Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакилони тоҷикро ба зидди коронавирус эм кардаанд


Бинои порлумон
Бинои порлумон

Як гурӯҳ аз вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ваксинаи зидди коронавирус гирифтаанд. Рӯзи 9-уми июн пеш аз оғози ҷаласаи порлумон, масъулин аз вакилоне ки то ҳол ваксина нагирифтаанд, хоҳиш карданд, ки худро зидди коронавирус эм кунанд. Маҷлиси намояндагон 63 вакил дорад.

Мақомот мегӯянд, дар умум то ин дам беш аз 80 ҳазор кас дар Тоҷикистон ваксинаи зидди коронавирус гирифтанд.

Тоҷикистон дар моҳи марти имсол аз Ҳиндустон 192 ҳазор воя ваксинаи AstraZeneca оварда буд, вале "бино бар вазъи беҳдоштӣ дар он кишвар нақшаи дастрас кардани ваксинаи истеҳсоли Ҳиндустон тағйир ёфтааст".

Қарор аст, Тоҷикистон аз Чин ҳамчун ёрии башардӯстона 300 ҳазор воя (доза) ваксинаи CoronaVac гирад.

Ба иттилои расмӣ, дар умум сирояти бемории COVID-19 ба 13 ҳазору 308 кас дар Тоҷикистон тасдиқ шуда, 90 нафар аз ин беморӣ фавтидаанд. Омори ғайрирасмиро бештар аз ин медонанд. Вазорати тандурустӣ аз 10-уми январи имсол ба ин тараф дар бораи сироят нашудани коронавирус гузориш медиҳад, аммо шубҳаҳо боқист.

XS
SM
MD
LG