Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Русия теъдоди гирифторони КОВИД-19 афзоиш ёфтааст


Ҳаракати сокинон бо ниқоби тиббӣ дар яке аз кӯчаҳои Маскав
Ҳаракати сокинон бо ниқоби тиббӣ дар яке аз кӯчаҳои Маскав

Пас аз афзоиши шумораи гирифторони коронавируси нав шаҳрдори Маскав як ҳафтаро “ғайрикорӣ” эълон кард.

Ин тасмим дар ҳолест, ки дар пойтахти Русия ва дигар шаҳрҳои ин кишвар теъдоди гирифторон ба коронавируси нав 47 дар сад афзоиш ёфтааст. Аз ҷумла, дар Маскав дар як рӯзи охир шумораи гирифторон ба ин вирус ду баробар афзуда, ба 6700 ҳолат расидааст.

Сергей Собянин, раиси шаҳри Маскав гуфт, ки тарабхонаҳо ва маконҳои ба ин монанд дигар пас аз соати 11:00 ба муштариён хидмат намекунанд. Ин вазъ то 20-уми июн давом хоҳад кард.

Ҳамзамон назорат барои риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, аз ҷумла пӯшидани ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятиро сахттар кардаанд. Дар сурати бе ниқоби тиббӣ ҳузур доштан дар ҷойи ҷамъиятӣ то 5000 рубл (70 доллар) ҷарима мекунанд.

Аз оғози пандемия дар Русия аз фавти беш аз 125,000 нафар аз коронавирус хабар додаанд.

XS
SM
MD
LG