Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Сайидмӯъмин Ятимов ва Қамчибек Тошиев
Сайидмӯъмин Ятимов ва Қамчибек Тошиев

1 МАЙ. Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи оташбаси доимӣ ва пас бурдани нерӯҳо аз хатти марз созиш карданд

Суҳбати дуввуми роҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон дар мавриди марз

Раисони ҷумҳури Тоҷикистон ва Қирғизистон бори дигар телефонӣ суҳбат карда, вазъ дар марзи ду кишварро баррасӣ кардаанд.

Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон гуфт, Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов, ҷараёни амалӣ шудани созишҳои ҳосилшуда барои ба эътидол овардани вазъ дар минтақаҳои наздисарҳадиро баррасӣ кардаанд.

Ба гуфтаи манбаъ, дар суҳбати раисони ҷумҳури Тоҷикистону Қирғизистон “ба масъалаҳои риояи оташбаси комил ва баргардонидани нерӯҳои низомӣ ба маконҳои домии онҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд.”

Дафтари матбуоти президенти Қирғизистон навиштааст, Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов бори дигар таъкид кардаанд, ки ҳамаи техникаҳои низомии ҳарду тараф бояд аз минтақаи марзӣ гирифта шавад.

"Роҳбарони ду кишвар созиш карданд, ки барои назорати берун бурдани техникаҳо аз хатти марз, комиссияи дуҷониба аз тарафи Тоҷикистон ва Қирғизистон ташкил карда шавад,"-омадааст дар хабари дафтари матбуоти президенти Қирғизистон.

Аз замони оғози муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ин бори дуввум аст, ки роҳбарони ду кишвар бо ҳам телефонӣ суҳбат мекунанд. Раҳмон ва Ҷабборов шоми дирӯз 30-юми апрел ҳам гуфтугӯ карда буданд.

Раисони ҷумҳури Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ҳоле ба масъалаи оташбас “таваҷҷуҳи хос зоҳир мекунанд”, ки тибқи хабарҳои расида, бо вуҷуди оташбас дар минтақаҳои наздимарзӣ садои тир шунида мешавад.

Радиои Озодӣ номи 15 қурбонии муноқишаи марзӣ бо Қирғизистонро маълум кард

МУҲАММАДУЛЛОҲ РАҶАБАЛИЗОДА, афсари 26 солаи дастаи таъиноти махсус (ОМОН)-и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон;

ҶАСУРҶОН СУЯРҚУЛОВ, марзбон, сокини 28 солаи деҳаи Қалъачаи Азими ноҳияи Деваштич;

ҲАСАН АКБАРОВ, марзбон, сокини 31-солаи деҳаи Аловуддини ноҳияи Фархор;

САЛОҲИДДИН ГАДОЕВ, 28-сола, фармондеҳи яке аз дидбонгоҳи ноҳияи Мастчоҳ;

ШЕРАЛӢ РАҲМАТЗОДА, сарбози қисми марзбонии Исфара;

САФАР НАБИЕВ, сарбози қисми марзбонии Исфара;

НЕКРӮЗ ҒАФУРОВ, сарбоз, сокини деҳаи Даҳбеди ҷамоати Қаратоғи шаҳри Турсунзода.

БАХТОВАР МАҲМУДОВ, сокини деҳаи Наймани ҷамоати Сурхи шаҳри Исфара;

УМЕДҶОН ЮСУФОВ, сокини ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров;

ҲИКМАТУЛЛО МАҲКАМОВ, сокини ҷамоати Чоркӯҳ, 26-сола;

ИБРОҲИМХОН ҲОШИМЗОДА, сокини маҳаллаи Навободи ҷамоати Чоркӯҳ, 26-сола;

СОБИР ВАҲҲОБОВ, 51-сола, ҷамоати Чоркӯҳ;

МАНУЧЕҲР ҚАЛАНДАРОВ, 40-сола, ҷамоати Чоркӯҳ;

ДАЛЕР ЭШОНОВ, 33-сола, ҷамоати Чоркӯҳ;

ҲУСЕЙНҶОН ШАРОПОВ, ҷамоати Чоркӯҳ.

Суҳбати Тоқаев бо раҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон ва нигаронии Афғонистон аз муноқиша дар марз

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бо Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон дар бораи вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон суҳбат кардаст.

Сомонаи президенти Тоҷикистон рӯзи 1-уми май хабар дод, ки дар ин суҳбат “муҳиммияти хоссаи дарёфти роҳҳои ҳалли ҳамаи мушкилоти мавҷуда тавассути музокирот ва муколамаи созанда таъкид гардид”.

Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон низ бо Қосимҷомарт Тоқаев суҳбат кардааст. Тоқаев дар ин суҳбат ба ҳалли осоиштаи баҳси марзӣ таъкид кардааст.

Раҳбари Қазоқистон дар суҳбат ба Ҷабборов гуфтааст, ки омодаи кумаки башардӯстона ба осебдидагони муноқишаи марзӣ ҳастанд.

Зоҳиран, вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон нигаронии кишварҳои минтақаро ба бор овардааст.

Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон низ аз вазъ дар марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон бо нашри як баёния изҳори нигаронӣ кардааст.

Дар ин баёния гуфта мешавад, ки Афғонистон хостори бо роҳи осоишта ва аз тариқи гуфтугӯ ҳал шудани вазъ дар марзи ду кишвар аст.

Оғози музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Бодканд

Гуфтугӯи ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон барои муайян кардани хатти марз, баъд аз зуҳри 1-уми май дар вилояти Бодканд оғоз шудааст. Ҳайати Тоҷикистонро раиси Кумитаи амнияти миллӣ Саймумин Ятимов ва ҳайати Қирғизистонро раиси КДАМ-и он кишвар Қамчибек Тошиев роҳбарӣ мекунанд.

Дафтари матбуоти ҳукумати Қирғизистон хабар дод, ки дар ҷараёни гуфтугӯ, ҷонибҳо вазъияти марз ва роҳҳои ба эътидол овардани онро баррасӣ мекунанд.

Ҷониби Тоҷикистон то ҳол дар бораи оғози гуфтугӯҳо хабаре надодааст.

Гуфтугӯи ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар пайи он сурат мегирад, ки рӯзҳои 28 ва 29-уми апрел марзи ду кишвар шоҳиди як муноқишаи хунин шуда буд.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG