Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Қирғизистон ҳафтаи оянда ба Душанбе меояд


Эмомалӣ Раҳмон президенти Тоҷикистон ва Содир Ҷабборов президенти Қирғизистон
Эмомалӣ Раҳмон президенти Тоҷикистон ва Содир Ҷабборов президенти Қирғизистон

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод, ки Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон охири моҳи июн ба Тоҷикистон сафар мекунад.

Қарор аст, Ҷабборов бо Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дидору гуфтугӯ намояд.

Ин Вазорат рӯзи 24-уми июн хабар дод, ки рӯзҳои 28-ум ва 29-уми июн сафари расмии президенти Қирғизистон ба Тоҷикистон дар назар аст. Сафари президенти кишвари ҳамсоя дар рӯзҳое дар нақша аст, ки аз муноқиша дар марзи ду кишвар, дар рӯзҳои 28-29-уми апрел, се моҳ мегузарад.

Дафтари матбуоти вазорат аз хабарнигорони дохиливу хориҷӣ даъват кардааст, ки барои номнависӣ ба хотири пӯшиши хабарии сафари Ҷабборов ба вазорат муроҷиат кунанд.

Вазорат тафсилоти аз ин бештарро нашр накардааст. Ин сафари нахустини Содир Ҷабборов ба ҳайси президент ба Тоҷикистон мебошад ва баъди он сурат мегирад, ки охири моҳи апрел марзи Тоҷикистону Қирғизистон шоҳиди муноқишаи муссалаҳона ва хунин шуд.

Даргириҳои марзии рӯзҳои 28 ва 29-уми апрел дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, аз ду ҷониб даҳҳо кушта ва садҳо захмӣ бар ҷой гузошт. Тоҷикистон дар бораи кушта шудани 19 нафар ва захмӣ шудани 87 кас хабар дод. Ба иттилои мақомоти Қирғизистон, дар ҷараёни даргириҳои марзӣ 36 нафар кушта ва 183 нафар маҷруҳ шудаанд. Ҳар ду ҷониб якдигарро ба оғози даргирӣ муттаҳам карданд. Пас аз муноқишаи мусаллаҳона дар марз рӯзи 24-уми май, ҳукумати Қирғизистон бо як қарор вуруд, баромадан, транзит ва будубош дар қаламрави худро барои шаҳрвандони Тоҷикистон, то замони ҳалли масъалаҳои марзӣ, боздошт. Содир Ҷабборов, тирамоҳи соли гузашта дар авҷи эътирозҳои мардумӣ бар зидди тақаллубҳо дар интихоботи парламентӣ сари қудрат омода буд. Ӯ мубориза бо фасод ва ҳалли мушкилоти марзӣ бо ҷумҳуриҳои ҳамсояро яке аз вазифаҳои зери раҳбарияш эълон намудааст.

Дарозии сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 970 километр аст, ки аз он то имрӯз танҳо 504 километр таъину нишонагузорӣ шудааст. Аксар вақт ихтилофҳо дар қитъаҳои баҳсии марзӣ, барои дастрасӣ ба замин, об, равуои чорво, убури ғайриқонунии марз байни сокинони ду ҷониб муноқиша сар мезанад.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG