Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот дар таҳқиқи қатли як оила дар Ҷайҳун дармондаанд


Даромадгоҳи ноҳияи Ҷайҳун дар вилояти Хатлон
Даромадгоҳи ноҳияи Ҷайҳун дар вилояти Хатлон

Мақомот мегӯянд, чанд нафари мавриди шубҳаро дар робита ба қатли чор узви як хонавода дар ноҳияи Ҷайҳун (Қумсангири пешин) бозпурсӣ кардаанд, вале ҳанӯз гумонбар ё гумонбарони асосиро пайдо накардаанд.

Парвандаи қатли падари 39-сола бо се фарзандаш ва маҷрӯҳ кардани ҳамсару писари ӯро бар асоси моддаи 104-и Кодекси ҷиноӣ, яъне “куштори як ё якчанд нафар бо бераҳмии махсус” таҳқиқ мекунанд.

Шаби 12-уми июн ҷасади Аҳлиддин Маҳмадов, сокини 39-солаи ноҳияи Ҷайҳунро бо се фарзандаш бо зарбҳои зоҳиран дос ва табар пайдо карданд ва Латофат Азизова - ҳамсари ӯро бо писараш бо ҷароҳатҳои вазнин ба беморхона интиқол доданд.

Ин ҳодиса дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва дар миёни мардум сару садо ба бор овардааст ва сокинон кормандони милисаро барои пайдо накардани ҷинояткор ё ҷинояткорон танқид мекунанд.

Як мақом дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 16-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, то кунун беш аз даҳ нафаре, ки мақомот ба онҳо шубҳа пайдо карданд, бозпурсӣ шудаанд. “Телефонҳои аъзои хонавода тафтиш шуд, ки дар чанд моҳи ахир бо кӣ тамос доштанд. Аз ҳамсояҳо ва наздикон пурсида шуд, ки онҳо бо кӣ чӣ мушкил доштанд ва кӣ ба онҳо чӣ хусумат дошт. Баъзан шубҳаҳои ҷиддӣ пайдо шудаанд, вале то далел ва олоти қатл пайдо нашавад, дар бораи боздошти гумонбарон хабар додан барвақт аст.”,--гуфт ин ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ.

Валӣ, як корбари Радиои Озодӣ дар Инстаграм навиштааст, ки агар ин хонавода одами мақомдор мебуд, кайҳо ҷинояткорон боздошт шуда буданд. Ӯ гуфтааст, ки "мақомот дунболи назорати ҳаёти шахсии одамон шудаанд ва пайдо кардани ҷинояткоронро фаромӯш кардаанд".

Аммо ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ дар ВКД гуфт, ки Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон аз кори гуруҳи тафтишотӣ танқид карда, супориши зудтар пайдо кардани қотилонро додааст. Вазорати корҳои дохилӣ ҳанӯз расман дар бораи ин ҳодиса хабар надодааст, вале ба гуфтаи ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ дар ВКД “ҳоло як гуруҳи вижа ба таҳқиқи ҳодиса сафарбар шудааст”.

Як корманди Раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон гуфт: “Ростӣ, гумонбарон ҳастанд, вале далели собит, ки дар даст нест, барои ҳамин гумонбарон боздошт нашудаанд. Кормандони мо сахт ва шабонарӯз меҳнат доранд, ки ҷинояткорон боздошт шаванд.”

Ҳодиса рӯзи 12-уми июн дар деҳаи Тарғоқи ноҳияи Ҷайҳун рух дод ва ҳанӯз сабаби куштор маълум нест. Пайвандони кушташудаҳо мегӯянд, ба хотири халал нарасонидан ба тафтишот ба онҳо гуфтаанд, ки аз суҳбат бо матбуот худдорӣ кунанд. Ноҳияи Ҷайҳун дар 161-километрии ҷануби Душанбе ва наздик ба сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Афғонистон ҷойгир аст. Аксар сокинонаш аз роҳи кишоварзӣ рӯзии худро таъмин мекунанд.

Дар гузашта низ ҳодисаҳое буданд, ки афроди дар ҷиноят дастдоштаро дар Тоҷикистон баъди солҳо ё моҳҳо баъд пайдо кардаанд. Соли 2016 мақомот хабар дода буданд, ки пас аз панҷ сол гиреҳи қатли як саррофро дар Суғд боз кардаанд. Онҳо Абдулло Эшонқуловро дар қатли Олимҷон Мирҳалимов, як сарроф дар Суғд муттаҳам донистанд, ки соли 2011 кушта шуда буд. Мақомот гуфтанд, ӯ пас аз қатл ба Русия фирор карда буд ва пайдо карданаш мушкил шуд.

Мақомот қатли 5 узви як хонаводаи тиллофурӯш дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро дар соли 2013 низ пас аз ду сол ошкор карданд. Маълум шуд, ки қотилон аъзои як хонавода будаанд ва нимашаб ба қасди ғорат ба хонаи тиллофурӯш Аҳмадхӯҷа Бобоев дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ворид гардида, ӯ, ҳамсараш Ҳаётхон Бобоева ва фарзандонашон Рухшона, Сӯҳроб ва Санҷарбекро кушта, хонаашонро оташ заданд. Ба гуфтаи мақомот, оилаи Раҳматовҳо моҳи декабри соли 2011 саррофон, падару писар Юлдош ва Фарҳод Бурҳоновҳоро низ дар назди хонаашон ҳадафи тир қарор доданд. Додгоҳ яке аз аъзои оилаи Раҳматовҳоро ба ҳабси якумриву дигарон, аз ҷумла ду зани ин хонаводаро ба муҳлатҳои тӯлонӣ ба зиндон фиристод.

Аммо мақомот мегӯянд, хонаводае, ки дар Ҷайҳун қатл шудаанд, чандон доро набуданд.

XS
SM
MD
LG