Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти тоҷику қирғиз вазъ дар марзро "ором" гуфтанд. Расонаҳо аз "тирпарониҳои пароканда" хабар доданд


Пас аз ду рӯзи муноқишаҳои хунин дар марз миёни вилояти Суғди Тоҷикистон ва вилояти Бодканди Қирғизистон, мақомоти ду кишвар мегӯянд, ки вазъ ҳоло ором аст. Хабарнигори Радиои Озодӣ, ки дар Исфара қарор дорад, мегӯяд, ки баъд аз эълони оташбас дар шаби гузашта, дар ин минтақа садои тирпаронӣ шунида намешавад. Аммо ба навиштаи бархе хабаргузориҳо, шаби гузашта дар марз миёни ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон ва ноҳияи Лайлаки Бодканди Қирғизистон "тирпарониҳои пароканда" сурат гирифтааст.

Ба гуфтаи хабарнигори Радиои Озодӣ, занону кӯдаконро аз деҳаҳои Хоҷа Аъло ва Сомониён ба таври дастҷамъӣ ба ҷойҳои амн мекӯчонанд. Хабарнигори мо мегӯяд, роҳ миёни Исфара ва Ворух расман боз аст, аммо сокинон аз рафтуомад дар ин масир хавф доранд. Бо вуҷуди ин, мошинҳои "Ёрии таъҷилӣ" захмиёнеро, ки аз дируз ҳанӯз дар маҳаллаҳо боқӣ монданд, ба беморхонаҳо интиқол медиҳанд.

Мақомот дар вилояти Бодканди Қирғизистон ҳам вазъро муътадил арзёб карданд ва гуфтанд, ки он таҳти назорат аст. Бахши қирғизии Радиои Озодӣ бо такя ба Раёсати Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон дар Бодканд хабар дод, ки айни замон минтақаи наздимарзӣ таҳти назорати комили неруҳо аст ва кормандони ниҳодҳои қудратӣ постгоҳҳо таъсис дода, бо аҳолии маҳаллӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.

"Бо мақсади таъмини амнияти сокинони маҳаллӣ, милитсия дар якҷоягӣ бо ҳайати шахсии Раёсати корҳои дохилии вилоят ва дигар сохторҳои қудратӣ тартиботи ҷамъиятиро тақвият мебахшанд",-омадааст дар хабар.

Дастгоҳи раёсати ҷумҳури Қирғизистон ҳам рӯзи 30-юми апрел бо нашри як изҳорот гуфт, ки вазъ дар вилояти Бодканд ба эътидол омада, зери назорати президент Содир Ҷабборов қарор дорад.

Дар баёнияи президенти Қирғизистон омадааст, ки айни замон ба фиристодани ихтиёриён ба минтақаҳои наздимарзӣ ниёз нест ва даъват мекунад, ки ин кор ба мақомоти дахлдорӣ давлатӣ, ки намояндагони онҳо дар қисмати марзи давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон ҷойгиранд, супорида шавад.

Муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 28-уми апрел дар наздикии дарғот ё Маркази тақсими об шуруъ шуда, рӯзи 29-уми апрел идома кард. Сокинон якдигарро ба сангандозӣ ва мақомоти марзбонии ду кишвар якдигарро ба шурӯи тирпарронӣ айбдор карданд.

Дар даргирии ду рӯзи охир аз ду тараф даҳҳо нафар захмӣ шудаанд. Вазорати тандурустии Қирғизистон дар бораи фавти се нафар гузориш дод. Мақомоти Тоҷикистон расман теъдоди маҷруҳон ва ҳалокшудагонро нагуфтаанд.

Пас аз ду рӯзи муноқишаҳои хунин, дершаби 29-уми апрел ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон барои хатми муноқиша ва оғози гуфтугӯҳо ба созиш расиданд. Тибқи ин созиш, ҷонибҳо муноқишаи мусаллаҳонаро хотима мебахшанд, ҳайати шахсӣ ва таҷҳизоти ҳарбиро ба макони доимии ҷойгиршавиашон бармегардонанд ва барои роҳ надодан ба ташаннуҷи авзоъ чораҳо меандешанд.

Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр марз доранд ва танҳо 519 километри онро таъину аломатгузорӣ кардаанд. Боқимонда минтақаҳои баҳсӣ ҳастанд. Ин вазъ аксар вақт боис ба ихтилофи назар дар истифодаи обу замин дар минтақаҳои наздимарзӣ шуда, баъзан бо маргу захмӣ шудани сокинон меанҷомад.

XS
SM
MD
LG