Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Занозании муҳоҷирони тоҷику қирғиз дар Маскав. 6 кас захмӣ, 9 нафар дастгир шудаанд


Полиси Маскав. Акс аз бойгонӣ
Полиси Маскав. Акс аз бойгонӣ

Хабаргузории расмии ТАСС (Русия) иттилоъ дод, ки як гурӯҳ аз шаҳрвандони Тоҷикистону Қирғизистон дар шаҳри Маскав занозанӣ кардаанд. Дар натиҷа, шаш захмиро барои муолиҷа ба шифохона ва нӯҳ каси дигарро барои тафтишоти иловагӣ ба идораи полис бурдаанд.

Хадамоти матбуоти Идораи полиси Маскав рӯзи 19-уми май ба ТАСС гуфтааст, занозанӣ байни муҳоҷирон дар як қаҳвахона дар ҷанубу ғарби Маскав сар зад, вале маълум нест аз тарафи кӣ.

Манбаъ афзудааст, ду нафар барои вайрон кардани қонунгузории муҳоҷират (то 7 ҳазор рубл ҷарима ё ихроҷ аз ҳудуди Русия) ва ҳафт кас ба майдаавбошӣ (то 1 ҳазор рубл ҷарима ва ё 15 рӯз ҳабми маъмурӣ) муттаҳаманд.

Намояндагии расмии Тоҷикистон дар Русия то ҳанӯз қазияро шарҳ надодааст. Рӯшан нест, чӣ қадар аз муҳоҷирони тоҷик дастгир ва ё ба бемористон бурда шуданд.

Як манбаи ТАСС дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гуфтааст, муноқишаи лафзӣ байни шаҳрвандон ба задухӯрд печид ва дар он 15 нафар аз шаҳрвандони Қирғизистону Тоҷикистон иштирок карданд.

Дар гузашта низ байни муҳоҷирони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Русия бар сари кору пул муноқиша сар задааст, вале баъзе аз расонаҳо ҳодисаи охирро дар пасманзари ҷанҷоли сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон нигаронкунанда хондаанд.

Хабаргузории расмии Русия навишт, ки ба иттилои пешакӣ ё муқаддамотии тафтишот, муноқиша бар асари хусумати шахсӣ рӯй додааст.

XS
SM
MD
LG