Мақомоти амниятии Афғонистон гуфтанд, ки 13 шаҳрванди Тоҷикистон бо гумони узвият дар гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" дар боздоштгоҳҳои ин кишвар нигоҳ дошта мешаванд. Ҷониби Тоҷикистон ҳанӯз дар ин бора шарҳе надодааст. "Шохаи Хуросон"-и гурӯҳи ДОИШ ҳудуди панҷ сол пеш дар Афғонистон пайдо шуда буд.
Ба иттилои мансабдорони Афғонистон, шумори ҷангҷӯёни хориҷии гурӯҳи ДОИШ, ки дар зиндонҳои ин кишвар ба сар мебаранд, ба 408 нафар мерасад.
Аҳмад Зиё Сироҷ, раиси Раёсати амнияти миллии Афғонистон, рӯзи 27-уми апрел дар як нишасти хабарӣ дар Кобул гуфт, аъзои боздоштшудаи ДОИШ шаҳрвандони 14 кишвар мебошанд ва 173 нафари онҳо занону кӯдакон ҳастанд.
Ӯ теъдоди ҷангҷӯёнро чунин баршумурд:
- 299 нафар аз Покистон;
- 37 тан аз Узбекистон;
- 13 нафар аз Тоҷикистон;
- 12 нафар аз Қирғизистон;
- 5 тан аз Русия;
- 16 тан аз Чин;
- 5 кас аз Урду;
- 4 тан аз Эрон;
- 3 тан аз Туркия;
- 5 тан аз Индонезия;
- 4 шаҳрванди Ҳинд;
- 2 шаҳрванди Бангладеш;
- 2 тан аз Молдив
- 1 кас аз Алҷазоир.
Ба қавли Аҳмад Зиё Сироҷ, дар ҳоли ҳозир музокирот бо кишварҳое, ки шаҳрвандонашон ба иттиҳоми узвият дар ин гурӯҳ дар зиндон ба сар мебаранд, идома дорад.
"Шохаи Хуросон"-и гурӯҳи ДОИШ ҳудуди 5 сол пеш дар Афғонистон пайдо шуд ва сипас дар бахшҳое аз вилояти Нангарҳор, воқеъ дар марзи Покистон, пойгоҳҳои худро таъсис дод. Сипас фаъолиятҳо ва ҳамлаҳои ин гурӯҳ дар вилоятҳои дигари Афғонистон идома ёфт.
Ин гурӯҳ масъулияти чанд ҳамлаи хунинро дар Кобул ва чанд вилояти дигар, ки боис ба захмиву кушта шудани садҳо нафар шуд, пазируфтааст.
Дар гуруҳи "Хуросон", бино ба гузоришҳо, ҷангҷӯёну ифротиёни зодаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам ҳастанд. Дар гузашта доир ба қатли чанд узви тоҷики ин гуруҳ дар Афғонистон гузориш шуда буд.
Президенти Афғонистон ду сол пеш эълон карда буд, ки нерӯи асосӣ ва марказии ин гурӯҳ дар вилояти Нангарҳор нобуд шудааст.
Дар ҳоле, ки Амрико тасмим дорад, то 11-уми сентябри имсол нерӯҳояшро аз Афғонистон берун барад, Аҳмад Зиё Сироҷ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, то дар мубориза бо терроризм Афғонистонро танҳо нагузоранд.
Сироҷ мегӯяд, "гузоштани ҳамаи масъулиятҳо ба нерӯҳои амниятӣ ва дифоии Афғонистон кори дуруст нест. Ба хотири ин ки мо, яъне тамоми минтақа, бо ин таҳдид рӯ ба рӯ ҳастем."
Масъалаи таҳдиди гурӯҳҳои тундрав аз Афғонистон ҳамвора мояи нигаронии мақомоти Тоҷикистон ва кишварҳои дигари ҳамсоя будааст. Вазирони дифои кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (ОДКБ), як созмони зери назорати Русия, ки Тоҷикистон ҳам узви он аст, рӯзи 27-уми апрел аз берун рафтани нерӯҳои амрикоӣ ва эҳтимоли қувват гирифтани нерӯҳои террористӣ дар Афғонистон ибрози нигаронӣ карданд.
Бар асоси иттилои расмӣ наздики ду ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аз соли 2014 ба гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" пайвастаанд. Мақомот мегӯянд, даҳҳо нафари онҳо дар ҷангҳои Ироқу Сурия ва Афғонистон кушта шуда, сарнавишти қисме аз онҳо маълум нест. Чанд нафари дигар бо ибрози пушаймонӣ ба кишвар баргашта, аз афви эълонкардаи ҳукумат баҳравар шудаанд.