Ҳошимҷон Сафаров, сокини ноҳияи Зафаробод, дар Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ҳамагӣ нӯҳ рӯз хонд. Ӯ бар асари ҷароҳатҳои бардоштааш моҳи августи соли 2018 дар бемористон ҷон дод.
Ташхис нишон дод, ки косахонаи сараш шикаставу гулӯяш ҷароҳат дорад. Дар зонуи росташ ҳам осори ҷароҳат буд. Намефаҳмидем, чаро бо вуҷуди далелҳои ошкор мақомот ҳодисаро таҳқиқ намекунанд. Чаро намепурсанд, кӣ ӯро зад?Абдураҳмон Сафаров
Абдураҳмон Сафаров ва Гулнора Бобоева, волидони Ҳошимҷон Сафаров, ҷасади ӯро дар зодгоҳ дафн карда, бо нияти адолатҷӯйӣ ба Душанбе омаданд. Онҳо мегӯянд, тақрибан ҳеч идораи ҳифзи ҳуқуқ намонд, ки сар назадаву напурсида бошанд, кӣ ва чаро фарзанди онҳоро "кушт"? Додгоҳ ду нафарро дар ин ҳодиса гунаҳкор ва зиндонӣ кард, аммо вакилони маҳкумшудаҳо гуфта буданд, ки бо ҳукм розӣ нестанд. Волидони донишҷӯйи кушташуда низ.
"Гуфт, "командир" мешавам..."
Падару модари Ҳошимҷон Сафаров дар деҳаи Хайрободи ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд зиндагӣ мекунанд. Абдураҳмон Сафаров мегӯяд, кори асосии оила деҳқонист, аммо камубеш чорводорӣ ҳам мекунанд. Суҳбати мо дар бораи воқеае, ки се сол пеш рух додаву барои хонавода ҳанӯз таъсир дорад, миёнаҳои моҳи майи имсол сурат гирифт.
Қиссаро модари Ҳошимҷон шуруъ кард: "Як бародарам соли 1996 ҳангоми адои хидмати сарбозӣ дар Сағирдашти ноҳияи Дарвоз беному нишон шуд. Ба модарам ваъда дода будам, ки яке аз писаронро "командир" мекунам, то гӯри тағояшонро ёбанд. Аз писаронам мепурсидам, “командир” мешавед? Аксарият “не” мегуфтанд. Писари чаҳорумам, Ҳошимҷон, розӣ буд. Бо ин ният дар солҳои охири мактабхонӣ бисёр варзиш мекард."
Ба гуфтаи волидон, Ҳошимҷон Сафаров соли 2000-ум ба дунё омада, ҳангоми таваллуд панҷ кило вазн доштааст. Ба нақли онҳо, замони шомил шудан ба Донишкадаи олии сарҳадии КДАМ дар соли 2018 қадаш тақрибан ду метр буд.
"Имтиҳонҳои дохилшавиро ба хубӣ супорид. Баъд аз қабул шудан ба донишкада 20-уми июли соли 2018 ба хона омад. 29-уми июл аз хона баромад. Гуфт, ки дарс якуми август оғоз мешавад. Ба Душанбе рафт. Тақрибан 5-6-уми август занг зад, ки ба тамрин ба минтақаи Лоҳур мераванд", -- ба нақлаш идома дод модар.
Ба ёд овардани он рӯзҳо барояш осон нест. Гоҳ гиря мекунад ва гоҳе маҷбур мешавад, барои чанд лаҳза сукут кунад: "Шаби 9-уми август эҳсос мекардам, ки Ҳошимҷони маро заданд. Шаби 10-уми август худаш занг зад ва гуфт, "маззаам нест, гӯлуям дард мекунад, почаҳоям қувват надоранд". Фардояш занг зад, ки дар "госпитал" бистарӣ шудааст.”
Дар парвандаи марги Ҳошимҷон Сафаров низ навиштаанд, ки ӯ рӯзи 9-уми августи соли 2018 латукӯб шудааст.
Волидони Ҳошимҷон Сафаров мегӯянд, писари худро 13-уми август дар бемористони ҳарбӣ дар шаҳри Душанбе диданд. "Бачаам мисли чӯби хушк шуда буд. Аҳволаш бисёр даҳшатнок буд", -- ба ёд меорад Гулнора Бобоева.
Баъдан, Ҳошимҷон Сафаров, донишҷӯи соли аввали Донишкадаи олии сарҳадии КДАМ, аз 14 то 16-уми август дар шифохонаи касалиҳои сироятӣ дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе беҳушу беёд хобидааст. "Рӯзи 16-уми август хабар доданд, ки писарат вафот кард. Ташхиси тиббиву додгоҳӣ гузаронида, ҷасадашро ба Зафаробод овардему дафн кардем. Орзуи маро ҷомаи амал напӯшонд, бачаам "командир" нашуд, гӯри тағояш то абад беному нишон монд", - афзуд Бобоева.
Аз як идора ба идораи дигар
Баъд аз дафни Ҳошимҷон Сафаров падару модар ба Душанбе рафтаанд, то ҷузъиёти марги писари худро фаҳманд. Ба ҷустуҷӯи посух ба чанд суоли содда: бо писари онҳо чӣ рух дод? Агар ӯ латукӯб шудааст, пас, кӣ зад? Гуноҳаш чӣ буд?
