Раёсати Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд ба матлаби Радиои Озодӣ дар робита ба худкушии як сокини шаҳри Конибодом вокуниш нишон дод.
Ҷасади Норматҷон Исоеви 51-соларо рӯзи 12-уми апрел дар оғили хонааш ёфтанд.
Пайвандонаш дар деҳаи Қӯрғончаи шаҳри Конибодом иддао доранд, ки падари хонадон пас аз он, ки ба шикори ғайриқонунии моҳӣ айбдор ва 1500 сомонӣ ҷарима шуд, худро ба дор овехтааст.
Абдуаҳад Ҳакимзода, раиси Идораи ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд, рӯзи 27-уми апрел бо ирсоли як нома ба Радиои Озодӣ навишт, "гуфтаи наздикони Норматҷон Исоев дар мавриди ин ки 1500 сомонӣ ҷарима боис ба худкушии ӯ шудааст, асоси воқеӣ надорад."
Ба таъкиди нозирони ҳифзи муҳити зист, ҳанӯз дар мавриди кирдори Норматҷон Исоев парвандаи маъмурӣ "оғоз нагардида, қарори татбиқи ҷазо низ қабул карда нашудааст".
Ин дар ҳолест, ки Карима Исоева, ҳамсари Норматҷон Исоев, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, шавҳараш пас аз даъват шудан ба идораи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Конибодом мегуфт, ӯро ба додгоҳ мекашонанд ва 1500 сомонӣ ҷарима мебанданд.
Ҳакимзода навиштааст, аз 1-уми апрел то 15-уми июни имсол дар дарёи Сир, обанбору дарёҳо, сойҳо ва кӯлҳои вилояти Суғд моҳидорӣ манъ карда шудааст.
Аз ин рӯ, ба гуфтаи ӯ, кормандони идора барои иҷрои амр "амалиёти назоратии шабонарӯзӣ" мегузаронанд ва дар яке аз чунин амалиёт Норматҷон Исоевро дар минтақаи "Борисовка"-и “Баҳри Тоҷик” дидаанд, ки "чорвои калони шохдор мечаронд".
"Бино бар барои чаронидани мол пешбинӣ нагардидан ва мавзеи тухмигузории моҳӣ будани минтақаи мазкур кормандони раёсат нисбат ба амалҳои Исоев Н. санади азназаргузаронӣ тартиб доданд ва барои чорандешӣ ба бахши ҳифзи муҳтити зисти шаҳри Конибодом супрдаанд", -- гуфтааст Абдуаҳад Ҳакимзода дар номааш ба Радиои Озодӣ.
Аммо, ба иддаои ӯ, ҷараёни татбиқи ҷазо нисбат ба кирдори Исоев ниҳоӣ нашуда, "қарори татбиқи ҷазо қабул карда нашудааст".
Хуршедҷон Саидов, сармутахассиси сиёсати экологии Раёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд, низ рӯзи 19-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, дар сурати то поён баррасӣ шудани кирдори Исоев ӯро 300 сомонӣ метавонистанд ҷарима банданд ва ин наметавонист сабаби худкушӣ бошад.
Баръакси ин, Карима Исоева, ҳамсари Норматҷон Исоев, рӯзи 16-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфта буд, пеш аз он ки шавҳараш қасд ба ҷони худ кунад, "хеле озурдаву афсурда буд".
"Чанд рӯз пеш говро барои чарондан ба он сӯйи дарёи Сир гузаронд. Ҳини баргаштан ва убури дарё нозирони ҳифзи муҳити зист дастгир карда, пурсидаанд, ки чаро дар мавсими тухмгузорӣ моҳӣ шикор мекунад. Баёноту аксашро гирифтаанд", -- нақл кард Исоева.
Ҳамсуҳбати мо афзуд, нозири ҳифзи муҳити зист субҳи 12-уми апрел Норматҷон Исоевро барои суҳбат ба идора дар маркази шаҳри Конибодом даъват кардаанд: "Вақте аз назди нозир омад, хеле диққат (зиқ, афсурда) буд ва заминро нигоҳ карда менишаст. Гуфт, маро ҷарима карданд, насупорем суд (муҳокима) мекунанд."
Ба нақли Исоева, нозирон шавҳарашро 1500 сомонӣ ҷарима бастанд, аммо ба гуфтаи ӯ шавҳараш на аз мизони ҷарима, “балки аз он афсурда буд, ки бе ҳеч гуноҳ ҷарима карданд ва касе намехоҳад арзашро шунавад."
Маълум нест, феълан қазия таҳқиқ мешавад ё не.
Зимнан, дар гузашта дар вилояти Суғд ҳодисаҳои монанд ба қазияи Норматоҷон Исоев рух дода буд.
Моҳи июни соли 2018, пас аз он ки нозирони Бозрасии Давлатии Автомобилӣ (ГАИ) Олимхӯҷа Муҳаммадиев, сокини ҷамоати Ғӯлакандози ноҳияи Ҷаббор Расуловро 12 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима бастанд, ӯ худро ба дор овехта, худкушӣ кард.