Дар Исроил давраи ҳукмронии Бенямин Нетаняҳу, дар мақоми сарвазири ин кишвар ба поён расид.
Ӯ 12 сол дар мақоми сарвазирӣ кор кардааст. Нетаняҳу баъди интихоботи 23-юми март натавонист ҳукумати навро ташкил кунад. Ӯ ҳангоми баромадаш дар Кнессет ё парлумони Исроил ҷойгузини эҳтимолии худ, Нафталӣ Баннетро танқид карда ваъда дод, ки ба зудӣ бармегардад.
Видеоро ин ҷо тамошо кунед:
Порлумони Исроил, рӯзи якшанбе ба ҳайати ҳукумати нав, ки сиёсатмадори ростгаро Нафталӣ Баннет ва аз чапгаро Яир Лапид пешниҳод шуда буд, овоз доданд. Сарвазир Бенямин Нетаняҳу, ки 12 сол сари қудрат буд, 23 юми март пас аз интихоботи чоруми ғайринавбатӣ дар ду сол, натавонист девони вазиронро ташкил кунад. Нетаняҳу, аз минбари парлумон, аз ҳамаи сокиноне, ки ба тарафдории ҳизби “Ликуд”-и ӯ овоз доданд, изҳори миннатдорӣ намуд. Ӯ ваъда дод, ки кор дар заминаи таъмини мавҷудияти давлати Исроил, амният ва шукуфоии онро идома медиҳад.
Вай Нафталӣ Беннеттро барои мақоми раҳбари ҳукумат як чеҳраи номуносиб ва шахсе номид, ки дар умури байналмилалӣ, аз ҷумла барномаи ҳастаии Эрон мавқеъ надорад.
“Сарвазири Исроил бояд ба президенти Иёлоти Муттаҳида оид ба масъалаҳое, ки ба мавҷудияти мо таҳдид мекунанд, не гуфта тавонад.”,--гуфт ӯ.
Вай ба онҳое, ки ҳоло дар Теҳрон хушҳолӣ мекунанд, инчунин ба созмони “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон ва “Ҳамос”-и Фаластин ҳушдор дод, ки “мо ба зудӣ бармегардем.” Ба рақибони сиёсии дохилӣ низ гуфт, ки набояд ором бошанд.
“Ман шуморо ба мубориза бо ин ҳукумати зараровар ва хатарноки чапгаро барои сарнагун кардани он равона мекунам. Бо ёрии Худо, ин зудтар аз оне, рух хоҳад дод, ки шумо фикр мекунед.”,-- Нетаняҳу.
Тарафдорони Нетаняҳу бо шиорзанӣ ба суханронии Нафталӣ Беннет халал мерасонданд. Беннет нахуствазири пешинро барои дастовардҳояш ва президенти Амрико Ҷо Байденро ба хотири дастгирӣ ба ҳангоми амалиёт дар Ғазза ташаккур гуфта, ҳамзамон оиди самти оядаи кораш ҳарф зад.
Вакилони ҷонибдори Нетаняҳу бадхашмона “шармандагӣ” ва “дуруғгӯ ” гуён фарёд мезаданд. Баъзе аз онҳоро муҳфизони парлумон аз толори маҷлисгоҳ берун намуданд.