Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гапи Озод: Чаро баъзе аз модарон худу кӯдаконашонро мекушанд? ВИДЕО


Чаро худкушии баъзе аз модарони ҷавон ҳамроҳ бо кӯдаконашон дар Тоҷикистон рӯ ба афзоиш ниҳодааст?

Яке бо кӯдакон дар бағал худро ба дарё меандозад, дигаре ба оташ мекашаду саввумӣ меовезад. Чунин фоҷиаи мудҳиш чанд рӯз пеш дар Панҷакент иттифоқ афтод. Модари 31-солае фарзандони 6-сола, чаҳорсола ва духтари 8-моҳаашро дар шохҳои дарахт овехт ва сипас худашро ҳамингуна кушт.

  • Ин ҳодисаҳо аз куҷо сарчашма мегиранд?
  • Мушкилоти иҷтимоӣ, иқтисодӣ?
  • Ҷанҷолҳои оилавӣ ва ё муноқиша бо хушдоману шавҳар?

Ҳамин суолҳоро имрӯз ба барномаи "Гапи Озод" кашидем. Меҳмонони барнома Марям Давлатова, коршиноси масоили гендерӣ ва равоншинос Маҳмудшоҳ Кабирӣ ҳастанд.

Иқтибосҳое аз барнома:

Марям Давлатова:

"Ғаризаи модарӣ, метавонад, ҷазои парвардигор бошад, метавонад, ҳадяи парвардигор бошад. Агар модаре бо кӯдаконаш аз ин олам рафтан мехоҳад, пас, ба ин олам ягон зарра бовар надорад, ки кӯдаконаш дар ин олам баъд аз сари ӯ хушбахт мешаванд ва як лаҳза осоиш мебинанд. Ин як ҷавоби умумӣ аст."

Маҳмудшоҳ Кабирӣ:

"Омилҳои равонӣ. Сустии ирода, табиати оташин будан, яъне эҳсосӣ. Дигар сустшавии нерӯҳои асаб. Сатҳи пасти фарҳанг ва набудани нозукиҳои маънавӣ метавонад сабаби ин гуна ҳодисаҳо бошад."

Марям Давлатова:

"Бо оилаҳои ҷавон, бо насли имрӯза бо меъёрҳои қадимаи худашон муносибат мекунанд. Масалан, як зани ҷавон ба як мушкил гирифтор шуд, назди модару модаркалонаш ё холааш рафт, гуфт, ки ман ҳамин мушкил дорам. Маъмулан одамони калон чӣ мегӯянд, дар давраи мо ҳам ҳамин хел буд, ман тоқат кардам, ту ҳам тоқат кун. Вақте мо ингуна маслиҳат медиҳем, дараҷаи тоқати ҳар нафарро намедонем. Як нафар агар андозаи тоқаташ 50 грамм бошад, ин мисоли хеле содда аст, андозаи сабри нафари дигар хеле камтар аст."

Маҳмудшоҳ Кабирӣ:

"Ҳамавақт аз он шахсоне, ки мешиносед ва мефаҳмед, ба назди мутахассисон фиристед. Албатта, бепарво набошед, нисбат ба ингуна одамон, ки чунин майл доранд, феълашон иваз шудааст, дар як муддати кӯтоҳ дар худ мондаанд, ё гап намезананд, ё муошират намекунанд. Инҳо касоне ҳастанд, ки ба чӣ андешае рафта истодаанд."

Бақияи барномаро инҷо худатон бубинед ва навиштани назарҳоятонро фаромӯш накунед:

Чаро модаре худу кӯдаконашро мекушад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:26:16 0:00

XS
SM
MD
LG