Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз "Парасту"-и имсола танқид карданд, мақомот "қаҳрамонӣ" донистанд


Доварону фарҳангшиносон аз сатҳи пасти ҳунарнамоӣ ва куллан тарзи баргузории ҷашнвораи театрии “Парасту” дар Тоҷикистон сахт танқид карданд. Масъулони Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар посух ба танқидҳо гуфтанд, дар шароити маҳдудиятҳои вобаста ба ҳамагирии COVID-19 баргузор шудани ҷашнвора худ як воқеаи мусбат аст.

Ёздаҳ театри Тоҷикистон то имрӯз намоишномаи ҷашнии худро пешкаши тамошобинон ва ҳакамони ҷашнвораи “Парасту” карданд. Қарор аст, шоми 25-уми май ҳакамон барандаи ҷашнвораро эълон кунанд, аммо рӯзи 24-уми май дар Вазорати фарҳанг мизи гирди ҳунармандон ва коршиносон дар мавзӯи вазъ ва дурнамои театри тоҷик баргузор шуд.

"Ҳоло камбудҳо зиёданд"

Маҳмадулло Табаров, роҳбари гурӯҳи ҳакамони ҷашнвораи “Парасту”, дар суханрониаш аз сатҳи пасти намоишномаҳои пешниҳодӣ ва ташкили ҷашнвора интиқод кард. Ба гуфтаи ӯ, кор ба ҷое расидааст, ки “мутаассифона, на ба театри мо “Парасту” даркор аст ва на ба “Парасту” театри мо”.

“Агар дар як ҷашнвора як ё ду намоишномаи хуб намоиш дода шавад, пас ҷашнвора муваффақ дониста мешавад. Хушбахтона, то ҳоло мо чаҳор намоишномаи хуберо дидем, ки ба талаботи ҷашнвора ҷавобгӯянд. Аммо бояд дар мавзӯи вазъи театрҳои тоҷик ҷиддӣ андеша кунем. Сатҳи ҷашнвораҳои пешинаи мо хеле баланд буд. Ҳоло камбудиҳо зиёданд”, -- гуфт ӯ.

Табаров пешниҳод кард, ки барои рӯи саҳна омадани намоишномаҳои сатҳи ҷаҳонӣ бояд давраҳои омӯзишӣ барои драмнависон ва коргардонҳо баргузор гардад, то хатоҳои гузашта дар оянда такрор нашаванд.

Обидҷон Назарзода, муовини аввали вазири фарҳанги Тоҷикистон, дар посух ба чунин эродҳо гуфт, ҷашнвораи “Парасту”-и имсола дар шароити душворе баргузор шуд.

Вай афзуд: “Соле қабл тамоми сайёраро беморие фаро гирифт ва то ҳол нишонаҳои он идома доранд. Бо ин вуҷуд, мо қаҳрамонӣ нишон дода, ин ҷашнвораро баргузор кардем. Набояд фаромӯш кунем, ки соли гузашта дари бештаре аз театрҳо баста буд. Мо садоқати худро ба ҳунар нишон додем”.

Ҳунармандон аз дидори якдигар шоданд

Ҳунармандони тоҷик аз баргузории ин ҷашнвора баъд аз маҳдудиятҳои соли гузашта истиқбол мекунанд. Сабоҳат Қосимова, роҳбари тетри “Аҳорун”, мегӯяд, ҷашнвора шароитеро фароҳам мекунад, ки ҳунармандони театрҳои мухталифи кишвар бо фаъолияти ҳамдигар ошно шаванд.

“Дуруст аст, ки соли гузашта бо дастури Вазорати тандурустӣ дари бештаре аз театрҳо баста буд. Аммо мо кор мекардем, зеро ба ҳунарманди асил фарқ надорад, ки дар берун чӣ вазъ аст. Ҳунармандони асил дар шароити аз ин бадтар ҳам эҷод мекарданд”, --афзуд ӯ.

Марям Исоева, ҳунарманди театри ба номи Абулқосим Лоҳутӣ мегӯяд, тӯли як соли гузашта аз дидори ҳамкасбони худ дар театрҳои дигари кишвар маҳрум шуда буд: “Аз намоишномаҳои ҳамкасбон эҳсос кардам, ки дар шароити маҳдудиятҳо ҳамаи ҳунармандон дар самти ҷустуҷӯ қарор доранд. Мутмаинам, бо чунин шеваи эҷодиёт дар ояндаи наздик мо шоҳиди пешрафтҳои театрӣ хоҳем шуд”.

"Бойкот", чаро?

Дар ҳамин ҳол, Далери Имомалӣ, хабарнигори тоҷик, ки масоили фарҳангиро пайгирӣ мекунад, қабл аз оғози ҷашнвора расман эълом дошт, ки онро таҳрим мекунад. Вай дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ далели чунин тасмимашро шарҳ дод:

Далери Имомалӣ
Далери Имомалӣ

“Вазорати фарҳанг аз миёни 18 театр ёздаҳторо интихоб карда, намоишномаҳои сатҳи пасти онҳоро пешкаши тамошобинон кард. Интихоби намоишномаҳо аз сӯйи ин вазорат худ ғалат буд. Яъне, ҳунармандони театрҳои музофотӣ бо маоши 800 ё 1000 сомонӣ ба умеде фаъолият мекунанд, ки ба ҷашнвора ба Душанбе мераванд, аммо масъулони вазорат мегӯянд, ки не. Дар ин сурат, ишқи ин ҳунарманд ба театр коста мешавад. Ҳамчунин, ширкаткунандаҳои ин ҷашнвора дар меҳмонхонае дар Душанбе бо кайку шабушкҳо дар шароити бади беҳдоштӣ зиндагӣ мекунанд.”

Ахиран Далери Имомалӣ бо Малика Ҷӯрабекова, дар гузашта муовини раиси Ходимони театрии Тоҷикистон ва яке аз бунёдгузорони ҷашнвораи “Парасту” сӯҳбати видеоӣ анҷом дод. Ҷӯрабекова, ки феълан дар хориҷ аз Тоҷикистон зиндагӣ мекунад, гуфт, “ҳадафи асосии ҷашнвора боло бурдани сатҳи ҳирфаии ҳунармандон ва театрҳои тоҷик будааст”.

Вай афзудааст, аз вазъи театрҳои кишвар огаҳӣ дорад, вале мутмаин нест, ки “Обидҷон Назарзода, бо вуҷуди ҳунарманди хуб буданаш, имкони хуби баргузории ин ҷашнвораро гумон аст, ки дар ихтиёр дошта бошад”.

Ҳарчанд ҳоло ҷашнвораи “Парасту” дар ду сол як бор баргузор мешавад, ҳунармандони тоҷик хостори онанд, ки чунин ҷашнвора ҳарсола шавад, то шароит барои табодули таҷриба афзоиш ёбад.

XS
SM
MD
LG