Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон вазъ дар минтақаи марзии Унжу-Булоқи ноҳияи Ҷон-Олойи вилояти Уш дар марз бо Тоҷикистонро "муташанниҷ" гуфтааст. Ин минтақаи Қирғизистон бо ноҳияи Лахши водии Рашти Тоҷикистон ҳаммарз мебошад.
Тибқи изҳороти ҷониби Қирғизистон, соати 3-и бомдоди 4-уми июн ҷониби Тоҷикистон дар минтақаи ҳанӯз аломатгузоринашуда дар дарунтар аз 1000 метр дар қаламрави Қирғизистон, контейнер ё вагонҳо ҷойгир кардааст.
Ба гуфтаи Хадамоти марзбонии Қирғизистон, дар қаламрави Тоҷикистон ҳамчунин таҷаммуи нерӯҳои низомӣ бо мошинҳои сабукрав ва техникаи зиреҳпуш мушоҳида шудааст.
Тарафи Тоҷикистон то кунун ба изҳороти ҷониби Қирғизистон вокуниш нишон надода ва дар бораи вази марз изҳороте нашр накардааст.
Ҷониби Қирғизистон мегӯяд, ки соати 6-и субҳи имруз ҷониби Тоҷикистон контейнерро дар минтақаи аломатгузоринашуда ҷойгир карда, одамон аз маҳали ҷойгиршавии он 600 метр ақиб гаштанд.
"Ҷониби Қирғизистон талош дорад дар сатҳи намояндаҳои марзбонии ҷонибҳо ин қазияро ҳал кунад. Аммо намояндагони марзбонии Тоҷикистон ба зангҳои телефонӣ ҷавоб намедиҳанд. Ниҳодҳои Хадамоти марзбонии Қирғизистон, ки дар ин минтақа ҷойгир ҳастанд, ба низоми сахти хизматӣ гузаштанд",-омадааст дар баёнияи Хадамоти марзбонии Қирғизистон.
Дар ҳамин ҳол, бахши қирғизии Радиои Озодӣ ба нақл аз Девони вазирони Қирғизистон хабар дод, ки барои ҳалли вазъияти пешомада Қамчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон, Назирбек Борубаев, намояндаи махсуси Девони вазирон дар умури марзӣ ва Абулат Мирзоев, раиси Оҷонсии давлатии заминҳои Қирғизистон ба маҳали ҳодиса рафтаанд.
Дар минтақаи Лахши Тоҷикистон қирғизтаборон ва тоҷиктаборон зиндагӣ мекунанд. Тоҷикистону Қирғизистонро дар ин минтақа гузаргоҳи марзии "Қарамиқ" ба ҳам мепайвандад.
Муносибати Тоҷикистону Қирғизистон пас аз муноқишаи 28-29-уми апрел ба сардӣ гароид. Дар ин муноқиша дар марзи вилояти Суғли Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон аз ду тараф беш аз 50 кас кушта ва зиёда аз 200 нафар маҷруҳ шуданд. Ҷонибҳо ҳамдигарро барои сар задани низоъ гунаҳкор ва тафтиши қазияро оғоз кардаанд.