Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, ҷониби Қирғизистон бе огоҳии расмӣ ва қаблӣ, ҳавопаймои "Сомон Эйр"-и Тоҷикистонро дар фурудгоҳи Бишкек қабул накард.
Як ҳавопаймои "Сомон Эйр"-и Тоҷикистон, ки шаби 25-уми май ба Бишкек парвоз карда буд, пас аз чаҳор соати интизорӣ, субҳи 26-уми май дубора бо мусофиронаш ба Душанбе пас гашт. Мақомоти Қирғизистон ба тақрибан 200 мусофири ҳавопаймо иҷозаи вуруд ба хоки ин кишварро надоданд.
Дар Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 26-уми май ба Радиои Озодӣ гуфтан
д, аз ҷониби Қирғизистон маълумоте дарёфт накарда буданд, ки ин парвозро қабул намекунанд. "Вобаста ба ин масъала ҷониби Қирғизистон ба мо ҳеч маълумоти расмӣ пешниҳод накардааст", -- афзуд манбаъ. Дар вазорат айни замон гуфтанд, дар робита ба ин рухдод дертар маълумот хоҳанд дод.
Айни замон ҳудуди сад мусофири дигари тоҷик, ки бояд аз Қирғизистон ба Тоҷикистон баргарданд, дар фурудгоҳи Бишкек банд мондаанд. Чанде аз мусофирон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, пеш аз парвоз ҳеч кас онҳоро дар бораи баста будани марзҳои Қирғизистон ба рӯйи шаҳрвандони Тоҷикистон огоҳ накарда буд.
Ин дар ҳолест, ки Улуғбек Марипов, раиси девони вазирони Қирғизистон, рӯзи 24-уми май гуфт, "чанде пеш дар бораи комилан қатъ кардани равуо тавассути марзи давлатӣ бо Тоҷикистон қарор қабул шуд". Вай афзуд, ин вазъ то замони ҳалли баҳсҳои марзӣ идома хоҳад кард.
Пештар Абубакр Шодиев, консули тоҷик дар Бишкек, гуфт, талош доранд, ки мушкилро дар гуфтугӯ бо мақомоти қирғиз ҳал кунад, вале барояш гуфтаанд, ҳавопаймои "Сомон Эйр" бояд ба Тоҷикистон баргардад. Мақомоти Қирғизистон гуфтаанд, ки вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба хоки ин кишвар аз рӯзи 24-уми май манъ шудааст.
Хабари баста шудани марз бо Тоҷикистон дар расонаҳои Қирғизистон рӯзе пеш бо такя ба гуфтаи Улуғбек Марипов, раиси девони вазирони Қирғизистон, пайдо шуд. Ӯ гуфта буд, ки то ҳалли масъалаҳо марз баста мемонад.
"Масъалаи марз барои мо дар ҳоли ҳозир яке аз масоили муҳим аст. Ҳамаи талош ба харҷ дода мешавад, ки ин масъала ҳал карда шавад. Мо онро ҳатман ҳал мекунем... Ба иловаи муайянсозӣ ва аломатгузории марз мо ҳадаф гузоштаем, ки ҳифзи онро тақвият бахшем. Барои ин ҳамаи шароити лозимро барои марзбонон фароҳам меорем. Дар масъалаи тақвияти ҳифзи марз сокинони маҳаллӣ ҳам нақши калидӣ доранд. Аз ин рӯ, Шуморо ба сабру таҳаммул даъват мекунам", - гуфт раиси девони вазирони Қирғизистон.
Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон рӯзи 25-уми май шарҳеро ба нашр расонда, гуфт, бино бар қарори ҳукумати ин кишвар аз 21-уми май барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар равуо ба воситаи қаламрави Қирғизистон "маҳдудиятҳои муваққатӣ" ҷорӣ мешавад. Аммо бино бар ин шарҳ, маҳдудиятҳо ба гузаргоҳҳои заминии "Кулунду-Автодорожний, Қайрағоч-Автодорожний, Қизил-Бел-Автодорожний, Бордебо-Автодорожний ва Қарамиқ-Автодорожний" дахл доранд, ки дар марзи байни ду давлат ҷойгиранд.
Ҳамзамон кормандони намояндагиҳои дипломатии ду кишвар ва аъзои оилаҳои онҳо, инчунин, кормандони намояндагиҳои дипломатии давлатҳои хориҷӣ, ташкилоти байналмилалӣ ва аъзои оилаи онҳо аз ин қарор истисноянд.
Дар шарҳи КДАМ-и Қирғизистон гуфта мешавад, "шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон, ки дар қаламрави Тоҷикистон ҳастанд, метавонанд ба Қирғизистон баргарданд ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Қирғизистон мебошанд, метавонанд тавассути гузаргоҳҳо дар сарҳади давлатии Қирғизистон ба Тоҷикистон раванд."
Дар ин қарор дар бораи роҳҳои ҳавоӣ чизе гуфта нашудааст. Мақомоти ҳавонавардии Тоҷикистон низ мегӯянд, аз дахл доштани қарор ба роҳҳои ҳавоӣ хабар надоштаанд.