Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як моҳ пас аз задухӯрди мусаллаҳона: Оё Душанбеву Бишкек ба созиш мерасанд?


Деҳаи Хоҷаи Аъло, 30-юми апрели 2021
Деҳаи Хоҷаи Аъло, 30-юми апрели 2021

Таъсири пайомадҳои даргириҳои мусаллаҳона дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ба зиндагии шаҳрвандони одӣ идома дорад. Изҳоротҳои расмӣ дар бораи омодагии ҷонибҳо бо роҳи осоишта ҳал кардани масъалаи марз низ то ҳол шиддатро дар муносибатҳои ду давлати ҳамсоя кам накардааст. Коршиносон ба ин суол, ки рушди минбаъдаи вазъ дар байни давлатҳои ҳамсоя чӣ гуна хоҳад буд, посухи рӯшан надоранд.

Ҳарду ҷониб бояд дарк кунанд, ки ҳаёти одамон аз ҳама гуна амалиёти ҳарбӣ ва сиёсӣ муҳимтар аст.
Эрика Марат

Пас аз як моҳи даргириҳои мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, таниш дар равобити миёни кишварҳо коҳиш намеёбад. Бишкек шаби 26-уми май вуруди мусофирони ширкати "Сомон Эйр"-ро ба Қирғизистон манъ кард ва пас аз чаҳори соати интизорӣ ҳавопаймо бо 200 мусофир иҷборан ба Душанбе баргашт. Тақрибан 100 шаҳрванди дигари Тоҷикистон, ки барои ин парвоз билет харида буданд, натавонистанд парвоз кунанд.

Ин тасмим дар асоси қарори Девони Вазирони Қирғизистон аз 21-уми май қабул шудааст, ки вуруд, баромадан ва будубоши шаҳрвандони Тоҷикистонро дар қаламрави Қирғизистон манъ мекунад. Бишкек ин тасмимро асоснок накард, аммо таъкид кард, ки он муваққатан то ба даст овардани созиш дар масъалаи марз эътибор хоҳад дошт.

Ба мусофирони ин ҳавопаймо иҷозат надоданд, ки вориди хоки Қирғизистон шаванд
Ба мусофирони ин ҳавопаймо иҷозат надоданд, ки вориди хоки Қирғизистон шаванд

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз шаҳрвандон даъват кард, аз ҳамагуна сафар ба Қирғизистон худдорӣ кунанд ва кишварҳои сеюмро барои транзит интихоб кунанд.

Ин иттифоқ боис ба боло гирифтани эҳсосот дар шабакаҳои иҷтимоӣ гардид, ки дар он корбарони ду кишвар ба якдигар дар шакли ниҳоят оштинопазир посух медиҳанд. Дар доираи мавҷи гуфтугузорҳои хашин мавқеи онҳое, ки ба бархӯрди оқилона ва мусолиматомез даъват мекунанд, амалан ноаён аст. Шубҳаҳо дар бораи он ки мақомоти ду кишвар битавонанд ба тавофуқ бирасанд ва созишномаҳоро иҷроӣ кунанд, беихтиёр дар ҳоли афзоиш аст.

Гуфтушунид дар пасманзари фишорҳо

Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин

Дар ҳамин ҳол, сарони ҳар ду кишвар дар фурсатҳои гуногун ба Маскав рафта, бо президенти Русия Владимир Путин мулоқот карданд, ки дар он ҷо дар ҷараёни музокирот масъалаи низои марзӣ низ баррасӣ шуд. Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов аз ниятҳои худ барои ҳалли масъалаҳо, танҳо тавассути гуфтушунид, сухан карданд.

Ғайр аз он, гурӯҳҳои харитасозии Тоҷикистону Қирғизистон (бори охир аз 13 то 17-уми май дар Душанбе ва аз он пеш, аз 5 то 9-уми май, дар шаҳри Уш вохӯрданд) ба кор идома медиҳанд ва дар пайи он протоколҳои махфӣ ба имзо расиданд.

