Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як сол бе Каромат Шарифов, ҳомии шинохтаи муҳоҷирони тоҷик


Каромат Шарифов. Акс аз соли 2019
Каромат Шарифов. Акс аз соли 2019

Аз марги Каромат Шарифов, раҳбари пешини "Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик" дар Русия, як сол гузашт. Гуруҳе аз муҳоҷирон ӯро пуштибони воқеии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия медонистанд, вале зоҳиран мақомоти Маскаву Душанбе аз амалкардҳои мустақилонаи ӯ хушнуд набуданд.

Мақомоти Русия ӯро моҳи декабри соли 2017 аз шаҳрвандии он кишвар маҳрум карда, ба Тоҷикистон фиристоданд. Кӯшишҳои пайдарпайи Каромат Шарифов дар додгоҳҳои Тоҷикистону Русия барои бозгашт ба Маскав натиҷа надоданд ва ӯ рӯзи 9-уми майи соли 2020 бар асари бемории дил даргузашт.

Кореро анҷом медод, ки мебоист ҳукумати кишвар кунад. Ӯ аз зумраи касоне буд, ки "сарбози ватан" мегӯянд, сарбози ҷабҳаи шаъну шараф, сарбози ҷабҳаи номус.
Абдумалик Қодиров

"Ҳуқуқи муҳоҷиронро бо мақомоти болоӣ баҳс мекард"

Чанде аз муҳоҷирони тоҷик дар Русия гуфтанд, бо гузашти замон ҳарчи бештар ба пуштибонии шахсоне чун Каромат Шарифов эҳтиёҷ пайдо мекунанд, бахусус ба гуфтаи онҳо, ҳангоме ки корфармоён пули онҳоро намедиҳанд. Мақомоти Тоҷикистон ҳар сол гузориш медиҳанд, ки миллионҳо рубли муҳоҷиронро аз корфармоёнашон рӯёндаанд, аммо муҳоҷирон мегӯянд, ин кӯшишҳо басанда нест ва бо як ниҳод набояд маҳдуд шавад.

Баҳрулло Одинаев, яке аз ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия, гуфт, ҳоло муҳоҷирони зиёде дар гӯшаҳои Русия ба дастгирӣ ниёз доранд, аммо барои ҳалли мушкилашон ҳомие надоранд.

"Каромат Шарифов ҳуқуқи муҳоҷиронро дар сатҳи боло, дар долонҳои Додситонии кул ва Вазорати корҳои дохилии Русия мебардошт, ҳимоят мекард. Вақте дар барномаи "Наша Раша" тоҷикҳоро бо номи "Равшану Ҷамшуд" ба мазҳака кашиданд, ӯ ба масъулони ин барнома эътироз кард ва онҳоро водор кард, ки узр пурсанд", -- гуфт Баҳрулло Одинаев рӯзи 9-уми май дар суҳбат бо мо.

"Ҳама якҷоя" дар ивази "Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик"

Шаҳоб Шарифов
Шаҳоб Шарифов

Пайвандонаш мегӯянд, баъд аз ихроҷи Каромат Шарифов аз Русия, созмони зери раҳбарии ӯ низ аз байн рафт. Ҳоло онҳо барои ҳимоят аз ҳаққи муҳоҷирон созмони "Ҳама якҷоя"-ро ташкил кардаанд. Шаҳоб Шарифов, писари Каромат Шарифов, гуфт, "вақте падарам дар Русия буд, баҳсу кашокаш миёни диаспораҳо намешуд. Ё агар дар ягон ҷо ҳодисае рух медод, зуд рафта, ором мекард. Дар созмони ӯ чанд ҳуқуқдон буданд. Вақте муҳоҷиронро ба боздоштгоҳ мебурданд, зуд ба кумаки онҳо мешитофтанд."

