Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро ҳукумат ба ташаббуси мардумӣ дахолат кард? ВИДЕО


Чаро ҳукумат нагузошт мардум кумак кунад?

Чаро ба ҷомеаи шаҳрвандӣ роҳ дода нашуд, ки кумаки худро ба осебдидагони ҷанҷол дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон расонад?

Ва чаро ҷомеа бо шӯру шавқ мехост, ёриҳояшро ба воситаи ташаббускорони худ дастраси мардуми Ворух, Хоҷаи Аъло, Чоркуҳ ва дигар маҳалҳои зарардида кунад, аммо талаби мақомот шӯру шавқро хомӯш кард? Ниҳоят чаро ҳукумат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин кор натавонистанд, бо ҳам забон ёбанд ва ҳамкорӣ кунанд?

Агар ёдатон бошад, пас аз як дархости мақомоти расмӣ аз ҷомеаи шаҳрвандӣ барои фиристодани пули кумак ба як ҳисоби давлатӣ, фаъолон ин кумакҳоро ба хайрхоҳон баргардонданд.

Мирзонабии Холиқзод дар ин барнома масъаларо бо Саидҷаъфар Усмонзода, раиси ҳизби демократ ва вакили парлумон ва Абдумалик Қодиров, коршиноси масоили сиёсӣ ин дафъа дар бораи талошҳои кумак ба осебдидагони ҷанг дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон баҳсе орост.

Иқтибосҳо аз барнома:

Абдумалик Қодиров: “Агар ки хайр кардӣ, як дона тухм ҳам хайр кардӣ он ҳам хайр аст ва агар 100 кило тило ҳам хайр кардӣ, он ҳам хайр аст. Механизми ин хайр тағйир намеёбад. Агар мардум ба касе бовар карданд ва бойгарии худро ба у доданд, ки бурда хайр кун. Ин нишонаи он аст, ки ин одам, ин мақом дар байни ҷомеа обрӯе пайдо кардааст ва ба ӯ бовар доранд.”

Саидҷаъфар Усмонзода: “Албатта дахолати ҳукумат айнан дар ҳамин ҳолат нодуруст буд. Вакил ҳаст, мо Шӯрои ҷамъиятӣ дорем ва ба воситаи ниҳодҳои ҷамъиятие, ки дар фазои сиёсии ҷомеа фаъолият мекунанд, метавонистанд, кумакро бирасонанд. Ҷомеаи шаҳрвандиро сафарбар мекарданд, ки ин кумак ба мардум бирасад.”

Раҳгузаре дар Душанбе: “Бояд бо ҳукумат маслиҳат мекарданд, аниқ мекарданд ва баъд корро медиданд.”

Саидҷаъфар Усмонзода: “Ман маъзарат мехоҳам, ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳам дар як мушкилоти андак гӯиё, ки ба зону зад, дигар ҳеч коре карда натавонист.Ҳамин қарори ҳукумат нест, ё ягон сохтор мактубе равон кардааст, нест.”

Абдумалик Қодиров: “Мундариҷаи суҳбатҳои мардум дар кучаҳо як чиз аст, эътимод ба ин ё он шахс ва ё эътимод ба ин он мақом. Эътимод бо фармон сохта намешавад, эътимод дар як рӯз пайдо намешавад.”

Видеоро ин ҷо бубинед:

Чаро ҳукумат ба ташаббуси мардумӣ дахолат кард?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:30:02 0:00

XS
SM
MD
LG