Содир Ҷабборов ва Владимир Путин
Содир Ҷабборов ва Владимир Путин

Рӯзи 2-юми май раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев ҳангоми мулоқот бо сокинони маҳаллии деҳаи Мақсад дар вилояти Бодканд гуфт, барои то 9-уми май ба анҷом расонидани тасвири 112 километр марзи Тоҷикистону Қирғизистон амр дода шудааст

Хатари шиддатёбии вазъ

Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари сиёсии мустақил аз Тоҷикистон, мегӯяд, сарфи назар аз талошҳои мақомоти ду кишвар барои ҳалли низоъ, маҷмӯи зиддунақизиҳое марбут ба захираҳои обӣ, мавзеъҳои баҳсии гирди Ворух ва мақоми ҳуқуқии роҳи Исфара ба Ворух вуҷуд доранд, ки ҳалли онҳо сода нахоҳад буд.

Парвиз Муллоҷонов
Парвиз Муллоҷонов

"Фарқи байни кишварҳо дар он аст, ки мақомоти Тоҷикистон, бешубҳа метавонанд мардуми худро барои гузаштҳо мутақоид кунанд, зеро дорои як қудрати қавии амудӣ аст. Дар Қирғизистон афкори ҷамъиятӣ ва нерӯҳои сиёсӣ дар ҳоли оштинопазир қарор доранд ва гузаштҳо имкон доранд ба далоили сиёсӣ рад карда шаванд, то мавқеи мақомот дучори халал шавад", - гуфт Муллоҷонов.

Ба қавли ӯ, сатҳи зиддиятҳо дар маҳаллҳо хеле баланд аст ва агар мақомот натавонанд ба тавофуқ бирасанд, пас, кӯчактарин баҳона метавонад вазъро бадтар кунад.

Сергей Абашин
Сергей Абашин
Таърихнигори маъруфи Русия, коршиноси Осиёи Марказӣ Сергей Абашин низ дар саҳифаи худ дар Фейсбук назари худро дар бораи ин даргириҳо навиштааст: "… ҳоло диллемаҳои душвор сар задаанд. Хатарҳои шиддатёбии ҳарду ҷониб ва васвасаи нерӯҳои гуногун ба василаи абзорӣ кардани эҳсосот ва пархошгарӣ ба нафъи онҳо дар ҳоли афзоиш аст. Ва ин хостаҳо ҳар қадар қавитар бошанд, қатъ кардану ба самти дигар гаштан душвортар мешавад. Ҳамзамон, ин дурнамои даҳшатнок бояд касонеро, ки ҷонибдори мавқеи муътадилсозии хатти даррозмуддати стратегии мусолиматомез ҳастанд, тақвият ва басиҷ кунад. Сиёсати пайгирии созишҳои мустақил лозим аст. Ҳамчунин эҷоди сохторҳои умумиминтақавии доимии ҳамоҳангсозӣ, барномарезӣ ва мудирият зарур аст. Ниёз аст, ки талошҳои систематик барои аз миён бурдани мушкилоти марз ва шиорҳои миллигароёна сурат бигирад."

"Рӯйкарди инсонгароёна ба ҷойи дипломатӣ"

Дар ҳамин ҳол, дар пасманзари даргириҳои марзӣ ва номуайянии вазъ дар Қирғизистон, иловаҳо ба лоиҳаи қонун "Дар бораи комиссарҳои сарҳадӣ" ба муҳокимаи умум пешниҳод карда шуданд, ки ба нафарони ваколатдор имкон медиҳад, пас аз омӯзиш силоҳ бигиранд ва ба марзбонон дар ҳифзи сарҳад ёрӣ кунанд.

Ҷониби Тоҷикистон расман дар бораи ин ташаббус садо баланд накард, аммо бо назардошти нигоштаҳои дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин ташаббус дар миёни аҳолии нуқтаҳои марзӣ вокуниши бисёр манфиеро ба бор овардааст.

