Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷасади як марзбони тоҷикро пас аз 16 рӯз аз об берун оварданд


Қитъаи марз бо Афғонистон дар миёни ноҳияи Фархор ва Ҳамадонӣ
Қитъаи марз бо Афғонистон дар миёни ноҳияи Фархор ва Ҳамадонӣ

Ҷасади Юсуфҷон Музаффарзода, як марзбони тоҷик, ки 16 рӯз қабл дар рудхонаи Панҷоб, дар марзи ноҳияи Ҳамадонӣ бо Фархор ғарқ шуда буд, пайдо шудааст. Як масъули ҳукумати ноҳияи Ҳамадонӣ рӯзи 21-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҷасадро субҳи якшанбе сокинон дар деҳаи Сомониёни ҷамоати Турдиев пайдо карданд. Манбаъ афзуд, ки ҷасад пас аз берун овардан аз об, ба мақомот супурда шуд.

Ин масъули ҳукумати ноҳияи Ҳамадонӣ дар шарҳи ҳодиса гуфт, ки "ҷасад аз реги лаби рудхона пайдо шуд, маҷрои об бисёр тез аст. Сокинон дар бадани худ банд баста, ҷасадро аз об бароварданд. Баъд аз берун баровардани ҷасад, ба милиса хабар доданд. Сипас ба маҳал, кормандони прокуратура, милиса ва ҳукумати ноҳия ҳозир шуданд."

Дар Прокуратураи ҳарбии минтақаи Кӯлоб гуфтанд, ки ҷасад баъд аз пайдо шудан шинохта намешуд. "Дар баданаш танҳо ҳамон таҳпӯши сарбозӣ буд, ҷасадро шинохта намешуд. Падар ва тағояшро даъват карданд. Тағояш ҷасадро дид, шинохт. Баъди анҷоми ташхис бегоҳи рӯзи гузашта ҷасадро гирифта, ба зодгоҳаш бурданд",--гуфт мусоҳиби мо.

Ба гуфтаи мақомот, ин марзбони тоҷик рӯзи 3-юми июн ҳангоми шиноварӣ дар рудхонаи Панҷоб, ғарқ шуд. Мақомоти ноҳияи Ҳамадонӣ он замон гуфтанд, ки барои пайдо кардани ҷасади ин марзбон, маҷрои Панҷобро аз саргаҳи он дар дарёи Панҷ бастанд.

Юсуфҷон Музаффарзода, сокини шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ буда, тирамоҳи соли 2020 ба артиш даъват шуда, аз шаш моҳ ба ин тараф дар қисми марзбонии ноҳияи Ҳамадонӣ хизмат мекард.

Ин барои бори аввал нест, ки марзбонон дар ҳодисаҳои ҷудогона дар дарёҳои кишвар ғарқ мешаванд. Ҳафтаи гузашта мақомот аз пайдо шудани ҷасадҳои Сироҷиддин Ятимов ва Қандилҷон Воҳидов, ду марзбон, ки ҳашт моҳ пеш дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ғарқ шуда буданд, хабар доданд.

Ҷасадҳои ин ду сарбоз, ки шинохта намешуданд, аввали моҳи июн пайдо шудаанд, вале пас аз 13 рӯз аз роҳи ташхиси ДНК онҳоро шиносоӣ карда, ба хок супурдаанд. Ин ду сарбоз рӯзи 29-уми сентябри соли гузашта, зимни талоши наҷоти як хонандаи мактаб аз худкушӣ, дар рӯдхонаи Бартанг, дар ҳудуди ноҳияи Рӯшон ғарқ шуда буданд.

Ин ду сарбоз, ки аз анҷоми хидматашон дар артиш як ҳафтаи дигар монда буд, барои наҷоти як хонандаи мактаб худро ба об андохтанд. Ҷасади хонандаи мактабро як рӯз пас, рӯзи 30-уми сентябри соли 2020 пайдо карданд, вале ҷустуҷӯи ҷасади сарбозон натиҷа надода буд.

Сироҷиддин Ятимов, сокини шаҳри Душанбе ва Қандилҷон Воҳидов, сокини ноҳияи Ёвон дар қисми ҳарбии 0410-и Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хидмат мекарданд.

XS
SM
MD
LG