Онҳо мегӯянд, посухи ин суолҳоро аз масъулони бемористони низомиву Донишкадаи марзбонӣ, Додситонии куллу ҳукумати Душанбе, Дастгоҳи иҷроияи президент, нирӯҳои сарҳадии КДАМ, Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе ва Додгоҳи олӣ пурсиданд.
"Дар паси дари баъзе аз идораҳо 3-4 рӯз мунтазир мемондем. Нигаҳбонон мегуфтанд, ки сардорҳо нестанд. Фардо биёед. Фардо, ки мешуд, боз мегуфтанд, фардои дигар биёед. Дағаливу нописандӣ зиёд буд, аммо барои марги писарамон посух меҷустему наметавонистем бидуни посух ба хона баргардем", -- гуфт Абдураҳмон Сафаров.
Танҳо дар моҳи декабри соли 2018 – баъд аз тақрибан панҷ моҳи марги Ҳошимҷон Сафаров – Додситонии ҳарбии гарнизони Душанбе дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз кард. Падари донишҷӯйи фавтида мегӯяд, бо вуҷуди ин ки ташхиси тиббиву додгоҳӣ латукӯб шудани писарашро тасдиқ карда буд, мақомоти масъул дар тафтишу ҷалби сабабгорони латукӯб ё шиканҷаи писараш шитоб намекарданд.
Ташхис чиро нишон дод? Маҳкумшудаҳо чӣ гуфтанд?
"Ташхис нишон дод, ки косахонаи сари писарам шикаставу гулӯяш ҷароҳат дорад. Дар зонуи росташ ҳам осори ҷароҳат дида мешуд. Намефаҳмидем, ки чаро бо вуҷуди ин ҳама далелҳои ошкор мақомот ҳодисаро таҳқиқ намекунанд? Чаро намепурсанд, ки ӯро кӣ зад? Чаро зад?" -- мегӯяд Сафаров.
Пас аз чанд моҳи таҳқиқ Додгоҳи низомии гарнизони Душанбе яке аз омӯзгорони Донишкадаи олии сарҳадии КДАМ - Рамазон Абдураҳимовро бо гумони берун рафтан аз салоҳиятҳои хидматӣ ва латукӯби Ҳошимҷон Сафаров боздошт кард. Дертар пойи омӯзгори дигари донишкада – Ҷаҳонгир Давлатов ба ин қазия кашида шуд.
Баъди бештар аз 1,5 соли тафтишу муҳокимаи додгоҳӣ – ин ду омӯзгори Донишкадаи олии сарҳадӣ дар латукӯби Ҳошимҷон Сафаров айбдор ва моҳи сентябри соли 2020 ҳаштсолӣ зиндонӣ шуданд.
Дар мурофиаҳои додгоҳӣ адвокатҳои маҳкумшудаҳо гуфтаанд, курсант бар асари беморӣ фавтидааст, на латукӯби омӯзгорон. Додрас ҳангоми эълони ҳукм гуфт, чунин иддао асоси худро наёфта, санадҳои тиббӣ нишон додааст, ки Ҳошимҷон Сафаров пеш аз омадан ба донишкада солим будааст.
Бо ин ҳол, Додгоҳ бар асоси қонуни афви соли 2019 аз се як ҳиссаи ҳукми маҳкумшудаҳоро кам кард. Дар ҳоле ки назари ин ду омӯзгор дар робита ба ҳукми додгоҳ маълум нест, хешовандон дар суҳбат бо расонаҳо гуфта буданд, ки омӯзгорон дар латту кӯби Ҳошимҷон Сафаров даст надоранд. Додраси парванда низ гуфта буд, ки Абдураҳимов ва Давлатов дар мурофиаҳои додгоҳӣ худро бегуноҳ ҳисобидаанд.
Зиндагӣ дар байни Зафаробод - Душанбе
"Агарчи ҳукми додгоҳ содир шуд, вале мо қаноатманд нестем. Чаро писари моро бераҳмона задаанд? Ба ин суол посух пайдо накардем. Парванда бояд бо моддаи шиканҷа бандубаст мешуд ва ба омилони шиканҷаи писари мо ҷазои сахттар раво дида мешуд. Аз ин рӯ, ба додгоҳи кассатсионӣ аризаи даъвогӣ бурдаем”, -- мегӯяд Абдураҳмон Сафаров.
Аз ӯ пурсидем, ки ангезаи ҳақталабӣ ва ҷустуҷӯйи омилони марги писараш чӣ будааст?
Сафаров гуфт: "Виҷдонам ором нагузошт. Агар имрӯз бо писари ман ин муомиларо раво диданд, фардову пасфардо бо писарони дигарон чунин ё аз ин бадтарро раво мебинанд. Се сол аст, ки чаҳор рӯз дар Зафаробод, 14 рӯз дар Душанбе ҳастам; ё як ҳафта дар Зафаробод, як моҳ дар Душанбе. Барои сафару хонаи иҷора ва харҷҳои дигар беш аз 250 ҳазор сомонӣ қарздор шудам. Ҳамааш барои ин ки гунаҳкорони марги писарамро пайдо кунам ва ба ҷавобгарӣ кашам."