Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Яке аз роҳбарони пешини ҲНИТ дар Суғд панҷ сол зиндонӣ шуд


Мирзои Ҳоҷимуҳаммад.
Мирзои Ҳоҷимуҳаммад.

Мирзои Ҳоҷимуҳаммад (Мирзоқул Ҳоҷиматов), пизишк ва яке аз раҳбарони пешини ҳизби ҳоло дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ дар вилояти Суғд, ба панҷ сол зиндон маҳкум шудааст. Мақомот ӯро 22-юми май боздошт ва ба узвият дар созмонҳои мамнуъ айбдор карданд. Наздиконаш ҳукмро беасос дониста мегӯянд, Мирзои Ҳоҷимуҳаммад баъд аз соли 2015 узви ягон ҳизбу гуруҳ набуд, балки дар бемористони вилояти Тюмени Русия кор мекард.

Як манбаи наздик ба тафтишот бо шарти зикр нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳукми Мирзоқул Ҳоҷиматов рӯзи 1-уми июн дар бинои СИЗО ё боздоштгоҳи муваққатии рақами 2 дар шаҳри Хуҷанд эълон шуд.

Вакили мудофеъ Абдусалом Дадобоев ҳам содир шудани ҳукмро тасдиқ кард ва гуфт, аз рӯйи қарори додгоҳ ба зинаи болоӣ шикоят мебаранд, вале аз ин зиёд шарҳ надод.

Тафтиши парвандаи Ҳоҷиматов тахминан 4 моҳ пеш сар шуда, ӯ замони тафтиш дар озодӣ буд. Мақомот рӯзи 22-юми май Ҳоҷиматовро дастгир карда, ба боздоштгоҳи муваққатӣ интиқол доданд. Баррасии парвандаро Додситонии ноҳияи Ашт анҷом додааст.

Наздиконаш гуфтанд, Мирзои Ҳоҷимуҳаммад (Мирзоқул Ҳоҷиматов) умедвор буд, қатъи фаъолияташ ҳамчун узви ҳизб ва бозгашташ ба Тоҷикистон метавонад, сабаби афв шуданаш гардад. Биноан, пас аз оғози парванда кишварро тарк накард. Наздиконаш мегӯянд, ба бегуноҳии ӯ бовар дошта, мунтазири ҳукми одилона буданд.

Ӯ аз соли 2019 дар вилояти Тюмени Русия кору зиндагӣ мекард ва 4-уми феврали имсол ба дидорбинии наздикон ба Тоҷикистон омада буд.

Мирзои Ҳоҷимуҳаммади 63-сола дар гузашта дар мақоми муовини раиси Ҳизби ҳоло дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ дар вилояти Суғд кор карда, ба қавли наздиконаш, моҳи апрели соли 2015 "бо хоҳиши худ аз сафи ҳизб берун шуда буд".

Ба иттилои наздикон, Мирзои Ҳоҷимуҳаммад дар пурсиши муфаттишон низ гуфтааст, ки фаъолияти сиёсӣ надорад ва бо аъзои пешини Ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ дар иртибот нест.

Мақомоти Тоҷикистон Ҳизби наҳзати исломиро дар кӯшиши табаддулоти моҳи сентябри соли 2015 гунаҳкор ва то кунун даҳҳо узв ва фаъолонашро боздошту зиндонӣ кардаанд.

Бархе аз аъзои он дар Аврупо паноҳанда шудаанд. Раҳбарони ҳизб даст доштани худро дар ҳодисаҳои моҳи сентябри соли 2015 рад кардаанд ва онро баҳонаи аз саҳнаи сиёсии Тоҷикистон берун рондани "дуюмин ҳизби сиёсии пуртарафдор" номиданд. Ин ҳизб дар соли 2015 бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон ифротгаро ва террористӣ эълон ва фаъолияташ дар қаламрави кишвар манъ шуд.

XS
SM
MD
LG