Эътилофи байналмилалии OneFreePress, қароргоҳаш дар Ню-Йорк, номи Ҳумайро Бахтиёр, хабарнигори тоҷикро дар рӯйхати даҳ нафари таҳти хатар қарор дод.
Ин рӯйхат, ки дар оғози моҳи июн тартиб дода шудааст, бо номи Роман Пратасевич, хабарнигори боздоштшуда дар Беларус оғоз ёфта, аз ҷумла исми Пӯён Ҳушҳол аз Эрон ва Наталя Зубкова аз Русияро низ дар бар мегирад.
Ҳумайро Бахтиёр, ки дар Аврупо қарор дорад, рӯзи 6-уми июн гуфт, ворид шудани номаш ба ин феҳрист "эътирофи вазъи бади озодии баён дар Тоҷикистон ва зери хатар будани рӯзноманигорони тоҷик аст."
Эътилоф дар мавриди ӯ навиштааст: "Рӯзноманигор ва фаъоли ҳуқуқи инсон, ки бештар масоили вобаста ба сиёсату коррупсияро бозтоб медиҳад, соли 2016 аз ночорӣ ба Иттиҳоди Аврупо паноҳанда шуд. Бо вуҷуди ин, худаш ҳамвора бо таъқибҳои онлайнӣ ва хонаводааш бо таҳдидҳои мақомоти Тоҷикистон рӯбарӯ ҳастанд."
Хабарнигори тоҷик, Ҳумайро Бахтиёр, пештар дар Радиои Имрӯз, нашрияву хабаргузории "Озодагон" ва "Азия-Плюс" кор карда, бо Пажӯҳишгоҳи инъикоси ҷанг ва сулҳ, "Анадолу" ва "Мавҷи Олмон" ҳамкорӣ дошт.
Эътилофи OneFreePress аз соли 2019 ҳар моҳ рӯйхати рӯзноманигоронеро, ки дар зиндон ҳастанд, бо таҳдид ва ё беадолатӣ мувоҷеҳанд, нашр мекунад. Масъулони созмон ҳадафи худро пуштибонӣ аз рӯзноманигороне донистаанд, ки барои баёни ҳақиқат дар саросари ҷаҳон зери хатар ҳастанд.
Кумитаи дифоъ аз журналистон – ҳамкор ва 32 расона, аз ҷумла Ал-Ҷазира, Ассошиэйтед Пресс, Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, Радиои Осиёи Озод, Ройтерз, Садои Амрико ва дигарон узви Эътилоф ҳастанд.
Тоҷикистонро солҳои охир барои вазъи бади озодии баён танқид мекунанд. Созмони Гузоришгарони бидуни марз кишварро дар шохис ё индекси имсолаи озодии баён дар муқоиса ба соле пеш як зина поин овард ва дар ҷойгоҳи 162-юм қарор дод.
Мақомоти Тоҷикистон бо чунин баҳогузорӣ розӣ нестанд, чун мегӯянд, дар кишвар ба беш аз 260 нашрияи мустақилу ҷамъиятӣ ва хусусӣ ва даҳ оҷонси хабарии ғайридавлатӣ иҷозаи фаъолият додаанд.