки барои бехатарии худ ва фарзандони худ, оилаи худ, муҳити атроф зарур аст. Бояд эмгузаронӣ карда шаванд, зеро сатҳи беморӣ то чанд зиёд шуда истодааст.”
  • Муниса Рахмонова, сокини Душанбе: “Ман аз доруву сӯзандору ҳассосият дорам, аз ин рӯ ман аз эмгузаронӣ меҳаросам. Ғайр аз ин, ман бисёр мулоҳизаҳои манфӣ шунидаам ва дар бораи ваксина, ки метавонад таъсири манфӣ расонад.”​
  • Фирдавс Шеров, сокини Душанбе: “Ҳамин духтурҳо чизе гуфтанд, ҳамонро кардан даркор, барои ки духтурҳо аз мо нағзтар медонанд.”​
  • Муҳаббат Бердиева, сокини шаҳри Турсунзода: “Не, намехоҳам, ки эмгузаронида шавам.”​
  • Муҳаммадалӣ Машрабов, сокини Душанбе: “Ваксина ин як доруе ҳаст, ки моро дар муддати як сол аз тамоми касалиҳои вирус, грипп, КОВИД, раҳо мекунад ва ин беҳтарин иқдом аст. Дар хориҷа мардум орзу мекунанд, инро бо пул харидорӣ мекунанд, ба мо бепул омада истодааст.”​
  • Заррина Абзалова, сокини Душанбе: “Нисбат ба эмгузаронӣ ман назари нек дорам. Агар ҳамингуна имконият пайдо шавад, ҳатман истифода мекунам.”
  • Шероз Ғоибов, сокини Душанбе: “Пешгирӣ кардан даркор аст. Боз ихтиёр ба худатон ҳаст. Шахсан ман ваксина ё сӯзандорӯ намекунам. Тавонед, варзиш кунед, хуроки дуруст хӯред.”

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Агар имкон бошад, ваксина мегиред? (Назари мардум)
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:40 0:00

XS
SM
MD
LG