Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Содир Ҷабборовро ба Душанбе даъват карданд


30-юми апрел, марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон
30-юми апрел, марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон

Раисони ҷумҳури Тоҷикистону Қирғизистон 30-юми апрел, пас аз як рӯзи муноқиша дар марз, ки аз ду ҷониб даҳҳо захмиву кушта бар ҷой гузошт, телефонӣ гуфтугӯ кардаанд.

Сомонаи президенти Тоҷикистон навишт, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳамтои қирғизистониаш Содир Ҷабборовро "дар наздиктарин фурсат" бо як сафари расмӣ ба Душанбе даъват карда ва гуфтааст, "санаи баргузории мулоқот дертар тавассути каналҳои дипломатӣ маълум хоҳад шуд".

Дафтари матбуоти раиси ҷумҳури Қирғизистон мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов ба мувофиқа расидаанд, ки дар нимаи дуюми моҳи май дар Душанбе мулоқоти рӯ ба рӯ мекунанд. Аз он пеш, рӯзи 1-уми май, музокироти ҳайатҳои ҳукуматӣ дар мавриди таъйину аломатгузории марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар Бодканд доир хоҳад шуд.

Сомонаи президенти Қирғизистон навишт, "суҳбати ду раҳбар дар фазои дӯстона ва бар пояи эҳтироми тамомияти арзии ду кишвар барпо шуд". Хабаргузории расмии "Ховар" низ мулоқоти ду президентро "умедворкунанда" номид.

Хадамоти матбуоти президенти Қирғизистон менависад: "Майли ҷониби Қирғизистон ин аст, ки ҳама масоили байнидавлатӣ аз роҳи муколама ҳалли худро пайдо кунанд ва вазъи марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон муътадил бимонад". Ҷабборов изҳори итминон кардааст, ки ҳамкориҳои байни Қирғизистон ва Тоҷикистон “дар оянда ҳам бар асоси дӯстии суннативу дерина ва ҳусни ҳамҷаворӣ миёни мардуми тоҷику қирғиз батадриҷ пешрафт мекунад”.

“Ховар” навишт, ҳарду президент ба зарурати идомаи муколамаи байнидавлатии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба аломатгузории марзи ду кишвар таъкид карданд.

Муноқишаи хунин дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 28-уми апрел дар наздикии дарғот ё Маркази тақсими об шуруъ шуда, рӯзи 29-уми апрел идома кард. Дар даргирии ду рӯзи охир аз ду тараф даҳҳо нафар захмиву кушта шудаанд.

Вазорати тандурустии Қирғизистон дар бораи фавти 31 нафар ва маҷруҳ шудани 154 нафар хабар дод. Мақомоти Тоҷикистон теъдоди маҷруҳон ва ҳалокшудагонро эълон накарданд. Радиои Озодӣ то ин дам номи 12 қурбонии муноқишаро дар марз бо Қирғизистон маълум кард.

Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр марз дошта, то ин дам 519 километри онро таъину аломатгузорӣ кардаанд. Минтақаҳои боқимонда баҳсӣ ҳастанд.

XS
SM
MD
LG