Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, ба нафаре бо номи Руслан Табаров, ки дар таркиши анбори силоҳ дар Чехия муттаҳам аст, шиноснома надодааст.
Мақомоти Чехия рӯзи 17-уми апрели имсол гуфтанд, шаҳрвандони Русия бо шиносномаҳои молдовӣ ва тоҷикӣ соли 2014 вориди Чехия шудаанд ва дар таркиши анбори силоҳе дар деҳаи Врбетитсе дар шарқи ин кишвар даст доранд. Ҳоло онҳо ба кофтукоби байналмилалӣ дода шудаанд.
Дар изҳороте, ки рӯзи 23-уми апрел Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар сомонаи расмиаш нашр кард, гуфта мешавад, ки бо чунин ном ва рақам Тоҷикистон ба касе шиноснома надодааст.
ВКД гуфтааст, ки мақомоти Чехия дар ин бора аз онҳо маълумот нахостаанд.
Полиси Ҷумҳурии Чех гуфт, Петров ва Боширов аз 11 то 16-уми октябри соли 2014 дар Чехия буданд ва аз шиносномаи Молдова ба номи Николай Попа (санаи таваллуд 18-уми июли соли 1979) ва аз шиносномаи Тоҷикистон ба номи Руслан Табаров (санаи таваллуд 23-юми октябри соли 1975) истифода кардаанд.
Боширов ва Петров гумонбарони асосии заҳролудкунии ҷосуси дугона Сергей Скрипал ва духтараш дар соли 2018 дар Бритониё ҳастанд ва иттиҳомоти охири мақомоти Чехия моҷарои нави дипломатии миёни Маскав ва Аврупоро барангехт. Аз ҷумла, баъди ин изҳорот 18 дипломати рус аз Прага ва 20 дипломати чех аз Маскав берун карда шуданд.
Бино ба маълумоти мақомоти амниятии Чехия, Петров ва Боширов аз Русия бо шиносномаҳои русии худ вориди Чехия шуда, шиносномаҳои тоҷикӣ ва молдовиро танҳо ҳангоми вуруд ба анбори аслиҳаи Врбетитсе ба кор бурдаанд. Дар ин замина гуфта мешавад, онҳо аз номаи фармондеҳии Горди Миллии Тоҷикистон истифода карда, ҳадафи худро шиносоӣ бо анвои силоҳ ва муҳиммоти ҷангии мавриди фурӯш номидаанд. Горди миллии Тоҷикистон ҳанӯз ба ин вокуниш накардааст.
Гуруҳи тафтишотии Bellingcat дар як таҳқиқоти худ дар ду соли пеш ба хулосае омада буд, ки номҳои аслии Боширова и Петрова – Алексей Чепига ва Александр Мишкин буда, онҳо кормандони ГРУ, хадамоти иктишофии Русия ҳастанд.