Раҳбари хадамоти иктишофии “Моссад”, ки аз мақомаш меравад, ишора кард, ки Исроил дар ҳодисаҳои ахири ҳамла ба муассисаҳои ҳастаии Эрон даст дорад. Вале айни замон ӯ ба таври кушоду рӯшан масъулиятро ба дӯш нагирифт. Ёсӣ Коҳен, ки рӯзи 10 июн дар телевизиони исроилии Channel 12 сӯҳбат мекард, ишора кард, ки донишмандони эроние, ки дар муассисаҳои ҳастаӣ кор мекунанд, эҳтимолан мавриди ҳадаф қарор мегиранд. Суханронии Коҳен бо рӯзҳое рост омад, ки ҳукумати нахуствазир Бенямин Нетаняҳу дар ҳоли мушкил қарор дорад. Дар овоздиҳии 13 июн эҳтимолан ҳизби ҳокими Исроил аз қудрат канор меравад. ИМА гуфтааст, ки эҳтимоли бозгашт ба созиши соли 2015-и ҳастаӣ бо Эронро баррасӣ дорад. Вашингтон се сол пеш аз ин созиш хориҷ шуд, вале Исроил ҳоло мухолифи бозгашти ИМА ба созишномаи ҳастаии қудратҳо бо Эрон мебошад. Дар мусоҳибааш Коҳен аз корхонаи Натанз ва ҳам паёмадҳои ду таркиш дар ин муассиса тасвири хеле муфассал бо ҷузъиёташ дод. Коҳен ҳамчунин дар бораи куштори Муҳсин Фахризода, як донишманди эронӣ дар моҳи ноябр ҳам сӯҳбат кард. Бовар меравад, ки ин донишманд даҳсолаҳо пеш дар барномаи ҳастаии Эрон саҳм гирифтааст.