Баъзе аз намояндагони созмонҳои тоҷикон дар Русия Каромат Шарифовро барои изҳоротҳои моҷароёна муттаҳам карда, бовар доштанд, ӯ дар пайи касби нуфуз ва ба даст овардани фоида аст. Масъулони Додситонии минтақаи Люблино дар Маскав дар пайи моҷарои марбут ба латукӯби як муҳоҷири тоҷик дар моҳи сентябри 2017 Каромат Шарифовро дар ташкили эътирозҳои даҳҳо муҳоҷир айбдор карда буд.

Аммо писараш Умед Шарифов мегӯяд, аксар муҳоҷироне, ки ба падараш муроҷиат мекарданд, дармондаву дастнигар буданд: "Пас аз сари падарам интизор доштем, ки Иззат Амон низоми пуштибонӣ аз муҳоҷирони тоҷикро ба даст мегирад ва имкони ҳимоят аз муҳоҷирон бештар мешавад. Ӯро ҳам бурданд. Ҳоло вазъи муҳоҷирон хуб нест ва ҳомиёни муҳоҷирон низ имкони дурусти фаъолият надоранд. Ҷойи афсӯс аст."

Иззат Амон, ки ҳоло дар боздоштгоҳи Душанбе ба сар мебарад, як сол пеш гуфта буд, ки "марги Каромат Шарифов ғайри қобили таҳаммул аст. Муҳофизони ҳуқуқи муҳоҷирон ҳамагӣ се-чор нафар ҳастанд, бештар нестанд. Боз мо як нафари калидиро аз даст додем."

Сарнавиштҳои монанд

Чаҳор сол пеш Додгоҳи шаҳри Маскав бо судури қароре Шарифовро аз қаламрави ин кишвар берун кард ва сабабашро "бо тақаллуб ба даст овардани шиносномаи Русия" шарҳ дод. Каромат Шарифов то охир ихроҷашро аз Русия кори як гуруҳи ғаразнок медонист, ки фаъолиятҳои ӯ барои ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирон ба ин гурӯҳ зарба мезад.

Абдумалик Қодиров, таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, "Каромат кореро анҷом медод, ки мебоист ҳукумати кишвар кунад. Ӯ аз зумраи касоне буд, ки "сарбози ватан" мегӯянд, сарбози ҷабҳаи шаъну шараф, сарбози ҷабҳаи номус."

Каромат Шарифов соли 1963 дар ноҳияи Файзобод таваллуд шуда, соли 1984 мактаби олии ҳарбии Симфереполро хатм кардааст. То соли 2000 ҳамчун афсари нерӯҳои мусаллаҳи Русия дар кишвар хидмат кардааст. Соли 2007 Ҷунбиши муҳоҷирони кории тоҷикро дар Русия ташкил кард ва ба ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирон машғул буд. Ӯро дар зодгоҳаш, ноҳияи Файзобод, дафн карданд.

Дар чанд соли охир чанде аз ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон ва раҳбарони диаспораҳои тоҷикон дар Русия боздошт ва бархе аз онҳо аз ҳаққи шаҳрвандии он кишвар маҳрум ва сипас ба Тоҷикистон фиристода шудаанд.

  • Иззат Амон, раиси "Маркази тоҷикон", рӯзи 25-уми марти имсол дар шаҳри Маскав нопадид шуд ва пас аз ду рӯз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти ӯ дар шаҳри Душанбе хабар дод. Мақомоти Русия гуфтанд, шаҳрвандии ӯро бекор карданд. Дар Тоҷикистон ба қаллобӣ муттаҳам аст.
  • Додгоҳи ноҳияи Советии шаҳри Самараи Русия моҳи декабри соли 2020 роҳбари маркази тоҷикон – "Пайванд" Саидасрор Мирзоевро ба риоя накардани қоидаҳои будубош дар Русия гунаҳкор ва ба ихроҷ аз қаламрави ин кишвар маҳкум кард.
  • Соли 2013 Сайфиддин Одинаев, роҳбари ҷамъияти тоҷикони Перм 11 моҳро пушти панҷара ба сар бурд.
XS
SM
MD
LG