Манижа Сангин, овозхонаи зодаи Тоҷикистон, ки дар озмуни "Евровидение" Русияро намояндагӣ мекунад, ба куштори хонандагони мактаб дар Қазону Кобул вокуниш кард ва ин ҳамлаҳоро "хушунати ғайри қобили қабул" номид.
Ӯ рӯзи 12-уми май пеш аз нишасти матбуотӣ дар Роттердам гуфт, "дар Қазон фоҷиаи бузурге рӯй дод. Дар натиҷаи хушунат ва зӯроварӣ мо наврасони зиёдеро аз даст додем." "Дар ин лаҳзаҳо ёфтани сухани мувофиқ мушкил аст, то ба наздикони қурбониён изҳор кунем. Ману ҳамкоронам Шуморо дастгирӣ мекунем", -- афзуд Манижа.
Як ҷавони 19-сола рӯзи 11-уми май ба дохили гимназияи шаҳри Қазон ворид шуда, ба сӯи муаллимаву хонандагон тир кушод. Дар натиҷа, нӯҳ нафар кушта шудаву садҳо кас дар изтиробу тарс бинои дудолудро тарк карданд.
Овозхони маъруф Манижа дар Роттердам аз наврасон даъват кард, ки мушкили худро пинҳон накунанд: "Агар Шумо дастгириро ҳис намекунед ё вазъи мактабро намефаҳмед, хомӯш набошед. Дар ин бора дар мактабу хона бигӯед. Дӯст пайдо кунед, ки Шуморо шунавад ва кумак кунад. Шумо барои хешовандон, дӯстон, кишваратон ва тамоми ҷаҳон зарур ҳастед."
Сароянда ба қазияи ҳамла ба як мактаби духтарона дар Афғонистон ҳам вокуниш кард, ки дар пайи он 85 нафар ва аксаран духтарони мактабхон қурбон шуданд. Манижа гуфт, "ҳамаи ин хушунат аст ва ғайри қобили қабул."
Манижа Сангини 29-сола, овозхони тоҷики муқими шаҳри Маскав, рӯзи 8-уми марти имсол дар натиҷаи овоздиҳии тамошобинони шабакаи аввали Русия ғолиб шинохта шуд ва ҳамакнун дар сабқати таронаҳо дар "Евровидение" аз Русия намояндагӣ хоҳад кард.
Пирӯзии духтари тоҷики шаҳрванди Русия дар бахши миллии озмуни бонуфуз баҳси зиёде эҷод кард. Дар ҳоле ки бисёриҳо аз ширкати ин овозхон ҷонибдорӣ кардаанд, иддае дигар бо ишора ба тоҷик буданаш бо натиҷаҳои озмун мухолифат доранд.
Чеҳраҳои сиёсие ба мисли Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсияи Русия ва Владимир Жириновский, раиси Ҳизби либерал-демократи он кишвар аз матни таронаи “Зани рус”, ки Манижа Сангин ба озмуни "Евровидение" интихоб кардааст, интиқод карданд.
Манижа феълан омодагии ниҳоиро барои ширкат дар озмуни “Евровидение” паси сар дорад. Рӯзи 12-уми май суруди Russian Woman-и ӯ дар шакли ниҳоӣ пешниҳод шуд.
Рӯзноманигирон, ки дар бораи Манижа маълумоти зиёд доштанд, ҳангоми нишасти хабарӣ аз ӯ хостанд "бо забони тоҷикӣ бисарояд". Манижа чанд мисраъ суруди халқиро замзама кард, ки боис ба кафкӯбиҳои зиёд шуд.
"Евровидение" имсол аз 18 то 22-юми май дар шаҳри Роттердами Ҳолланд ва бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ доир мешавад. Соли гузашта ин озмун бинобар пандемияи коронавирус баргузор нашуда буд.