Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тифле, ки дар Рӯшон дар роҳ ба дунё омад, ду моҳа шуд. Тарма ҳанӯз роҳро бастааст. ВИДЕО


Акси роҳи водии Бартанг ва навзоде, ки дар канори роҳ ба дунё омадааст
Акси роҳи водии Бартанг ва навзоде, ки дар канори роҳ ба дунё омадааст

Пизишкон саломати зани сокини деҳаи Ғудараи Рӯшонро, ки дар канори роҳ ҳангоми сафар ба беморхона кӯдак таваллуд карда буд, хуб арзёбӣ мекунанд.

Гулрез Мулояминова, сокини 26-солаи деҳаи Ғудараи ҷамоати Савноби водии Бартанг рӯзи 11-уми апрел барои ба дунё овардани тифлаш бояд ба таваллудхонаи Рӯшон мерафт. Роҳро тарма банд карда буд ва ӯ пас аз 6 километр пиёда рафтан дар канори роҳ, бо кӯмаки як зани ҳамроҳаш таваллуд кард. Аз ин деҳа то маркази Рӯшон 180 километр роҳ аст, ки тариқи мошин бинобар роҳҳои мушкилгузар 8 соат вақт лозим аст. Барои ин зан тақрибан ду рӯз лозим буд, ки пиёда то Рӯшон бирасад.

“Нофи кӯдакро бо корди ронанда буриданд”

Раҳматсаид Саркориев, шавҳари ин зан дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, тарма ва банд мондани мошинҳо ҳаракати нақлиётро ба марказ номумкин карда буд. Ӯ гуфт, ки дар деҳа момодоя нест ва занҳо имкони таваллуд надоштанд, аз ин рӯ, ҳамсараш ба марказ сафар кард. Ӯ фикр дошт, ки ҳамсараш ҳанӯз барои таваллуд чанд рӯзи дигар вақт дорад. “Ҳамон рӯз дар тарма як мошини боркаш дармонд ва роҳро баст. Ҳамсари ман бо хоҳарам пиёда ҳаракат карданд, ки ба деҳаи ободтаре бирасанд. Дарди зоданаш гирифт ва ҳамон ҷо дар болои тарма кӯдакро таваллуд кард. Қайчӣ набуд ва нофашро бо корди як ронандаи дармонда буридаанд”,--гуфт ӯ.

Деҳаи Ғудара дар водии Бартанги ноҳияи Рӯшон
Деҳаи Ғудара дар водии Бартанги ноҳияи Рӯшон

Ин мард мегӯяд, дар ин мавзеъ ҳатто телефони мобилӣ намегирад ва замоне аз ин ҳодиса бохабар шуд, ки духтараш ба дунё омада буд. Навзодро Нигина ном гузоштанд ва водидайнаш мегӯянд, оянда кӯмак мекунанд, то ӯ момодоя шавад.

Зиндагии сахт ва нархҳои осмонӣ дар дурдасттарин ҷамоат

Ин кӯдак, ду моҳ пеш дар назди тармаи бандмондае дар мавзеи Торбудара таваллуд шуд, ки масъулин умедворанд, онро гармӣ об хоҳад кард. Тармае, ки ба сокинони ҷамоати Савноб, дурдасттарин ҷамоат дар водии Бартанг мушкил эҷод кардааст, сесад метр дарозӣ ва даҳ метр баландӣ дорад ва ҳанӯз ба ҳаракати сокинон мушкил эҷод мекунад. Дар ҳашт деҳаи ин ҷамоат беш аз се ҳазор нафар зиндагӣ мекунад. Аз деҳоти он то маркази Рушон аз 180 то 140 километр роҳ аст.

Видео аз роҳе, ки онро тарма банд кардааст:

Иқбол Мирзошоев, ронандае, ки тариқи мошини навъи “Ландкрузер 105” аз Савноб ба Хоруғ мусофир мебарад, мегӯяд, тарма роҳи асосиро аз 26-уми март пурра баст ва онҳо ба дохили об, бо як сахтӣ то марказ мерасанд. Ӯ гуфт, ҳоло сатҳи оби рӯдхонаҳо низ баланд шудааст ва ҳаракат рӯз то рӯз хатарнок мешавад.

“Об роҳро бастааст, дар роҳи асосӣ тарма аст ва дигар гузашта намешавад. Ба дохили об меравем. Дар болооб барфу ях об мешавад ва сатҳи об баланд шудааст, ки ҳаракат хатарнок аст”,--гуфт ӯ.

Нуралӣ Абдулалиев, сокини деҳаи Рошорви ҷамоати Савноб мегӯяд, “тармае, ки роҳро баста буд, об мешавад ва роҳро харобатр мекунад.” Ӯ гуфт, ҳоло нархи молу маҳсулот низ бинобар харобии роҳ ба маротиб боло рафтааст. Масалан, агар як халта орд дар Хоруғ 245 сомонӣ бошад, дар Савноб то 300 сомонӣ нарх дорад. Ба гуфтаи сокинон, нархи молу маҳсулот ним баробар аз Хоруғ, маркази вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фарқ мекунад.

“Тарма худаш тобистон об мешавад”

Малабек Малабеков, раиси ҷамоати Савноби Рӯшон гуфт, ки воқеан даҳҳо сокин ба ӯ аз вуҷуди мушкили роҳ дар се моҳи ахир шикоят кардаанд ва ӯ арзи сокинонро ба мақомоти болоӣ расонидааст.

“Ҳатман мушкилот ҳал мешавад. Дуруст аст, ки ҳаракат ҳоло мушкил аст, лекин мақомоти болоӣ ба мо ваъда доданд, ки барои тоза кардани роҳ техника ҷудо мекунанд”,--гуфт ӯ.

Роҳ ба ҷамоати Савноб, ки онро тарма бастааст
Роҳ ба ҷамоати Савноб, ки онро тарма бастааст

Сокинон мегӯянд, тоза кардани роҳ бар дӯши Идораи роҳсозии Бартанг аст, ки бо вуҷуди ваъдаҳои батакрор ба тоза кардани роҳ ҷиддӣ иқдом намекунад.

Хайёл Давлатмамадов, сардори Идораи роҳсозии Бартанги ноҳияи Рӯшон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “роҳ дар ин водӣ боз аст ва мошинҳо озодона ҳаракат доранд”. Назаре, ки сокинон онро воқеӣ намедонанд ва мегӯянд, масъулини Идораи роҳсозӣ барояшон гуфтаанд, ки сабр кунанд, “гарм шудааст ва тарма худаш об мешавад”.

Ҳоло дар ҷамоати Савноб наздики даҳ зан ба мисли Гулрез интизори таваллуд ҳастанд. Дар ин ҷамоат момодоя нест ва онҳо бояд ба Рушон сафар кунанд. Мақомот мегӯянд, тариқи квотаи президенти чор соли пеш духтарони маҳаллӣ ба хондан ҷалб шудаанд ва имсол эҳтимолан нахустин момдояҳо дар ин ҷамоат пайдо шаванд.

XS
SM
MD
LG