Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Миҷгона ва Шоира дар қаҳрамонии бокси Осиё медалҳои биринҷӣ гирифтанд


Ду варзишгари тоҷик - Миҷгона Самадова ва Шоира Зулқайнарова - дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё-2021, ки дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб ҷараён дорад, медалҳои биринҷӣ ба даст оварданд.

Ҳарду варзишгари тоҷик дар сабқати занон дар даври ниманиҳоӣ аз рақибонашон шикаст хӯрданд. Миҷгона Самадова дар вазни то 57 кг қувваозмоиро ба намояндаи Узбекистон Ситора Турдибекова бо ҳисоби 0:5 бохт. Шоира Зулқайнарова дар вазни то 60 кг аз варзишгари Индонезия Ҳасанан Ҳусватун бо ҳисоби 2:3 мағлуб шуд.
Ба ҷуз аз медали биринҷӣ, ҳарду варзишгари тоҷик бо ҷоизапулӣ ба маблағи 2500 доллари ИМА сарфароз гардиданд.

Мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё, ки дар Дубай то 31-уми май идома меёбад, аз рӯи 10 дараҷаи вазнӣ миёни занон (48 кг; 51 кг; 54 кг; 57 кг; 60 кг; 64 кг; 69 кг; 75 кг; 81 кг; +81 кг) ва 10 дараҷаи вазнӣ миёни мардон (49 кг; 52 кг; 56 кг; 60 кг; 64 кг; 69 кг; 75 кг; 81 кг; 91 кг; +91 кг) сурат гирифтааст.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 11 муштзан шомил аст. Аз байни онҳо боз ду нафар дар сабқати мардон ба нимфинал роҳ пайдо карданд.

Имрӯз, 28-уми май, дар нимфинал Баҳодур Усмонов, қаҳрамони феълии Осиё, дар вазни то 64 кг бо Шива Тана аз Ҳиндустон ва Шаббос Неъматуллоев дар вазни то 81 кг бо Дилшод Рӯзиметов аз Узбекистон вориди рақобат мешаванд.

Ғолибони қаҳрамонии бокси Осиё дар Дубай бори аввал дар таърихи ин мусобиқаи қитъавӣ аз Ассотсиатсияи байналмилалии бокси ҳаваскорӣ (AIBA) мукофотпулӣ мегиранд. Маблағи умумии ҷоизаҳо 400 000 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Барои варзишгароне, ки дар вазни худ (ҳам мардон, ҳам занон) ҷойи аввалро мегиранд, 10 000 доллар, барои ҷойи дуюм 5000 доллар ва барои ду ҷойи сеюм 2500-долларӣ супурда мешавад.


Ёдовар мешавем, Баҳодур Усмонов ва Шаббос Негматуллоев Тоҷикистонро дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио, ки аз 23-юми июл то 8-уми августи соли равон баргузор мешавад, намояндагӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG