Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати "Сибир" аз Хуҷанд ба Владивосток парвоз анҷом медиҳад


Ҳавопаймои ширкати "Сибир".
Ҳавопаймои ширкати "Сибир".

Қарор аст нахустин парвози ҳавопаймо дар хатсайти Хуҷанд- Владивосток рӯзи 30-юми апрел сурат бигирад. Ин аввалин парвоз аз Тоҷикистон ба ин шаҳри Русия мебошад ва онро ширкати ҳавонавардии "Сибир" анҷом хоҳад кард.

Дар сомонаи расмии ширкати ҳавопаймоии "Сибир" гуфта шудааст, ки парвоз дар масири Хуҷанд-Владивосток ҳар ҳафта рӯзҳои ҷумъа ба нақша гирифта шудааст. Нархи билет 9, 5 ҳазор сомонӣ аст. Ин хатсайри нав мусофиронро мустақиман ба Владивосток мерасонад. То ин замон муҳоҷирон, барои расидан ба ин шаҳр ба Новосибирск ё дигар шаҳри Русия парвоз карда, бо тай кардани чанд соат худро ба Владивосток мерасонданд.

Дар ҳоли ҳозир ин ширкати ҳавонавардӣ бо тартиб додани нақшаи парвозҳо дар ин масир, барои гирифтани иҷозатнома ба Агентии авиатсияи гражданӣ ва Ситоди муқобила бо коронавирус дар Тоҷикистон муроҷиат намудааст.

XS
SM
MD
LG