Раиси Оҷонси авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон манъи парвози ҳавопаймоҳои "Северний ветер" ва "Сибир"-ро аз Душанбеву Хуҷанд ба Русия ба нархи гарони билетҳо рабт дод. Намояндагони ширкатҳо мегӯянд, ин иддао дуруст нест. Дар ҳоле ки ду тараф худро ҳақ мешуморанд, садҳо мусофир як ҳафта боз дар фурудгоҳҳо банд мондаанд.
Сабаб: Нархи гарони билет ё ҳавопаймоҳои бузург?
Икром Субҳонзода, раиси Оҷонси авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон, рӯзи 18-уми май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: "Нархи миёнаи билет аз 6 ҳазор сомонӣ то 8,5 ҳазор сомонӣ аст. Ин ширкатҳо ба 13-14 ҳазор сомонӣ фурӯхтаанд. Ҳоло иҷоза додем, ки ба таври истисноӣ мусофирони бандмондаро бибаранд, аммо то замоне ки нархро поин наоранд, иҷозаи парвоз намедиҳем."
Ин дар ҳолест, ки пештар баъзе аз манобеъ гуфта буданд, баҳси ҷонибҳо бар сари ҳавопаймоҳои бузурге аст, ки ширкатҳои русӣ барои бурдани мусофирон ба Тоҷикистон овардаанд. Субҳонзода инро низ сарфи назар накард, вале гуфт, сабаби асосӣ нархи гарони билетҳост.
Намояндагони ширкати “Северний ветер”-и Русия мегӯянд, онҳо қимати чиптаҳои парвозро аз Тоҷикистон ба Русия аз меъёри таъиншуда боло накардаанд. Фирӯзҷон Юнусов, намояндаи ширкат, рӯзи 18-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, билетҳоро аз 8 ҳазору 800 сомонӣ зиёд нафурӯхтаанд.
"Аз якуми июн нарх арзонтар мешавад. Мо аз гарон фурӯхтани чиптаҳо хабар надорем. Агар нарх гарон аст, ҷавобгар хазиначиҳои билетфурӯшӣ ҳастанд. Метавонанд аб азидди онҳо даъво кунад. Нархи билети мо расман 8 ҳазору 800 сомонӣ муайян шудааст", -- афзуд ӯ.
"Бачаҳо билетро ба 12 ҳазору 700 сомонӣ хариданд"
Пештар Оҷонси авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон аз ширкатҳои русӣ хоста буд, билетҳоро аз 8 ҳазор сомонӣ гарон нафурӯшанд, вагарна аз ҳаққи парвоз маҳрум мешаванд. Икром Субҳонзода мегӯяд, айни чунин ҳушдорро ба ширкатҳои "Уралские авиалинии" ва "UTair" низ додаанд.
Ин дар ҳолест, ки баъзе аз мусофирон дар суҳбат бо мо қимати билетҳои харидаашонро бештар 12 ҳазор сомонӣ гуфтанд. Мақсудалӣ Юлдошев, сокини ноҳияи Қубодиён, гуфт, "дирӯз бачаҳо билетро ба 12 ҳазору 700 сомонӣ хариданд".
Дар ҳоле ки баҳс миёни ширкатҳои ҳавопаймоии Русия ва Оҷонси авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон идома дорад, мусофирон шикоят доранд, ки онҳо зарари моливу равонӣ мебинанд.
Фозил Имомназаров, сокини ноҳияи Шаҳритус, мегӯяд, як ҳафта боз мунтазири парвози ҳавопаймо аз Душанбе ба Русия аст. Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт, намояндагони ширкат бори охир ба онҳо ваъда додаанд, ки парвоз рӯзи 20-уми май сурат хоҳад гирифта, вале ба ин ваъда бовар надоранд.
"Ягон кас ба доди мо намерасад. Як ҳафта шуд, ки дар наздикии фурудгоҳ, дар даруни боғ хобем", -- шикоят кард ӯ.
Кӣ ҷуброн мепардозад?
Баъзе аз мусофирон нақл карданд, то 3 дафъа маълумотномаи ташхиси COVID-19-ро харида, барои равуо ва хӯрокворӣ пули зиёде харҷ кардаанд. Онҳо мепурсанд, ки дар чунин вазъ ҷуброни зарарро кӣ хоҳад пардохт?
Ширкатҳои ҳавопаймоие, ки муштариёнашон дар фурудгоҳҳо дармондаанд, ба ин назарнд, ки дар чунин ҳол ҷуброни хароҷоти мусофирон ва бо ҷойи хоб таъмин кардан бар дӯши онҳо нест. Фирӯзҷон Юнусов, намояндаи ширкати “Северний ветер", гуфт, агар таъхири сафари мусофирон бо гуноҳи ширкат мешуд, харҷи мусофиронро медоданд, аммо ҳоло на.
"Ин ҷо Оҷонси авиатсияи гражданӣ иҷозат надодааст, то ҳавопаймоҳо парвоз накунанд", -- гуфт ӯ.
Аксҳои бештар аз Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе:
Мусофирони бандмонда мегӯянд, ҳоло мехоҳанд, баҳси байни мақомоти тоҷику ширкатҳои ҳавопаймоии Русия зуд хотима ёфта, роҳи онҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ, ки манбаи асосии таъмини рӯзгори хонаводаашон аст, кушода шавад.