Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СҶТ мегӯяд, 55 соат кор дар ҳафта инсонро мекушад


Ба гуфтаи мутахассисон кори тӯлонӣ ва беш аз ҳад сабаби марги садҳо ҳазор одам мешавад.
Ба гуфтаи мутахассисон кори тӯлонӣ ва беш аз ҳад сабаби марги садҳо ҳазор одам мешавад.

Бино ба таҳқиқоти ду ниҳоди Созмони Милали Муттаҳид, шахсоне, ки дар як ҳафта бештар аз 55 соат кор мекунанд, бо хатари марги пеш аз вақт ё нобаҳангом (бар асари бемориҳои дил) рӯ ба рӯ ҳастанд.

Пажуҳиши мазкур аз ҷониби Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ва Созмони Ҷаҳонии Кор анҷом шуда, рӯзи 17-уми май дар маҷаллаи "Environment International" нашр шуд. Ин нахустини омӯзиши ҷаҳонӣ аст, ки ба таҳқиқи хатари кори зиёд ба саломатӣ бахшида шудааст. Он дар солҳои пеш аз пандемия (2000-2016) ва бар асоси даҳҳо таҳқиқоти дигар ва санҷиши саломатии ҳазорҳо нафар омода шудааст.

Мария Нейра, сардори раёсати муҳит, тағйири иқлим ва саломатӣ дар Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ, гуфт, "беш аз 55 соат кор кардан дар як ҳафта хатарҳои ҷиддӣ дорад". Вай афзуд, натиҷаҳои таҳқиқот як ҳушдор ба ҳукуматҳо, кордиҳандагон ва коргарон аст, то бидонанд, ки кори тӯлонӣ сабаби рӯйирости марги инсон шуда метавонад.

Масалан, таҳқиқи донишмандон маълум кардааст, ки кори 55-соата дар як ҳафта дар 35 дарсади ҳолатҳо метавонад хатари гирифторӣ ба сактаи мағзӣ ва дар 17 дарсади ҳолатҳо сабаби марг бар асари дарди дилро ба бор орад. Ин хулоса дар натиҷаи муқоисаи чунин муддати кор бо 35 то 40 соати кории ҳафта ба даст омадааст.

Аз соли 2000 то 2016 маълум шудааст, ки марги инсонҳо бо сабаби дарди дил аз кори дарозмуддат 42 дарсад афзуда, ҳолатҳои сактаи мағзӣ 19 дарсад боло рафтаанд. Танҳо дар соли 2016 ҳисоб шудааст, ки 488 миллион нафар дар ҷаҳон беш аз 55 соат дар ҳафта кор карда, дар натиҷа, 398 ҳазор нафари онҳо аз сактаи мағзӣ ва 347 ҳазор нафар аз бемориҳои дил даргузаштаанд.

Аксари ин ҳолатҳои марг дар миёни шахсони аз 60 то 79-сола сабт шудааст, ки дар синни 45-74-солагиашон ҳафтае 55-соатӣ кор кардаанд.

СҶТ ин оморро ташвишовар номида, онро бо истилоҳи “сӯхтан дар ҷойи кор” ташреҳ додааст.

Гузориш, инчунин, мегӯяд, пандемияи COVID-19 метавонад, тамоюли тамдиди соатҳои кориро эҷод кунад. Дабири кулли Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ Тедрос Аданом Гебреисус гуфт, ки пандемия шакли кори бисёриҳоро тағйир дод.

Ӯ гуфт, барои бисёре аз соҳаҳо кори фосилавии коргарон як чизи маъмулӣ шудааст, вале дар ин шароит марзи миёни соати кориву фурсати озод аз кор пок мешавад. Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоле ки кордиҳанда аз рӯйи реҷаи маъмулӣ пули коргарро пардохт мекунад, коргар соатҳои дарозтар сари кор мемонад.

Тедрос гуфт: “Ҳукуматҳову кордиҳандагон ва коргарон бояд бо ҳам мувофиқа карда, соатҳои кориро дар маҳдудаи муайян, ба хотири ҳимояти саломатии коргар танзим кунанд”.

XS
SM
MD
LG