Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаҳор паҳлавони тоҷик ба Бозиҳои олимпӣ роҳ ёфтанд


Чаҳор ҷудокори тоҷик ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 роҳхат гирифтанд. Федератсияи байналмилалии ҷудо дар сомонаи расмии худ рӯзи 22-уми июн охирин радабандии олимпиро қабл аз оғози бозиҳо нашр кард.

Тибқи радабандии нашршуда, варзишгарони тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар вазни 73 кг, Акмал Муродов дар вазни 81 кг, Комроншоҳи Устопириён дар вазни 90 кг ва Темур Раҳимов дар вазни 100 кг, соҳиби роҳхатҳо ба Бозиҳои олимпии Токио -2020 шуданд.

Федератсияи ҷудои Тоҷикистон навиштааст, Беҳрӯз Хоҷазода -- ҷудокори дигари тоҷик ҳам дар "минтақаи сабзи" ҷадвали радабандии олимпӣ қарор дорад.

Аммо тибқи қоидаҳои Федератсияи байналмилалии ҷудо, аз як кишвар дар як вазн танҳо нафари дар радабандии олимпӣ назар ба ҳамватани худ мақоми болотар дошта, соҳиби роҳхати олимпӣ мегардад. Аз ин рӯ, Беҳрӯзи Хоҷазода ҳарчанд дар "минтақаи сабз" қарор дорад, бинобар имтиёзҳои кам доштанаш аз Сомон Маҳмадбеков, роҳхати Олимпиадаи дар пеш бударо ба даст наовард.

Ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, Сомон Маҳмадбеков, Комроншоҳи Устопириён ва Темур Раҳимов мустақиман ба Бозиҳои олимпӣ роҳхат гирифтанд ва Акмал Муродов бо ба даст овардани квотаи минтақавӣ ба Бозиҳои олимпӣ роҳ ёфт.

Федератсияи байналмилалии ҷудо рӯзи 28-уми июн ҳамаи варзишгарони соҳиби роҳхат шударо расман эълон менамояд. Дар Бозиҳои олимпӣ сабқати варзишгарон дар риштаи ҷудо аз 24-ум то 31-уми июл идома меёбад.

Беҳтарин дастоварди Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон медали биринҷии Расул Боқиев ба шумор меравад, ки соли 2007 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия дар вазни то 73 килограмм ба даст овардааст.

Аз Тоҷикистон муштзанҳо Баҳодур Усмонов ва Шаббос Неъматуллоев ва Гулсумбӣ Шарифова (варзиши сабук) низ дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 иштирок мекунанд.

Бозиҳои олимпӣ дар Токио аз 23-юми июл то 8-уми августи имсол баргузор мешавад. Ин мусобиқа бинобар пандемияи коронавирус як сол ба таъхир афтод.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG