Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳоди Аврупо аз хушунат дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ибрози таассуф кард


Петер Буриан, намояндаи вижаи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ
Петер Буриан, намояндаи вижаи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ

Иттиҳоди Аврупо рӯзи 30-юми апрел аз муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки “боис ба талафоти зиёд шуд”, ибрози таассуф карда, аз созиши оташбас ситоиш намудааст.

Муноқиша дар марзи ду кишвар рӯзҳои 28 ва 29-уми апрел рух дод. Қирғизистон дар бораи марги 13 кас гузориш дод, Тоҷикистон ҳанӯз иттилои расмӣ нашр накардааст. Радиои Озодӣ номи 8 қурбонии муноқишаро маълум кард.

Иттиҳоди Аврупо гуфтааст, ба касоне, ки дар ин ҳодиса хешовандону азизонро аз даст доданд, ҳамдардӣ баён мекунад.

"ИА, аз ҷумла тавассути намояндаи вижаи худ дар Осиёи Марказӣ, намояндагиҳо, инчунин, дар Брюссел, ҳамеша бо мақомоти ду кишвар робитаҳои доимии дипломатӣ дорад. Бо назардошти бархурдҳо дар баъзе аз минтақаҳо имрӯз созишнома бояд бетаъхир барои ҳалли пойдор ва осоишта иҷро карда шавад. Ҳарду тараф бояд тамоми чораҳои заруриро бинанд, то дар оянда низоъ пешгирӣ карда шавад", -- гуфта шудааст дар изҳорот.

Мақомоти Иттиҳоди Аврупо гуфтаанд, омода ҳастанд, дар ҳолати зарурӣ дар доираи барномаҳои минтақавии марбут ба идораи марз ва захираҳои обӣ кумаки машваратӣ, ҳамчунин, барои субот ва шукуфоӣ дар минтақа дастгирии доимии сиёсӣ расонанд.

XS
SM
MD
LG