Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон расман тасдиқ карданд, ки миёни сарҳадбонони тоҷику қирғиз тирпарронӣ сар задааст.
Дар изҳороти нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон гуфта мешавад, рӯзи 29-уми апрел “соати 13:05 дар мавзеи нуқтаи обтақсимкунии «Головной», воқеъ дар болои дарёи Исфара ва ҳудуди деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркўҳи шаҳри Исфара, низомиёни Ҷумҳурии Қирғизистон ба сӯи сарҳадбонони Ҷумҳурии Тоҷикистон оташ кушоданд.”
Дар изҳороти неруҳои марзбонии Тоҷикистон, ҷониби Қирғизистон ба он муттаҳам мешавад, ки “худсарона бандҳои созишномаи қаблан мувофиқашудаи дуҷонибаро бо Тоҷикистон вайрон намуда, нақшаи забти нуқтаи обтақсимкунии «Головной»-ро ба роҳ мондааст.”
Вокуниши ҷониби Қирғизистон ба ин иттилоъ ҳанӯз маълум нест. Ҳамчунин, дақиқ нест, ки ҷониби Қирғизистон дар бораи тирпарронии марзбонон чӣ назар дорад.
Тирпарронӣ дар марз. Ду сокини Чоркӯҳ захмӣ шудаанд
Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар изҳороти нав хабар дод, ки дар натиҷаи тирпарронӣ дар марз бо Қирғизистон ду сокини ҷамоати Чоркӯҳи Исфара захмӣ шудаанд.
Ба иттилои неруҳои марзбонӣ, вазъи яке аз онҳо дар бемористон вазнин аст.
Расонаҳои Қирғизистон низ аз захмӣ шудани як шаҳрванди ин кишвар аз тири силоҳи оташфишон хабар додаанд.
Дар изҳороти нави Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон омадааст, муноқиша миёни сокинони маҳаллаи Сомониёни Тоҷикистон ва Кок-Тоши Қирғизистон соати 10:45-и 29-уми апрел рух дод.
Ба қавли манбаъ, ду шаҳрванди Тоҷикистон Оқил Амаков ва Саттор Самадов аз тири силоҳи шикорӣ ҷароҳат бардоштанд.
Дар умум, ба гуфтаи мақомоти тоҷик, дар муноқишаи ду рӯзи ахир дар марз бо Қирғизистон 7 шаҳрванди Тоҷикистон захмӣ шуданд.
Мақомоти Қирғизистон низ ба расонаҳои он кишвар гуфтаанд, то ин дам 4 шаҳрванди он кишвар дар муноқишаҳо маҷруҳ шудаанд. Яке аз онҳо аз тири силоҳ ва 3 нафари дигар дар натиҷаи сангпартоӣ ҷароҳат бардоштаанд.
Дар ҳамин ҳол, баъзе аз сокинони деҳаи Хоҷаи Аъло дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, баъд аз зуҳри 29-уми апрел садои тирпарронӣ шунида мешавад.
Хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ ҳам аз ҷойи ҳодиса хабар дод, ки аз нуқтаи обтақсимкунии “Головной” садои тирпарронӣ ба гӯш мерасад.
Сокинон мегӯянд, вазъият дар минтақаи Хоҷаи Аъло ва Сомониёни деҳаи Чоркӯҳ феълан мураккаб аст.
"Занонро ба Бодканд кӯчонданд". Муноқишаи нав дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Рӯзи 29-уми апрел дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, миёни сокинони деҳаи Сомониёни Исфара ва Куктоши Бодканд, дубора муноқиша сар задааст.
Сокинони деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳ гуфтанд, моҷаро соати чаҳори субҳ шуруъ шуда, ҳарду тараф ба сӯи якдигар санг андохтанд. Дертар садои тирпаронӣ шунида шудааст.
Раёсати корҳои дохилии вилояти Бодканд ҳодисаро тасдиқ карда, аммо шаҳрвандони Тоҷикистонро барои истифода аз силоҳ муттаҳам намуд. Хадамоти марзбонии Қирғизистон низ гуфтааст, дар минтақа аз силоҳ истифода шудааст.
Сокинони деҳаи Сомониён мегӯянд, "баръакс, тирпарронӣ аз ҷониби дигар буд". Масъулони Бемористони марказии шаҳри Исфара рӯзи 29-уми апрел гуфтанд, як соат пеш се маҷруҳро аз деҳаи Сомониён оварданд.
"Ҳар се нафаре, ки имрӯз оварданд, аз яроқи оташфишон тир хӯрдаанд. Бо яроқи шикорӣ паррондаанд. Ҳозир дар шуъбаи эҳё бистарӣ мебошанд", -- гуфт пизишки беморхонаи марказии Исфара.
Як сокини деҳаи Сомониён дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ду нафари дигар аз тири камони шикорӣ захм бардошта, ба шифохона бурда шуданд. Ҳамсуҳбати мо аз онҳо Оқилбой ва Сатторбой ном бурд.
Расонаҳои Қирғизистон аз захмӣ шудани як шаҳрванди ин кишвар бо тири силоҳи оташфишон хабар додаанд ва мегӯянд, се каси дигар бо зарби санг маҷруҳ гаштаанд.
Мақомоти Тоҷикистон то ҳол дар бораи ҳодисае, ки субҳи 29-уми апрел рух дод, расман изҳори назар накардаанд.
Як намояндаи ҳукумати шаҳри Исфара бе зикри ном гуфт: "Муноқиша се соат идома кард ва пас аз дахолати кормандони умури дохилӣ ва сарҳадбонии ду тараф хотима дода шуд." Ба иттилои манбаъ, дар ҳоли ҳозир раиси шаҳри Исфара ва Бодканд мулоқот доранд.
