Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯҳонии тоҷик ва ду ҳамроҳашро аз боздошт раҳо кардаанд


Абдулҳақ Обидов аз соли 2017 сархатиби масҷиди ҷомеи марказӣ дар ноҳияи Шоҳмансур буд.
Абдулҳақ Обидов аз соли 2017 сархатиби масҷиди ҷомеи марказӣ дар ноҳияи Шоҳмансур буд.

Абдулҳақ Обидов (Махсуми Абдулҳақ), сархатиби пешини масҷиди ҷомеи марказии ноҳияи Шоҳмансур пас аз се моҳи боздошт, аз тарафи мақомот раҳо карда шудааст. Азиз Турков ва Аҳмадхоҷа Табаров, ду нафаре, ки ҳамроҳи ӯ боздошт шуда буданд, низ озод гаштаанд.

Як манбаъ дар ниҳодҳои интизомии шаҳри Ваҳдат рӯзи 21-уми июн ба Радиои Озодӣ раҳоии Абдулҳақ Обидов ва ҳамроҳонашро тасдиқ кард. "Махсуми Абдулҳақ дигар имомхатиби масҷид нест, вале раҳо шудааст",-- гуфт ин манбаъ, ки нахост, аз он ном бурда шавад, чун салоҳияти додани маълумотро ба расонаҳо надоштааст.

Дар моҳи апрел ҳамроҳ бо Абдулҳақ Обидов чаҳор сокини шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ, Абузар Шухиев, Абдулло Маҳмадуллоев, Азиз Турков ва Аҳмадхоҷа Табаров боздошт шуда буданд, ки ба гуфтаи пайвандонашон, бо Абдулҳақ риштаи хешутаборӣ доштаанд.

Хабаргузории расмии "Ховар" рӯзи 22-уми апрел бо такя ба дафтари матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон навишта буд, ки Абдулҳақ Обидов ва боздоштшудагони дигар ба узвият дар ҳаракати мамнӯи "Салафия" айбдор карда мешаванд.

Аммо дустону наздикони Обидов гуфтанд, боздошти ӯ пас аз суханронияш дар бораи пешвоҳои динӣ дар маросими видоъ ва дафни Домулло Ҳикматуллои Тоҷикободӣ дастгир карда шуд.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи 21-уми апрел сомонаи "Бомдод" навишт, Абдулҳақ Обидов барои суханронии баҳсбарангез дар маросими дафни Домулло Ҳикматулло дастгир шудааст. Сархатиби масҷиди ноҳияи Шоҳмансур дар маросими дафни Домулло Ҳикматулло дар рӯзи 13-уми апрел ӯро "яке аз пешвоҳои бузурги мо" ном бурд.

Ҳамсуҳбатони "Бомдод" гуфтаанд, мақомоти амниятӣ дар ин муқоиса гуё ишораҳо ба президенти кунунии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дидаанд, ки соли 2016 бо қабули як қонуни вижа "Пешвои миллат" эълон шуд.

Дар хабарномаи дафтари матбуоти КДАМ, дар ин бора ҳеч ишора нашуда буд.

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ дар як баёния гуфт, боздошти имомхатиб ба суханронии ӯ дар маросими ҷанозаи Домулло Ҳикматулло бастагӣ надорад. Онҳо аз расонаҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ хостаанд, "ба ҳар гуна овозаҳо, ки суханронии Абдулҳақ Обидов дар маросими ҷаноза ҳамчун сабаби боздошт маънидод мекунанд, дода нашаванд".

Абдулҳақ Обидов, зодаи деҳаи Ҷангалаки шаҳри Ваҳдат, соли 1999 Донишкадаи исломии Тоҷикистонро хатм карда, соли 2009 имоми масҷиди панҷвақтаи "Эшони Абдусаттор" дар шаҳри Ваҳдат таъйин шуд. Аз соли 2017 сархатиби масҷиди ҷомеи марказии ба номи Имоми Аъзам дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе буд.

XS
SM
MD
LG