Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марзбонони қирғиз як шаҳрванди Тоҷикистонро нагузоштанд ба Русия парвоз кунад


Фурудгоҳи Ӯши Қирғизистон.
Фурудгоҳи Ӯши Қирғизистон.

Марзбонони Қирғизистон Муҳаммадфозил Маҳмудов, як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки ҳамчунон санади иқомати доимии Русияро дорад ва мехост ба ин кишвар сафар кунад, аз дохили ҳавопаймо берун оварда, нагузоштанд парвоз кунад.

Маҳмудов рӯзи 18-уми июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ӯ ҳамроҳ бо ҳамсар ва фарзандаш, ки шаҳрвандии Русияро доранд, аз фурудгоҳи шаҳри Ӯши Қирғизистон ба шаҳри Ростови лаби Дон сафар доштанд.

Ин хонавода қабл аз харидории билети ҳавопаймо аз сафорати Русия дар Қирғизистон дар бораи сафар пурсидаанд. Танҳо пас аз оне, ки сафорат гуфтааст, "метавонед сафар кунед", Маҳмудов барои худ ва аҳли оилааш бо 60 ҳазор рубл билет харида, ба сафар мебарояд.

"Вақти сабти номи мусофирон ба парвоз дар фурудгоҳ шиносномаи тоҷикии маро дида гуфтанд, ки сафар кардани Шумо мумкин нест. Ман гуфтам, ки ман аз сафорати Русия пурсидам, ман санади иқомати доимии ин кишварро дорам. Ин хел бошад мумкин аст, гуфтанд. Вақти гузаштани сарҳад ҳам марзбонон хеле тафтиш карданду билохира маро роҳ доданд ва мо дохили ҳавопаймо шудем. Чанд лаҳза пеш аз оне, ки ҳавопаймо ба хати парвоз рост шавад, марзбонон дохили ҳавопаймо омада, номи маро садо карда, амр доданд, ки аз ҳавопаймо хориҷ шавам. Сабаб пурсидам, гуфтанд, ки роҳбари фурудгоҳи Ӯш амр кардааст маро нагузоранд парвоз кунам", нақл кард Маҳмудов.

Маҳмудов мегӯяд, ҳайрон аст мақомоти Қирғизистон бо оне, ки ӯ санади русӣ дошт ва бо ин санад парвоз мекард, нахуст ӯро ба ҳавопаймо роҳ доданд, аммо дар охирин лаҳза аз дохили он берун карданд. Ҳарчанд Маҳмудов бо санади иқоматии доимии Русия сафар дошт, аммо мақомоти Қирғизистон бинобар шаҳрванди Тоҷикистон будан, ӯро аз сафар боздоштаанд.

Дар санад ва ё Акте, ки Э. Досуев, намояндаи Хадамоти марзбонии Қирғизистон дар нисбати Муҳамадфозил Маҳмудов тартиб додааст, ба фармони рақами №12 аз 21-уми майи соли 2021 ишора мешавад. Қирғизистон рӯзи 21-уми май якбора бо судури фармоне равуои шаҳрвандони Тоҷикистонро дар қаламраваш маҳдуд кард.

Аммо Маҳмудов мегӯяд, ӯ аз ин маҳдудият огоҳ буд ва бо асноди русӣ сафар дошт, аммо мақомоти интизомии қирғиз маҳз ба хотири тоҷик ва ҳамзамон доштани шаҳрвандии Тоҷикистон, нагузоштанд ӯ сафар кунад.

Маҳмудов мегӯяд бо 60 ҳазор рубл билети ҳавопаймо харидорӣ карда буд ва акнун "билетҳо сӯхтанд" ва ӯ дармонд.

Ин мусофири тоҷик мегӯяд, пас аз ин ҳодиса ба сафорати Русия дар Қирғизистон хабар дод ва онҳо бори дигар таъкид карданд, ки ӯ ҳақи сафар ба Русияро дошт ва набояд мақомоти қирғиз ӯро аз роҳ бозмедоштанд. Сафорати Русия гуфтааст, ин қазияро меомӯзад.

Мақомоти Қирғизистон рӯзи 21-уми май эълон карданд, ки нисбат ба равуои шаҳрвандони Тоҷикистон маҳдудият ҷорӣ карда шудааст. Бо ин ҳол, қарори ҳукумати Қирғизистон хориҷ шудани шаҳрвандони Тоҷикистонро аз ин кишвар манъ накардааст, балки баръакс ба ин иҷоза додааст.

​Муносибати Душанбеву Бишкек пас аз муноқишаи рӯзҳои 28 ва 29-уми апрел дар марз сард шудааст. Бишкек расман эълон кардааст, ки то ҳалли баҳси муайяну нишонагузории сарҳад, марзи худро ба рӯйи шаҳрвандони Тоҷикистон намекушояд.

Мақомоти Тоҷикистон барои равуои шаҳрвандони Қирғизистон дар қаламрави худ маҳдудият ҷорӣ накардаанд.

XS
SM
MD
LG