Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Гуфтанд, гуноҳро ба гардан гир, озод мешавӣ." Муҳокимаи даъвои "дастдарозӣ" дар Додгоҳи Турсунзода. ВИДЕО


Нарзулло Каримов
Нарзулло Каримов

Як сокини шаҳри Турсунзода иддао дорад, ки додрасе аз ӯ хостааст, гуноҳро ба дӯш бигирад, аз ҷавобгарӣ озод карда хоҳад шуд. Нарзулло Каримов ба "дастдарозӣ" ба як зани ҳамдеҳааш муттаҳам аст. Дар Додгоҳи шаҳри Турсунзода иддаои мардро инкор карда, гуфтанд, баррасии парвандаи Каримов "дар чаҳорчӯби қонун" идома дорад.

Ба қавли Нарзулло Каримов, шахсе, ки пофишорӣ дорад, ӯ гуноҳро ба гардан гирад, додрасе аст, ки як сол пеш нисбат ба ӯ ҳукм баровард, аммо баъдан бекор карда шуд. Ҳоло баррасии парвандааш зери раҳбарии додраси дигар ҷараён дорад. Мавқеи ҷониби дигар маълум нест, вале дар Додгоҳи шаҳри Турсунзода гуфтанд, "муҳокима одилона ҷараён дорад".

Шикояти дубора

Нарзулло Каримов моҳи майи соли гузашта барои "ҳаракати зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ" нисбат ба Сайёра Олимова, сокини шаҳри Турсунзода, ба 5 сол зиндон маҳкум гардид. Додраси парванда ӯро бар асоси моддаи 71-и Кодекси ҷиноӣ шартан аз ҳабс озод карда, нисбат ба ӯ "як соли назорати санҷишӣ ва бе огоҳӣ берун нарафтан аз макони зист"-ро татбиқ кард.

Додгоҳи шаҳри Турсунзода
Додгоҳи шаҳри Турсунзода

Ӯ рӯзи 20-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, то анҷоми қарор ду моҳи дигар монда буд, аммо дар пайи шикояти дигарбораи Сайёра Олимова мурофиа аз сари нав оғоз шуданд. Вай таъкид намуд, бо далели он ки гуноҳе накардааст, иттиҳомро намепазирад.

Рӯзи 20-уми апрел ба мурофиаи додгоҳии Нарзулло Каримов дар Додгоҳи шаҳри Турсунзода хабарнигори Радиои Озодиро роҳ надоданд. Дар ин ниҳод аз пешниҳоди ҳар гуна иттилоъ дар бораи парвандаи ӯ худдорӣ карданд.

Як додраси додгоҳ, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт, "талош дорем, адолат дар ин парванда таъмин карда шавад, ҳоло пурсишҳо ҷараён дорад. Дар ин бора фақат пас аз эълони ҳукм маълумот медиҳем."

Ба ҳамсари айбдоршаванда низ иҷозаи ворид шудан ба мурофиаи додгоҳии шавҳарашро надоданд. Ҳусноро Рӯзиева, ҳамсари Нарзулло Каримов, мегӯяд, азбаски вазъи молияшон хуб нест, натавонистанд, барои ҳимоя аз ҳуқуқи шавҳараш вакили мудофеъ киро кунанд.

Додгоҳи олӣ посух надод, Каримов даъворо рад кард

Радиои Озодӣ рӯзи 21-уми апрел барои дарёфти посух ба норӯшаниҳо дар ин парванда ба Додгоҳи олии Тоҷикистон номаи расмӣ фиристод. То ҳол посухи нома наомадааст. Дар Додгоҳи олӣ гуфтанд, ки дертар ҷавоб медиҳанд.

Ҳарчанд дар қарори пешинаи додгоҳ навишта шудааст, ки ташхиси тиббиву додгоҳӣ дастдарозии Каримовро ба ҷабрдида тасдиқ кардааст, худи мард мегӯяд, "натиҷаи ташхис бардурӯғ буда, ба таври шаффоф сурат нагирифтааст".

Нарзулло Каримов мегӯяд, даъвои Сайёра Олимова дар мавриди дастдарозӣ асос надорад: "Шабона, вақте ба хона мерафтам, худаш гуфт, ки танҳо аст ва то назди манзилаш барам. Дар роҳ якбора ба замин афтид, кумак кардам. Аз ҷояш хеста, гуфт, бемории ҷоғар дорад ва гоҳе чунин мешавад. То назди хонаашон бурдам. Рӯзи дигар милисаҳо омада, гуфтанд, ки нисбат ба зан дастдарозӣ кардаӣ ва ба ШКД-и шаҳри Турсунзода бурданд."

Наворро дар ин ҷо бинед:

Муҳокимаи даъвои "дастдарозӣ" дар шаҳри Турсунзода
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:45 0:00

Зан мегӯяд, "кӣ дуздияшро ба гардан мегирад?"

Мусоҳиби мо иддао кард, "маъмурони милиса дар аввал гуфтанд, ки 10 ҳазор сомонӣ деҳ, ҷавобат медиҳем. Гуфтам, ки надорам. Заданд. Боз гуфтанд, чӣ хел мард ҳастӣ, 5 ҳазор сомонӣ биёр, ҷавоб медиҳем. Гуфтам, надорам. Нисбат ба ман парванда кушоданд." Тасдиқи дурустии ин гуфтаҳо аз манобеи дигар феълан ғайриимкон аст.

Дар Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Турсунзода касе ҳозир нашуд, ки дар бораи иддаои талаби пул ва латукӯби Нарзулло Каримов суҳбат кунад. Рӯзи 20-уми апрел як корманди ин идора, ки дар даромадгoҳи бино меистод, гуфт, ҳоло роҳбарашон дар ҷойи кор нест ва каси дигар наметавонад қабул кунад. Дар сурати ба даст омадани назари мақомот онро низ дар мақола ҷой хоҳем дод.

Сайёра Олимова, шахсе, ки дар парванда ҳамчун ҷабрдида эътироф шудааст, дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, Нарзулло Каримов ба вай бо зӯр дастдарозӣ кардааст: "Барои ин, далел ҳам дорам. Кӣ дуздӣ мекунаду боз дуздияшро ба гардан мегирад?"

Олимова аз ин бештар суҳбат накард.

Баҳси ду сокини шаҳри Турсунзода дар додгоҳ ҳудуди ду моҳ боз идома дошта, дар назар аст, рӯзҳои наздик ҳукм эълон шавад.

Шикоят аз бархурди кормандони милиса бо гумонбарон ва мурофиаҳои ноодилона дар гузашта низ садо додааст, вале мақомот ҳамвора ба вуҷуди адолат ҳангоми баррасии парвандаҳо таъкид кардаанд. Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олӣ, дар моҳи феврали имсол ва дар посух ба суоли хабарнигорон гуфт, "набудани адолат дар Тоҷикистон гапи хушку холӣ аст".

XS
SM
MD
LG