Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳқиқоти журналистӣ: Шиносномаи ҷосуси рус санади воқеии як шаҳрванди Молдова буд


Шиносномаи Молдова бо номи Николай Попа ва паспорти Тоҷикистон ба номи Руслан Табаров дода шудааст
Шиносномаи Молдова бо номи Николай Попа ва паспорти Тоҷикистон ба номи Руслан Табаров дода шудааст

Як хабарнигори таҳқиқгари вебсайти RISE Moldova маълум кардааст, ки шиносномаи шаҳрванди Молдова, ки онро ҷосуси рус Александр Мишкин (маъруф бо номи сохтаи “Александр Петров”) истифода кардаст, нусхаи шиносномаи воқеӣ будааст. Владимир Тхорик, корманди RISE Moldova дар шабакаи Фейсбук навишт, ки мушаххас кардани соҳиби воқеии шиносномаи сохта бо ёрии ҳамкорони хориҷиаш имконпазир шуд. Аз ин пеш вебсайти таҳқиқотии Bellingcat нусхаи шиносномаи шаҳрванди Молдова ба номи Николай Попаро чоп кард. Моҳи апрел мақомоти Чех гуфтанд, ки дар таркиши як анбори силоҳе дар шаҳри Врбетитсеи ин кишвар дар соли 2014 ду ҷосуси рус гумонбар мешаванд.

Мақомоти тафтишотии чех гуфтанд, ки қабл аз даромадан ба анбор, нусхаҳои шиносномаҳои шаҳрвандони Тоҷикистон ва Молдова ба маъмурияти ин анбор ирсол шуд, то ки онҳо ба дохили он роҳ ёбанд. Айни замон, дар шиносномае ба номи Попа, акси Мишкин-“Петров” часпонида шуда буд. Маълум нест, ки оё ин шиноснома барои ба анбор дохил шудан истифода шудааст ё на, чунки ҷосусони рус ба Ҷумҳурии Чех бо шиносномаҳои сохташуда ба номи Александр Петров ва Руслан Боширов ворид шуданд.

Журналистони Молдова маълум кардаанд, ки барои таҳияи нусхаи шиноснома ба номи Николай Попа шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Молдова Виталий К. аз ноҳияи Дрокиевскии Молдова истифода шудааст. Ин шахс дар ИМА зиндагӣ мекунад. Соҳиби воқеии шиносномаро тавассути маълумот оид ба сафарҳои байналмилалӣ маълум кардаанд. Маълум шудааст, ки Виталий К. ин шиносномаро то соли 2015, яъне ҳатто баъди таркиш дар Врбетитсе истифода мекард. Худи Виталий К. ин хабарро тасдиқ карда гуфтааст, ки ба ҳангоми парвоз тавассути Маскав дар зонаи транзитӣ истода ҳеҷ гоҳ бо ин шиносномааш мушкиле надоштааст. Дар шиносномаи сохташудаи Мишкин-"Петров" аз шиносномаи воқеӣ танҳо рақам ва соли содир шудани ин санад боқӣ монда, санаи таваллуд сохтакорӣ шудааст. Дар Молдова таҳқиқи расмии ин қазия шурӯъ шудааст.

Маълум нест, ки оё мақомоти Тоҷикистон ҳам ин қазияро таҳқиқ мекунанд ё на. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 23-юми апрел гуфт, ба нафаре бо номи Руслан Табаров, ки дар таркиши анбори силоҳ дар Чехия муттаҳам аст, шиноснома надодааст. Мақомоти Чехия рӯзи 17-уми апрели имсол гуфтанд, шаҳрвандони Русия бо шиносномаҳои молдовӣ ва тоҷикӣ соли 2014 вориди Чехия шудаанд ва дар таркиши анбори силоҳе дар деҳаи Врбетитсе дар шарқи ин кишвар даст доранд. Ҳоло онҳо ба кофтукоби байналмилалӣ дода шудаанд.

Дар изҳороте, ки рӯзи 23-уми апрел Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар сомонаи расмиаш нашр кард, гуфта мешавад, ки бо чунин ном ва рақам Тоҷикистон ба касе шиноснома надодааст.

ВКД гуфтааст, ки мақомоти Чехия дар ин бора аз онҳо маълумот нахостаанд.

Полиси Ҷумҳурии Чех гуфт, Петров ва Боширов аз 11 то 16-уми октябри соли 2014 дар Чехия буданд ва аз шиносномаи Молдова ба номи Николай Попа (санаи таваллуд 18-уми июли соли 1979) ва аз шиносномаи Тоҷикистон ба номи Руслан Табаров (санаи таваллуд 23-юми октябри соли 1975) истифода кардаанд.

Боширов ва Петров гумонбарони асосии заҳролудкунии ҷосуси дугона Сергей Скрипал ва духтараш дар соли 2018 дар Бритониё ҳастанд ва иттиҳомоти охири мақомоти Чехия моҷарои нави дипломатии миёни Маскав ва Аврупоро барангехт. Аз ҷумла, баъди ин изҳорот 18 дипломати рус аз Прага ва 20 дипломати чех аз Маскав берун карда шуданд.

XS
SM
MD
LG