Ғайр аз он, раиси ҷумҳури Қирғизистон дар сухани табрикотии худ ба муносибати рӯзи нерӯҳои мусаллаҳ зарурати таъсиси дружинаҳои мардумиро барои омода кардани сатҳи омодагии баланди сафарбаркунии аҳолӣ дар минтақаҳои наздимарзӣ изҳор кард. Дар фазои иттилоотии Тоҷикистон ин изҳорот низ бо эҳтиёт қабул карда шуданд.

Эрика Марат, профессори Донишгоҳи дифои миллӣ дар Вашингтон, бар ин аст, ки беҳтарин роҳи ҳалли масъалаҳои марзӣ муносибати башардӯстона аст.\ "Ҳарду ҷониб бояд дарк кунанд, ки ҳаёти одамон аз ҳама гуна амалиёти ҳарбӣ ва сиёсӣ муҳимтар аст ва бино ба таҷрибаи ҷаҳонӣ яке аз роҳҳои берун рафтан на аломатгузории марз, балки эҷоди минтақае аст, ки ҳар ду тараф розӣ ҳастанд он ба касе тааллуқ надорад, вале аҳолӣ худро амн эҳсос мекунад", - таъкид мекунад коршинос.

Дар баробари ин вай чунин мешуморад, ки барои Осиёи Марказӣ чунин рӯйкард метавонад бар зарари манфиатҳои миллӣ дониста шавад. Ба гуфтаи ӯ, аҳолии Қирғизистон метавонад, муқовимат кунад, агар Тоҷикистон ҳатто тавассути музокирот баъзе ҳудудҳоро ба даст орад. Ва агар дар Тоҷикистон мардум аз интиқоди ҳукумат даст кашанд, дар Қирғизистон он ба мавҷудияти режими сиёсии кунунӣ ба таври қобили мулоҳиза таҳдид мекунад.

Ба назар мерасад, ки Бишкеки расмӣ ҳам чунин пиндор дорад. Агар қабл аз даргириҳои мусаллаҳона мақомоти Қирғизистон дар бораи масоили марзӣ ошкоро суҳбат мекарданд, акнун онҳо махфияти қатъиро нигоҳ медоранд. Далелаш он аст, ки рӯзи 27-уми май, ҳангоми сафари Содир Ҷабборов ба ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд ва мулоқот бо ҷабрдидагон, намояндагони расонаҳо даъват нашуданд.

"На низоъву на роҳҳалҳо"

Темур Умаров, коршиноси Маркази Карнегии Маскав, шубҳа дорад, ки ҷонибҳо дар ояндаи наздик метавонанд масоили марзиро ҳал кунанд. "Бо ин режимҳои сиёсӣ, ки ҳоло дар ду давлат мавҷуданд, ғайриимкон аст. Ҳарду ҷониб машрӯияти худро ба пуштибонии ҷомеа марбут медонанд ва аз рӯҳияи мардум вобастагии зиёд доранд. Ҳарду ҷониб бо алоқамандиҳои миллатгароии мардум бозӣ мекунанд ва гузашт намекунанд, зеро ин дар ҷомеа ҳамчун нишонаи заъфу сустӣ қабул мешавад", - мегӯяд Умаров.

Темур Умаров
Темур Умаров

Ба гуфтаи ӯ, марҳилаи доғи даргириҳо такрор нахоҳад шуд, зеро ба давлатҳо талафоти бузурге таҳдид мекунад, аммо даргириҳо ва ҳаводиси хурде метавонанд идома ёбанд.

Дарозии марзҳои Қирғизистон бо Тоҷикистон 970 километрро ташкил медиҳад, ки аз ин 519 километри он муайяну нишонагузорӣ шудаасту боқимонда номуайян аст.

Рӯзҳои 28-30-юми апрел дар марзи Қирғизистон ва Тоҷикистон даргириҳои мусаллаҳона сар зад, ки дар натиҷа садҳо нафар маҷруҳ шуданд. Мақомоти Тоҷикистон дар бораи 19 кушта ва 87 захмӣ хабар доданд. Тибқи иттилои мақомоти Қирғизистон, беш аз 180 кас маҷрӯҳ шуда, 36 нафар фавтидаанд.

XS
SM
MD
LG