Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанҷоли нав байни Арманистону Озарбойҷон. Путин хост, оташбаси Қаробоғи Кӯҳиро риоя кунанд


Дар пасманзари ҷанҷолҳои нав миёни Арманистону Озарбойҷон, ки баъд аз ним соли ҷанг дар Қаробоғи Кӯҳӣ сар зад, президенти Русия Владимир Путин ба зарурати "назорати қотеъ"-и созиши оташбас даъват намуд.

Арманистон Озарбойҷонро ба он гунаҳкор кард, ки чанд километр ба дарунтари марзҳои ҷанубии кишвараш ворид шуда, мехоҳад, қаламравҳоеро аз худ кунад. Озарбойҷон ин иттиҳомотро рад карда, гуфт, нирӯҳои ин кишвар дар қаламрави худ мавқеъ гирифтаанд ва баръакс раҳбарияти Арманистонро муттаҳам кард, ки дар пешорӯи интихоботи пеш аз мӯҳлат мехоҳад, ба қазия тобиши сиёсӣ диҳад.

Ҷанҷоли нав дар ҳолест, ки Арманистону Озарбойҷон тирамоҳи соли гузашта дар Қаробоғи Кӯҳӣ ҷанги шашҳафтаина доштанд. Аз ҳарду ҷониб 6 ҳазор кас кушта шуд. Ҷанг моҳи ноябри соли 2020 бо миёнравии Русия ва созиши оташбас поён ёфт. Дар натиҷа, Арманистон қаламравҳоеро, ки дар он даҳсолаҳои охир арманитаборон мезистанд, ба Озарбойҷон бозпас дод.

Раиси ҷумҳури Русия дар сӯҳбати телефонии шоми 13-уми май бо иҷрокунандаи вазифаи нахуствазири Арманистон, Никол Пашинян, бори дигар уҳдадории Маскавро барои роҳ надодан ба бесуботӣ дар минтақа такрор кардааст. Ӯ гуфтааст, ҷонибҳо пеш аз ҳама бояд дар бораи риояи оташбас биандешанд.

Сӯҳбати телефонии ду раҳбар чанд соат баъд аз он буд, ки президенти Фаронса, Эммануэл Макрон, аз Озарбойҷон талаб намуд, нирӯҳояшро аз қаламравҳои Арманистон, ки ба онҳо "ҳуҷум кардааст", ақиб кашад.

Макрон дар Facebook навишт: "Нирӯҳои мусаллаҳи Озарбойҷон ба қаламрави Арманистон ҳуҷум карданд. Онҳо бояд билофосила берун шаванд." Вай афзуд: "Бори дигар ба мардуми Арманистон мегӯям: "Фаронса дар мавқеи ҳамраъйӣ қарор дорад ва дар ҳамин мавқеаш мемонад."

Президенти Фаронса, инчунин, изҳори умед кард, ки Шӯрои амнияти Созмони Милал метавонад, барои таъмини субот дар минтақа ёрӣ расонад. Дар матлабе Пашинян аз Макрон барои "чунин бархӯрди дӯстона" ташаккур гуфт.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати корҳои хориҷии Амрико ҳарду тарафро ба "хештандорӣ" ва ҳалли сулҳомези вазъият даъват намуд. Вашингтон гуфтааст, гузоришҳоро дар бораи афзоиши таниш дар марзи байни Озарбойҷону Арманистон аз наздик пайгирӣ мекунад.

Нед Прайс, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Амрико, гуфтааст, "тавре дарк мекунем, муколамаи байни тарафҳо идома дорад ва даъват мекунем, ки вазъият сулҳомез ҳал шавад."

Ереван рӯзи 12-уми май нирӯҳои Озарбойҷонро дар он гунаҳкор кард, ки 3,5 километр ба дарунтари вилояти Сюник ворид шуда, рӯзи дигараш ду қитъаи дигари сарҳади Арманистону Озарбойҷонро рахна кардаанд. Озарбойҷон гуфтааст, сарҳади байни ду кишвар пас аз фурӯпошии Шӯравии собиқ нишонагузорӣ нашудааст.

Дар изҳороти мақомоти ин кишвар омадааст: "Ба бовари мо, талошҳои мақомот барои тобиши сиёсӣ додани ин қазия пеш аз интихоботи Арманистон пазируфтанӣ нест."

Ин хабарҳо дар ҳолест, ки мақомоти низомии Арманистону Озарбойҷон дар сарҳад барои ҳалли баҳс ташкили ҷаласа мекунанд. Тибқи гузоришҳо, дар ин музокираҳо, инчунин, нирӯҳои посдори сулҳи Русия, ки дар минтақа ҳузур доранд, иштирок мекунанд. Музокираҳои ахир дар Сюник чанд соат идома кардааст, вале ҳеҷ хулосаи дақиқе дар поёни ин сӯҳбатҳо нашр нашуд.

XS
SM
MD
LG