Мақомоти вилояти Бодканд низ гуфтаанд, ҳоло вазъият дар марз бо Тоҷикистон муътадил, вале "буғранҷ" мемонад, чун сокинони ду тараф пароканда нашудаанд.
Дар ҳамин ҳол, бахши қирғизии Радиои Озодӣ гузориш дод, ки субҳи панҷшанбе як гуруҳ аз занону кӯдаконро аз деҳаи Куктош ба шаҳри Бодканд бурда, дар бинои мактаб ҷойгир кардаанд. Ҳамчунин, дар се ҳавзаи ин вилоят вазъи фавқулода эълон шудааст.
Як рӯз пеш, 28-уми апрел, сокинони Хоҷаи Аъло (Исфара, Тоҷикистон) ва Куктош (Бодканд, Қирғизистон) дар наздикии дарғот ё Маркази тақсими оби "Головной" дар марз муноқиша карданд.
Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, дар ин ҳодиса 7 нафар захмӣ шуданд. Ҷониби Қирғизистон мегӯяд, дастикам ду сокини ин кишвар мавруҳ шуда, ба бемористон интиқол ёфтанд.
Ҷанҷол баъд аз он оғоз шуд, ки Тоҷикистон хост, дар наздикии Маркази тақсими об дурбинҳои назоратӣ насб кунад. Ба иттилои сокинони Хоҷаи Аъло, пештар дар он ҷо мақомоти Қирғизистон чунин дурбин часпонда буданд, вале сарҳадбонони кишвари ҳамсоя ба насби дурбин аз ҷониби Тоҷикистон мухолифат кардаанд.
Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр марз доранд ва аз ин миён танҳо 519 километри он таъйину аломатгузорӣ шуда, боқимонда минтақаҳои баҳсӣ ҳастанд.
Ин вазъ аксар вақт боис ба ихтилофи назар дар истифодаи об ва замин дар байни сокинони минтақаҳои наздимарзӣ шуда, баъзан бо маргу захмӣ шудани сокинон меанҷомад.
Ҷанҷоли сокинони ду деҳа дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон. Аз ду тараф захмиҳо ҳастанд
Даҳҳо сокини деҳаи Хоҷаи Аъло (Исфара, Тоҷикистон) ва Куктош (Бодканд, Қирғизистон) дар наздикии дарғот ё Маркази тақсими оби "Головной" дар марз муноқиша карда, ба сӯйи якдигар санг партофтаанд. Дар ин ҳодиса, ки рӯзи 28-уми апрел рӯй дод, аз ду ҷониб чандин кас захмӣ шуда, баъзе аз онҳо дар шифохона ҳастанд.
Сокинони Хоҷаи Аъло дар бораи захмӣ шудани камаш 15 нафар хабар доданд. Онҳо гуфтанд, ҳашт касро ба шифохона бурданд.
Ашӯрбой Сафаров, як сокини деҳаи Хоҷаи Аъло, гуфт, “ба сари ман як санг зад. Сарам кафиду хуншор шуд, ҳозир ҳамроҳи як рафиқи дигарам ба беморхона рафта истодаем.”
Ҷониби Қирғизистон гузориш дод, ки ду нафар аз қисми сар захмӣ шуда, ба беморхонаҳо интиқол ёфтанд.
Мақомоти Тоҷикистон то кунун ҳодисаро расман шарҳ надодаанд, аммо шоҳидони айнӣ мегӯянд, ки ҳоло вазъ ба эътидол омада, мардуми ду тараф пароканда карда шуданд.
Сабаби сар задани муноқишаро ба насби дурбини назоратии Тоҷикистон дар назди Маркази тақсими оби "Головной" рабт медиҳанд. Бо насби ин дурбин Тоҷикистон мехоҳад, ҷараёни тақсими баробар ва одилонаи обро назорат кунад.
Ба иттилои сокинони Хоҷаи Аъло, қаблан дар он ҷо ҷониби Қирғизистон низ чунин дурбини назоратиро часпонда буд, вале сарҳабонони кишвари ҳамсоя ба насби дурбин аз ҷониби Тоҷикистон мухолифат кардаанд. Шоҳидон аз ду ҷониб садои тирандозиро шунидаанд.
Мақомоти Қирғизистон гуфтаанд, ба зудӣ ҳодисаро шарҳ медиҳанд. Намояндагони идораҳои давлатии Тоҷикистон, аз ҷумла ҳукумати шаҳри Исфара, ҳанӯз дар бораи ҳодиса ҷузъиёт надоданд.
Як мақоми деҳаи Хоҷаи Аъло гуфт, ҳодиса соати 3-и баъд аз зуҳр оғоз шуда, тақрибан се соат идома кард.
Рӯзи 17-уми апрел низ дар марзи Исфараву Бодканд миёни шаҳрвандони ду кишвар бар сари тақсими об баҳс рух дода буд. Он замон кормандони Идораи оби Бодканд дар ҷамоати Оқсой бозсозии маркази асосии обтақсимкунӣ дар дарёи Оқсуро оғоз карданд, вале марзбонони тоҷик талаб кардаанд, корро қатъ кунанд.
Баъдан, рӯзи 22-юми апрел, намояндагони идораҳои оби се кишвар – Тоҷикистону Қирғизистон ва Узбекистон – дар вилояти Фарғона масъалаи тақсими об аз маркази "Головной"-ро баррасӣ карда буданд.
Ин нахустин муноқишаи сокинони атрофи Маркази тақсими об набуда, дар моҳи январи соли 2014 байни Тоҷикистону Қирғизистон даргирӣ сурат гирифт ва дар он ҳодиса аз ду тараф нӯҳ кас маҷруҳ шуд. Маркази тақсими обро солҳои 60-ум сохтаанд.